БОБИ 28
«То гӯшаю канори замин»
Шоҳидони Яҳува кори таърихиеро, ки масеҳиёни асри як сар карда буданд, идома медиҳанд
1. Масеҳиёни асри як ва Шоҳидони имрӯзаи Яҳува аз кадом ҷиҳат монанданд?
МАСЕҲИЁНИ асри як бо ҷӯшу хурӯш шаҳодат медоданд. Онҳо бо амри дил кумаку роҳнамоии рӯҳи муқаддаси Худоро қабул менамуданд. Ягон озору таъқиб даҳони онҳоро баста наметавонист ва Худо баракатҳояшро ба онҳо арзонӣ медошт. Ин суханон дар ҳаққи Шоҳидони имрӯзаи Яҳува низ дурустанд.
2, 3. Чаро гуфтан мумкин аст, ки китоби Корнома мақоми хосае дорад?
2 Умедворем шумо аз хониши китоби Корнома, ки пур аз воқеаҳои пуртуғёни зиндагии масеҳиён мебошад, рӯҳи тоза гирифтеду дарахти имони худро об додед. Ин китоб дар навъи худ ягона мебошад — танҳо дар саҳифаҳои он таърихи масеҳиёни асри як бо илҳоми Худо бозгӯйӣ шудааст.
3 Китоби Корнома аз 95 нафар, 32 сарзамин, 54 шаҳр ва 9 ҷазира ёдовар мешавад. Ин китоби хонданбоб баёнгари зиндагии одамони гуногунест: он дар бораи мардуми одӣ, диндорони ҳавобаланд, сиёсатмадорони мағрур ва озордеҳони бераҳму шафқат нақл мекунад. Вале аз ҳама муҳимаш, дар он ҳаёти бародару хоҳарони азизамон, ки дар асри як мезистанд, тасвир ёфтааст. Ҳарчанд он масеҳиёни пешин бо ноҳамвориҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ дучор мегаштанд, хабари хушро бо ғайрати зиёд паҳн мекарданд.
4. Чаро Павлуси расул, Тобито ва дигар хизматгорони вафодори пешин дар дили мо ҷой гирифтаанд?
4 Қариб ки ду ҳазорсола моро аз расулони хизматдӯст Петрусу Павлус, табиби азиз Луқо, Барнаббои дасткушод, Истефануси ҷасур, Тобитои раҳмдилу ғамхор, Лидияи меҳмоннавоз ва бисёр хизматгорони баимони дигар ҷудо месозад. Ба ҳар ҳол ин хизматгорони Худо ба дили мо наздиканд. Чаро? Барои он ки мо низ мисли онҳо супориши Исоро ба ҷо оварда шогирд тайёр мекунем (Мат. 28:19, 20). Иштирок дар ин кор барои мо шараф аст!
5. Пайравони аввалини Исо иҷрои супориши ӯро аз куҷо сар карданд?
5 Исо ба пайравонаш гуфта буд: «Вақте ки рӯҳи муқаддас бар шумо фарояд, қувват меёбед ва дар Ерусалим, дар саросари Яҳудияву Сомария ва то гӯшаю канори замин дар бораи ман шаҳодат медиҳед» (Кор. 1:8). Мувофиқи ин суханон шогирдон аз рӯҳи муқаддас қувват ёфта, аввал «дар Ерусалим» шаҳодат доданд (Кор. 1:1–8:3). Сипас бо роҳнамоии ин неруи поки Худо супориши Исоро «дар саросари Яҳудияву Сомария» ба ҷо оварданд (Кор. 8:4–13:3). Пас аз ин бошад, миёнро маҳкам баста паёми хушро «то гӯшаю канори замин» расондан гирифтанд (Кор. 13:4–28:31).
6, 7. Аз кадом ҷиҳат хизмати мо назар ба хизмати масеҳиёни асри як осонтар аст?
6 Он ҳамимонони асри яки мо барои хизмат Китоби Муқаддаси пурра надоштанд. Масалан, хушхабари Матто камаш то соли 41-уми милодӣ дастрас набуд. Нигориши худи Корнома бошад, тахминан соли 61-уми милодӣ ба охир расид. Инчунин аз номаҳои Павлус то он вақт танҳо якчандтояш навишта шуда буд. Он масеҳиёни пешин на нусхаи шахсии Китоби Муқаддас доштанду на адабиёт, то ки ба одамони шавқманд диҳанд. Ҳарчанд масеҳиёни яҳудӣ то пайрави Исо шуданашон қироати Навиштаҳои Иброниро дар ибодатхонаҳо гӯш мекарданд, онҳо бояд бо заҳмату кӯшиш омӯхтани Навиштаҳоро давом медоданд, зеро ҳангоми хизмат, аз афташ, оятҳоро аз ёд иқтибос меоварданд (2 Қӯр. 3:14–16).
7 Имрӯз аксари мо нусхаи шахсии Китоби Муқаддас ва ҳамчунин адабиёти рангорангу фаровоне дорем, ки дар асоси Калом таҳия шудааст. Ин ба мо кумак мекунад, ки паёми хушро ба забонҳои гуногун дар 240 сарзамин эълон намуда, шогирд тайёр кунем.
Рӯҳи қувватбахши Худо
8, 9. а) Рӯҳи муқаддас дар Иди Ҳафтаҳо ба шогирдони Исо чӣ гуна қобилият дод? б) Ғуломи боваринок бо кумаки рӯҳи Худо чиро пешкаши ҳамагон мегардонад?
8 Исо ҳангоми ба пайравонаш супориш додан гуфта буд: «Вақте ки рӯҳи муқаддас бар шумо фарояд, қувват меёбед». Бо ҳидояти рӯҳи Худо, яъне қувваи фаъоли ӯ, пайравони Исо метавонистанд оқибат дар тамоми замин шаҳодат диҳанд. Бо қудрати рӯҳи Худо Петрусу Павлус беморонро шифо медоданд, девҳоро аз одамон берун мекарданд ва ҳатто мурдагонро зинда мекарданд. Вале аз рӯҳи муқаддас қувват гирифтани шогирдон барои кори муҳимтаре буд — он ба расулону дигар шогирдон имкон медод, ки нури ростӣ ва дониши дурусту ҳаётбахши Каломи Худоро ба дигарон бирасонанд (Юҳ. 17:3).
9 Дар Иди Ҳафтаҳои соли 33 пайравони Исо «бо забонҳои гуногун гап заданд, зеро рӯҳ ба онҳо қобилият бахшида буд». Ҳамин тавр онҳо дар бораи «корҳои бузурги Худо» ба дигарон шаҳодат доданд (Кор. 2:1–4, 11). Мо имрӯз муъҷизавор ба забонҳои гуногун гап намезанем, вале ғуломи боваринок бо кумаки рӯҳи Худо адабиётамонро ба забонҳои зиёд омода месозад. Масалан, ҳар моҳ миллионҳо нусхаи маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» нашр мешавад. Дар сомонаи jw.org бошад, адабиёту видеоҳо ба зиёда аз 1000 забон пешкаши омма мегардад. Ба ин восита мо дар бораи «корҳои бузурги Худо» ба одамони ҳар миллат, қабила ва забон шаҳодат медиҳем (Ошкор. 7:9).
10. Аз соли 1989 инҷониб дар тарҷумаи Китоби Муқаддас чӣ пешрафте шуд?
10 Аз соли 1989 сар карда ғуломи боваринок диққату қувватро бисёртар ба он равона кард, ки «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» ба забонҳои бештар дастрас шавад. Ҳоло ин китоб ба беш аз 200 забон тарҷума шудааст. Инчунин зиёда аз 240 миллион нусхаи он чоп гаштаасту боз чоп шуда истодааст. Танҳо Худои қодир метавонист, ки бо рӯҳи поки худ ин нияту нақшаҳоро ҷомаи амал пӯшонад.
11. Дар бораи тарҷумаи адабиёти Шоҳидони Яҳува чӣ гуфтан мумкин аст?
11 Китоби Муқаддас ва адабиёти Шоҳидони Яҳуваро ҳазорон ходими ихтиёрӣ дар зиёда аз 150 кишвар тарҷума мекунанд. Дар ин миқёс ба амал овардани кори тарҷума ҳайратовар нест, зеро роҳбари ин созмон Яҳува аст. Танҳо ин созмон бо ҳидояти рӯҳи муқаддас дар тамоми гӯшаву канори замин дар бораи Яҳува, Подшоҳи таъйинкардаи ӯ ва Подшоҳие, ки дар осмон барпо гаштааст, «як ба як шаҳодат» медиҳад (Кор. 28:23).
12. Павлусу дигар масеҳиён барои расондани хушхабар аз куҷо қувват мегирифтанд?
12 Вақте Павлус ба яҳудиён ва халқҳои дигари Антиохияи Писидия хабари Худоро мерасонд, «ҳамаи онҳое, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ моил буданд, имон оварданд» (Кор. 13:48). Павлус дар ҷойҳои дигар низ бо ҷидду ҷаҳд шаҳодат медод. Масалан, Луқо нигориши Корномаро ба поён расонда, чунин гуфтааст: «Ӯ [Павлус] бо далерии тамом... дар бораи Подшоҳии Худо сухан мегуфт ва... чизе ба ӯ дар ин кор халал намерасонд» (Кор. 28:31). Павлус он вақт дар куҷо буд? Дар худи Рум — дар пойтахти давлати абарқудрат. Бешакку шубҳа, Павлуси расул ва дигар масеҳиёни қарни як кори бузурги шаҳодатдиҳиро, хоҳ бо суханрониҳо бошад, хоҳ бо тарзҳои дигар, бо мададу роҳбарии рӯҳи Худо ба ҷо меоварданд.
Пеши озору озмоиш сар хам намекунем
13. Чаро мо бояд ҳангоми озору азият дуо гӯем?
13 Вақте шогирдони аввалини Исо бо озору таъқиб дучор шуданд, онҳо бо зориву илтиҷо аз Яҳува далерӣ пурсиданд. Оё Яҳува ба дуои онҳо ҷавоб дод? Бале. Онҳо аз рӯҳи муқаддас пур гаштанд ва каломи Худоро далерона гап заданд (Кор. 4:18–31). Мо низ дар вақти озору азият аз Яҳува хираду қувват мепурсем (Яъқ. 1:2–8). Азбаски Худои меҳрубон бо рӯҳи тавонояш дастгириямон мекунад, мо бо заҳмати аҳлонаву пайваста аз Подшоҳии ӯ шаҳодат медиҳем. Чизе пеши роҳи ин корро гирифта наметавонад — на зиддияти сахттарин ва на таъқиби душманони бераҳму шафқат. Аз ин рӯ, вақте ба гирдоби озору озмоиш мепечед, ҳатман ба Яҳува рӯ оварда рӯҳи муқаддас, хирад ва далерӣ пурсед, то минбаъд низ паёмрасони Подшоҳияш бошед (Луқ. 11:13).
14, 15. а) «Озору ҷафои сахте», ки пас аз куштани Истефанус сар зад, сабаби чӣ гашт? б) Аҳолии Сибир паёми Худоро чӣ тавр шунид?
14 Истефанус, пеш аз он ки аз дасти душманонаш кушта шавад, бе тарсу ҳарос шаҳодати обдоре дод (Кор. 6:5; 7:54–60). Пас аз марги ӯ аҳли ҷамоат «бо озору ҷафои сахте» рӯ ба рӯ шуд ва ҳама, ғайр аз расулон, дар Яҳудияву Сомария пароканда гаштанд. Вале ин пеши роҳи кори Худоро нагирифт. Масалан, Филиппус ба Сомария рафта, ба мардум «дар бораи Масеҳ эълон кардан гирифт» ва ин самари фаровон овард (Кор. 8:1–8, 14, 15, 25). Дигарон бошанд, гурехта «то Финиқия, Кипр ва Антиохия рафтанд, вале каломи Худоро танҳо ба яҳудиён мерасонданд. Аммо баъзеи онҳо, ки аз Кипр ва Қурин буданд, ба Антиохия омада, хушхабарро дар бораи Ҳазратамон Исо ба мардуми юнонизабон расонданд» (Кор. 11:19, 20). Ҳамин тавр озору таъқиб сабаби он гашт, ки паёми Подшоҳӣ мардуми бештарро фаро гирад.
15 Дар замони мо чизи ба ин монанде дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рӯй дод. Ҳазорон Шоҳиди Яҳуваро, хусусан солҳои 1950-ум, ба Сибир бадарға карданд. Азбаски онҳоро дар маҳалҳои гуногун ҷо карданд, паёми хуш дар ин сарзамини паҳновар ба гӯши бисёр одамон расид. Аҷоибаш ин буд, ки ин қадар Шоҳидон наметавонистанд худашон пул ёфта, 10 000 километрро тай кунанду доираи мавъизаро фарохтар созанд. Вале давлат онҳоро аз ҳисоби худ ба ин гӯшаи дурдасти мамлакат фиристод. Бародаре мегӯяд: «Ҳукуматдорон худашон нафаҳмида сабаб гаштанд, ки ҳазорҳо одами самимии Сибир аз дониши ростӣ огоҳ гардад».
Баракатҳои фаровони Яҳува
16, 17. Дар бораи он ки Яҳува ҳаракати масеҳиёни асри якро баракат медод, дар Корнома чӣ гуна мисолҳо ҳастанд?
16 Шубҳае нест, ки дасти пурбаракати Яҳува бар масеҳиёни асри як буд. Он масеҳиён, аз ҷумла Павлус, тухмии ростиро мешинонданду об медоданд, Худо бошад, онро месабзонд (1 Қӯр. 3:5, 6). Чуноне ки китоби Корнома гузориш медиҳад, каломи Худо дар байни одамон нашъунамо меёфт. Ин, бешубҳа, аз файзу баракаи Яҳува буд. Дар Корнома гуфта мешавад, ки «каломи Худо торафт паҳн мегашт ва шумораи шогирдон дар Ерусалим бошаст зиёд мешуд» (Кор. 6:7). Бо пешрафти кори шаҳодатдиҳӣ «ҷамоат дар саросари Яҳудия, Ҷалил ва Сомария ба муддате оромӣ ёфта, обод мешуд. Ҷамоат меафзуд, зеро аз рӯҳи муқаддас тасалло меёфт ва дар тарси Яҳува рафтор мекард» (Кор. 9:31).
17 Дар Антиохияи Сурия низ бисёр яҳудиён ва юнонизабонон Каломи ростиро аз даҳони воизони далеру бебок шуниданд. Дар Корнома 11:21 гуфта мешавад, ки «дасти Яҳува бо онҳо буд ва бисёр одамон ба Ҳазрат имон оварда, пайрави ӯ шуданд». Дар бораи рушду афзоиш боз гуфта шудааст, ки «каломи Яҳува торафт паҳн гашта, самар меовард» (Кор. 12:24). Павлус ва дигар масеҳиён ба одамони халқҳои дигар нағзакак шаҳодат медоданд, аз ин рӯ «каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт» (Кор. 19:20).
18, 19. а) Чаро метавон гуфт, ки Яҳува бо мост? б) Кадом мисол тасдиқ мекунад, ки Яҳува ходимонашро бе дастгирӣ намемонад?
18 Бе ягон шакку шубҳа гуфтан мумкин аст, ки «дасти Яҳува» бо мо низ мебошад. Аз ин сабаб имрӯз бисёриҳо имон оварда, ҳаёти худро ба Худо мебахшанд ва таъмид мегиранд. Ғайр аз ин, дастгириву баракати Худоямон аст ки, мо ба зиддияту сахтиҳо, баъзан ҳатто ба таъқибу озори тоқатфарсо, тоб меорем ва дар хизмат мисли Павлусу дигар масеҳиёни пешин комёб мегардем (Кор. 14:19–21). Худоямон Яҳува ҳамеша бо мост. Ӯ дар ҳама азобҳоямон моро рӯйи «дастони ҷовидонааш» мебардорад (5 Мӯсо 33:27). Инчунин дар ёд доред, ки Яҳува ба хотири номи бузурги худ халқашро ҳаргиз намепартояд (1 Подш. 12:22; Заб. 94:14).
19 Ба тасдиқи ин суханон мисоле меорем. Бародар Ҳаралт Апт пас аз сар задани Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба Яҳува хизмат карданро давом медод. Барои ҳамин фашистон ӯро дастгир карда, ба конслагери Заксенҳаузен фиристоданд. Баъдтар, моҳи майи соли 1942, кормандони гестапои фашистӣ ба хонаи онҳо омада, занаш Элзаро дастгир карданду духтарчаи хурдсолашонро аз ӯ гирифтанд. Пас аз он Элза солҳо дар лагерҳои гуногун буд. Хоҳар Элза Апт мегӯяд: «Солҳои зиёдро дар конслагерҳо гузаронда ман сабақи калоне гирифтам. Ман дидам, ки чӣ тавр рӯҳи Яҳува ҳангоми озору азияти сахттарин касро матину устувор месозад. Пеш аз он ки дастгир шавам, ман мактуби хоҳареро хонда будам. Ӯ навишта буд, ки рӯҳи Яҳува дар озмоишҳои сангину душворгузар ба дили кас оромиву осудагӣ мебахшад. Он вақт ман аз дил гузарондам, ки хоҳар каме воҳима кардааст. Лекин, вақте чунин озору азият ба сари худам омад, ман дарк кардам, ки гапаш ҳақ будааст — ӯ сад фоиз рост гуфта буд. То худи кас чунин рӯзҳоро аз сар нагузаронад, ба ин бовараш намеояд. Ман акнун инро аз саргузашти худам медонам».
Як ба як шаҳодат доданро бас накунед!
20. Павлус ҳангоми дар ҳабси хонагӣ буданаш чӣ кор мекард ва чаро донистани ин ба баъзе бародару хоҳаронамон рӯҳу қуввати тоза мебахшад?
20 Дар охири китоби Корнома гуфта мешавад, ки Павлус бо шӯру шавқи зиёд «дар бораи Подшоҳии Худо» гап мезад (Кор. 28:31). Павлус он вақт дар ҳабси хонагӣ буд. Барои ҳамин наметавонист хона ба хона гашта, ба мардуми шаҳри Рум паёми Подшоҳиро расонад. Аздусар ӯ ба ҳама касоне, ки наздаш меомаданд, шаҳодат медод. Имрӯз баъзе бародару хоҳарони азизамон ба сабабҳои гуногун аз хона баромада наметавонанд. Шояд, онҳо рӯйи ҷогаҳ ҳастанд ё аз сабаби пиронсолӣ, беморӣ ва нотавонӣ дар беморхона ё парасторгоҳ мебошанд. Бо вуҷуди бемадориву дармондагӣ меҳру муҳаббати онҳо ба Яҳува ва ба хизмат дар вуҷудашон аланга мезанад. Мо дуогӯйи онҳо ҳастем ва аз Падари осмониямон хоҳиш мекунем, ки шахсони худоҷӯйро, ки ташнаи паёми умедбахши Офаридгоранд, бо онҳо рӯ ба рӯ созад.
21. Чаро бояд фурсати шаҳодат доданро ғанимат донем?
21 Ҳарчанд баъзеҳо хона ба хона ва бо тарзҳои дигар хизмат карда наметавонанд, аксари мо дар ин навъҳои хизмат иштирок карда метавонем. Пас, биёед тамоми қуввату имконамонро ба кор барем, то ки хушхабари Подшоҳӣ «то гӯшаю канори замин» шунаво гардад. Биёед ҳар лаҳзаро ғанимат донем, зеро «аломати ҳузури» Масеҳ беш аз пеш аён аст (Мат. 24:3–14). Ҳоло вақти он нест, ки ин кори муҳимро ба қафо партоем. Ҳоло вақти он аст, ки «дар кори Худо ҷидду ҷаҳд» кунем! (1 Қӯр. 15:58).
22. Рӯзи Яҳуваро интизор шуда мо бояд чӣ гуна азм дошта бошем?
22 Дар ин солу замон «омадани рӯзи Яҳува, рӯзи бузург ва ваҳмангез»-ро, интизор шуда мо азм дорем, ки бо ҷасорату шуҷоат аз ростӣ шаҳодат диҳем (Юил 2:31). Ҳоло бисёр одамоне ҳастанд, ки мисли сокинони Бирия «каломи Худоро бо шавқу завқи зиёд қабул» хоҳанд кард (Кор. 17:10, 11). Аз ин рӯ биёед бо шаҳодат додан машғул бошем, то даме ки суханони зеринро шунавем: «Офарин, эй ғуломи неку боваринок!» (Мат. 25:23). Агар мо дар кори шогирдсозӣ сустӣ накунем ва ба Яҳува вафодор монем, бешубҳа, умри безавол мебинем ва диламон моломоли шодиву фараҳ мегардад. Дар он вақт мо хушбахту сарбаланд хоҳем буд, ки бо азми устувор дар бораи Подшоҳии Худо «як ба як шаҳодат» додем!