Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 11

«Аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур мешуданд»

«Аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур мешуданд»

Павлус ба мо намуна гузошт, ки чӣ тавр бо шахсоне, ки душманӣ мекунанд ё ба хушхабар гӯш намедиҳанд, муносибат кунем

Бар Корнома 13:1–52 асос ёфтааст

1, 2. Сафари Барнаббо ва Шоул бо чӣ фарқ мекард ва чӣ тавр ин кори онҳо ба иҷро шудани суханони Корнома 1:8 мусоидат кард?

 ИН РӮЗ барои ҷамоати Антиохия рӯзи хурсандибахш аст. Аз байни пайғамбарон ва муаллимони он ҷо Барнаббо ва Шоул бо рӯҳи муқаддас интихоб шуданд, то ба ҷойҳои дурдаст хушхабарро расонанд a (Кор. 13:1, 2). Албатта, пештар ҳам мардони кордон ба дигар ҷойҳо фиристода мешуданд, аммо онҳо ба ҷойҳое сафар мекарданд, ки аллакай масеҳият реша давонда буд (Кор. 8:14; 11:22). Ин дафъа бошад, Барнаббою Шоул ва Юҳаннои Марқус, ки дастёрашон буд, ба ҷойҳое фиристода шуданд, ки аксари мардум хушхабарро нашунида буд.

2 Тахминан 14 сол пеш аз ин воқеа Исо ба пайравонаш чунин гуфта буд: «Дар Ерусалим, дар саросари Яҳудияву Сомария ва то гӯшаю канори замин дар бораи ман шаҳодат медиҳед» (Кор. 1:8). Вақте Барнаббо ва Шоул миссионер таъйин шуданд, ин ба иҷро шудани суханони Исо такони нав шуд b.

«Барои иҷрои коре» интихоб шуданд (Корнома 13:1–12)

3. Чаро дар асри як сафар кардан душвор буд?

3 Имрӯз ба воситаи мошин ва ҳавопаймо дар як вақти кӯтоҳ одамон ба ҷойҳои дур сафар карда метавонанд. Аммо дар асри як ин гуна нақлиёт набуд, он вақт одамон бисёр вақт пиёда ва бо роҳҳои душворгузар сафар мекарданд. Шахс агар зӯр зада тамоми рӯз пиёда мегашт, шояд, танҳо 30 километрро тай мекард c. Шубҳае нест, ки Барнаббо ва Шоул дарк мекарданд, ки иҷрои таъйиноташон вақту қуввати зиёдеро талаб мекунад, вале онҳо бо ғайрати том аз пайи он шуданд (Мат. 16:24).

4. а) Барнаббо ва Шоул чӣ хел интихоб шуданд ва бародарон ба ин чӣ гуна муносибат карданд? б) Чӣ тавр мо онҳоеро, ки дар ҷамоат ба коре таъйин мешаванд, дастгирӣ карда метавонем?

4 Барои чӣ Худо бо воситаи рӯҳи муқаддасаш фармуд, ки маҳз Барнаббо ва Шоулро «барои иҷрои коре» ҷудо кунанд? (Кор. 13:2). Дар Китоби Муқаддас дар ин бора чизе гуфта нашудааст. Ҳаминаш ба мо маълум аст, ки ин мардон ба воситаи рӯҳи муқаддас интихоб шуда буданд. Инчунин дар ҳеҷ куҷо навишта нашудааст, ки пайғамбарон ва муаллимони Антиохия ба ин қарор зид баромаданд. Баръакс, онҳо ин мардонро пурра дастгирӣ карданд. Танҳо тасаввур кунед, вақте бародарон бе ягон рашку ҳасад «пас аз рӯза доштан ва дуо гуфтан... бар Барнаббову Шоул даст гузоштанд ва онҳоро гусел карданд», онҳо чӣ ҳис карданд (Кор. 13:3). Мо низ бояд шахсонеро, ки дар ҷамоат ба коре таъйин шудаанд, дастгирӣ кунем, аз ҷумла онҳоеро, ки роҳбариро бар уҳда доранд. Биёед ҳаргиз нагузорем, ки нисбати чунин шахсон дар диламон рашку ҳасад парвариш ёбад, балки «онҳоро барои меҳнаташон қадрдонӣ кунему аз таҳти дил дӯст дорем» (1 Тас. 5:13).

5. Чӣ тавр дар ҷазираи Кипр хушхабар паҳн мешуд?

5 Баъд аз он ки Барнаббову Шоул ба Селевкия — бандаршаҳри назди Антиохия, расиданд, онҳо бо киштӣ тахминан 200 километрро тай карда ба ҷазираи Кипр рафтанд d. Кипр зодгоҳи Барнаббо буд, аз ин рӯ шубҳае нест, ки ӯ сахт мехост хушхабарро ба ҳамватанонаш расонад. Вақте ин мардон ба Саломис — шаҳре, ки дар соҳили шарқии ҷазира ҷойгир буд, расиданд, онҳо вақтро аз даст надода зуд «дар ибодатхонаҳои яҳудиён дар бораи Каломи Худо сухан ронданд» e (Кор. 13:5). Барнаббою Шоул Кипрро аз як канор то канори дигараш тай намуда, аз афташ, раҳораҳ дар шаҳрҳои калони он шаҳодат медоданд. Вобаста ба роҳе, ки ин миссионерон интихоб намуданд, шояд, онҳо тахминан 160 километрро тай намуданд.

6, 7. а) Сарҷиюс Павлус кӣ буд ва чаро Барюшаъ мекӯшид, ки ӯро аз роҳ занад? б) Шоул муқобилати Барюшаъро дида чӣ кор кард?

6 Дар асри як мардуми ҷазираи Кипр ба бутпарастӣ ғӯтида буд. Вақте ки Барнаббову Павлус ба Пофус, ки дар соҳили ғарбии ҷазира ҷойгир буд, омаданд, ин чиз равшантар гашт. Онҳо дар он ҷо «Барюшаъ ном марди яҳудиро, ки ҷодугар ва пайғамбари бардурӯғ буд, вохӯрданд. Ӯ дар дарбори волӣ, Сарҷиюс Павлус, ки марди соҳибфаҳм буд, хизмат мекард» f. Дар асри як аксар румиёни соҳибмаълумот, ҳатто соҳибфаҳмон ба мисли Сарҷиюс Павлус, пеш аз қарорҳои муҳим баровардан бисёр вақт аз ҷодугарон ва ситорашиносон маслиҳат мепурсиданд. Новобаста ба ин Сарҷиюс Павлус ба хушхабари Подшоҳӣ шавқ зоҳир мекунад ва «ташнаи шунидани Каломи Худо» мегардад. Ин ба Барюшаъ маъқул намешавад. Ӯ ҳамчунин Элимо ном дошт, ки маънояш «ҷодугар» буда ба касбаш мувофиқ буд (Кор. 13:6–8).

7 Барюшаъ ба хушхабари Подшоҳӣ зид буд. Охир, ягона роҳи мавқеи худро ҳамчун маслиҳатгари Сарҷиюс Павлус нигоҳ доштан ин буд, ки ӯро «аз имон овардан» боздорад (Кор. 13:8). Аммо Шоул нигоҳ карда нашишт, ки кай ин ҷодугари дарборӣ шавқи Сарҷиюс Павлусро хомӯш мекунад. Медонед, Шоул чӣ кор кард? Навиштаҳо мегӯяд: «Шоул, ки Павлус низ номида мешуд, аз рӯҳи муқаддас пур гашт ва ба Барюшаъ чашм дӯхта, гуфт: “Эй иблисзодаи дилсиёҳ, ҳилагари гузарову душмани ростӣ! То ба кай мардумро аз роҳи рости Яҳува мезанӣ? Яҳува туро мезанад: ту кӯр мешавию якчанд вақт равшании офтобро намебинӣ”. Ҳамон лаҳза чизи дудмонанде пеши чашмони Барюшаъро гирифт ва ҳама ҷо дар назараш торик шуд. Ӯ ин сӯву он сӯ гашта, барои худ роҳнамо мекофт» g. Ин муъҷиза натиҷаи хуб овард. «Ҳокими вилоят ин воқеаро дида имон овард, зеро аз таълими Яҳува ба ҳайрат омада буд» (Кор. 13:9–12).

Мо мисли Павлус ҳангоми озору зиддият далерона ҳақиқатро тарафдорӣ мекунем

8. Чӣ тавр мо ба далерии Павлус пайравӣ карда метавонем?

8 Павлус аз Барюшаъ натарсид. Ба ин монанд, вақте мухолифон мекӯшанд, ки имони шавқмандонро суст кунанд, мо далерона ҳақиқатро тарафдорӣ мекунем. Албатта, суханони мо бояд «ҳамеша форам ва намакин бошанд» (Қӯл. 4:6). Ҳамзамон мо намехоҳем, ки «дигаронро ба хашм наорем» гуфта, беҳбудии шавқмандонро қурбон кунем. Мо саъю кӯшиш мекунем, ки ба онҳо кумак кунем, то дар бораи Яҳува дониш гирифтанро давом диҳанд. Инчунин мо набояд аз фош кардани таълимот ва рафтори нодурусти динҳои дурӯғ тарсем, зеро онҳо ба мисли Барюшаъ «мардумро аз роҳи рости Яҳува» мезананд (Кор. 13:10). Мо низ мисли Павлус мехоҳем дар бораи ҳақиқат далерона гап занем ва ба шахсони самимӣ кумак расонем. Ҳарчанд Яҳува ба мо чун ба Павлус қудрати муъҷизакорӣ надодааст, дилпур буда метавонем, ки ӯ бо рӯҳи муқаддасаш шахсони сазоворро сӯйи ростӣ ҷалб мекунад (Юҳ. 6:44).

«Сухани тароватбахш» (Корнома 13:13–43)

9. Чӣ тавр Павлусу Барнаббо ба шахсоне, ки имрӯз дар ҷамоат роҳбариро бар уҳда доранд, намунаи хуб гузоштанд?

9 Ин мардон аз Пофус баромаданд ва бо киштӣ тақрибан 250 километрро тай карда ба Пирҷа, ки дар соҳили Осиёи хурд ҷойгир буд, омаданд. Баъд аз ин дар нигориши нависандаи Корнома дигаргуние дида мешавад. Дар Корнома 13:13 он мардон «Павлус ва ҳамроҳонаш» номида шудаанд. Аз ин тахмин кардан мумкин аст, ки минбаъд ин гурӯҳро Павлус роҳбарӣ мекард. Аммо дар ҳеҷ куҷо гуфта нашудааст, ки Барнаббо ба Павлус ҳасад мебурд. Баръакс, онҳо якдилона хости Худоро иҷро мекарданд. Павлусу Барнаббо ба онҳое, ки имрӯз дар ҷамоат роҳбариро ба уҳда доранд, намунаи хубанд. Мо, масеҳиён, намехоҳем, ки рақобатпараст ё мартабахоҳ бошем, зеро суханони зерини Исоро дар ёд дорем: «Ҳамаи шумо... бародаронед». Ӯ инчунин гуфта буд: «Ҳар кӣ худро аз дигарон боло гирад, паст мегардад ва ҳар кӣ худро кам гирад, сарбаланд мешавад» (Мат. 23:8, 12).

10. Роҳ аз Пирҷа ба Антиохияи Писидия чӣ гуна буд?

10 Баъди ба Пирҷа расидан Юҳаннои Марқус Павлус ва Барнабборо тарк карда ба Ерусалим баргашт. Сабаби ногаҳон ин мардонро тарк намудани Юҳаннои Марқус маълум нест. Павлусу Барнаббо бошанд, сафарашонро давом дода аз Пирҷа ба Антиохияи Писидия — шаҳре дар вилояти Ғалотия, рафтанд. Ин сафар душвор буд, зеро Антиохияи Писидия тахминан 1100 метр аз сатҳи баҳр баландтар ҷойгир буд. Инчунин роҳи онҳо аз байни кӯҳҳое мегузашт, ки он ҷо роҳзанон бисёр буданд. Ба болои ин, аз афташ, саломатии Павлус бад шуда буд h.

11, 12. Чӣ тавр дар ибодатхонаи Антиохияи Писидия Павлус кӯшиш кард, ки шавқи шунавандагонашро бедор созад?

11 Дар Антиохияи Писидия Павлусу Барнаббо рӯзи шанбе ба ибодатхона даромаданд. Дар Навиштаҳо гуфта шудааст: «Баъд аз қироат кардани Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон нозирони ибодатхона назди онҳо кас фиристода, гуфтанд: “Бародарон, агар шумо барои мардум сухани тароватбахше дошта бошед, бигӯед”» (Кор. 13:15, поварақ). Он гоҳ Павлус барои сухан гуфтан бархост.

12 Павлус ба шунавандагонаш «исроилиён ва дигар мардуми худотарс» гуфта, муроҷиат кард, зеро дар он ҷо ҳам яҳудиён ва ҳам онҳое, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, ҳузур доштанд (Кор. 13:16). Павлус ба онҳое, ки вазифаи Исоро дар нияти Худо намефаҳмиданд, чӣ тавр сухан ронд? Дар аввал Павлус кӯтоҳ дар бораи таърихи халқи яҳудӣ гап зад. Ӯ фаҳмонд, ки чӣ тавр Яҳува халқро, «вақте ки онҳо дар замини Миср мусофир буданд, сарбаланд» гардонду аз он ҷо баровард ва «40 сол онҳоро дар биёбон тоқат кард». Инчунин ӯ гуфт, ки чӣ тавр исроилиён Замини ваъдашударо соҳиб шуданд ва чӣ тавр Яҳува «заминро тақсим карда ба онҳо мерос дод» (Кор. 13:17–19). Баъзеҳо ақида доранд, ки Павлус ба порчаи Навиштаҳо, ки он рӯз хонда шуд, ишора кард. Агар чунин бошад, ин як бори дигар тасдиқ мекунад, ки Павлус медонист бо «ҳар навъ одамон» чӣ гуна гап занад (1 Қӯр. 9:22).

13. Чӣ тавр мо ба дили шунавандагонамон роҳ ёфта метавонем?

13 Мо низ мехоҳем мисли Павлус шавқи одамонро ба хушхабар бедор созем. Масалан, мо метавонем эътиқоди шахсро ба назар гирифта мавзуъҳои барояш дилрасро интихоб кунем. Инчунин мо метавонем оятҳоеро аз Китоби Муқаддас иқтибос орем, ки, эҳтимол, ба шахс шавқовар мешаванд. Хуб мебуд, ки оятро шахс худаш хонад. Биёед саъю кӯшиш кунем, то ба дили шунавандагонамон роҳ ёбем.

14. а) Павлус суханронияшро дар бораи Исо чӣ тавр сар кард ва шунавандагонашро аз чӣ огоҳ намуд? б) Мардум суханронии Павлусро чӣ хел қабул кард?

14 Сипас Павлус фаҳмонд, ки подшоҳони Исроил аҷдодони Исои наҷотбахш буданд. Инчунин ӯ гуфт, ки Яҳёи Таъмиддиҳанда дили одамонро тайёр кард, то Исои Масеҳро қабул кунанд. Баъд ӯ дар бораи кушта шудани Исо ва зинда шуданаш сухан ронд (Кор. 13:20–37). Павлус чунин мегӯяд: «Ба шумо маълум бод, ки ҳоло ба воситаи ӯ ба шумо бахшиши гуноҳҳо эълон мешавад... Ба воситаи ӯ ҳар касе, ки имон дорад, беайб дониста мешавад». Сипас ӯ шунавандагонашро огоҳ карда мегӯяд: «Эҳтиёт шавед, то он чӣ дар Навиштаҳои пайғамбарон гуфта шудааст, бо шумо рӯй надиҳад. “Нигаред, эй бадгӯён, ба ҳайрат оед ва несту нобуд шавед, зеро ман дар рӯзҳои шумо кореро карда истодаам, ки, агар онро касе ба шумо батафсил бигӯяд, ҳеҷ гоҳ боваратон намеояд”». Натиҷаи ин суханронии Павлус ҳайратангез буд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «мардум аз онҳо [Павлусу Барнаббо] илтимос карданд, ки шанбеи оянда низ дар ин бора сухан гӯянд». Пас аз он ки маҷлис дар ибодатхона тамом шуд, «бисёри яҳудиён ва касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданду Худоро мепарастиданд, аз пайи онҳо равона шуданд» (Кор. 13:38–43).

«Мо ба халқҳои дигар рӯ меорем» (Корнома 13:44–52)

15. Рӯзи шанбе, баъд аз он ки Павлус суханронияшро тамом кард, чӣ рӯй дод?

15 «Шанбеи оянда қариб тамоми шаҳр ҷамъ омад», то ба Павлус гӯш андозад. Ин ба баъзе яҳудиён хуш наомад ва онҳо «ба Павлус гапгардонӣ карда, куфр гуфтан гирифтанд». Он гоҳ ӯву Барнаббо далерона ба онҳо гуфтанд: «Лозим буд, ки каломи Худо аввал ба шумо гуфта шавад. Аммо, шумо ки онро рад мекунеду худро сазовори ҳаёти ҷовидонӣ намешуморед, мо ба халқҳои дигар рӯ меорем. Охир, Яҳува ба мо чунин амр додааст: “Ман туро нури халқҳо таъйин кардам, ки то гӯшаю канори замин раҳнамои наҷот бошӣ”» (Кор. 13:44–47; Иш. 49:6).

Онҳо мардумро ба шӯр оварда, «аз пайи озори Павлусу Барнаббо шуданд... Шогирдон бошанд, аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур мешуданд» (Корнома 13:50–52)

16. Яҳудиён ба суханони Павлусу Барнаббо чӣ тавр муносибат карданд ва ин миссионерон дар ҷавоб чӣ кор карданд?

16 Ғайрияҳудиён ин суханонро шунида хурсанд шуданд ва «ҳамаи онҳое, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ моил буданд, имон оварданд» (Кор. 13:48). Каломи Яҳува дар саросари он минтақа барқвор паҳн шуд, яҳудиён бошанд, ба он зид баромаданд. Павлусу Барнаббо ба онҳо гуфтанд, ки номи Худо аввал ба яҳудиён мавъиза шуд, вале онҳо Масеҳро рад карданд, аз ин рӯ сазовори доварии Яҳува гаштанд. Ин ба яҳудиён алам карду онҳо занони обрӯманд ва мардони соҳибмартабаи он шаҳрро иғво андохта, «аз пайи озори Павлусу Барнаббо шуданд ва онҳоро аз он сарзамин пеш карданд». Павлусу Барнаббо чӣ кор карданд? «Онҳо чанги пояшонро афшонда, ба Иқуния рафтанд». Оё баъд аз ин дар Антиохияи Писидия масеҳиён намонданд? Не, чунин нашуд. Шогирдони боқимонда «аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур мешуданд» (Кор. 13:50–52).

17–19. Чӣ тавр мо ба намунаи Павлусу Барнаббо пайравӣ карда метавонем ва чӣ тавр ин ба мо кумак мекунад, ки хурсандиямонро нигоҳ дорем?

17 Мо аз рафтори ин мардони бовафо дарси муҳим мегирем: ҳатто вақте шахсони обрӯманд моро аз паҳн кардани хушхабар боздоштанӣ мешаванд, мо хизматамонро давом медиҳем. Аҳамият диҳед, вақте мардуми Антиохия Павлусу Барнабборо гӯш накарданд, «онҳо чанги пояшонро афшонданд». Ин амали онҳо на нишонаи хашму ғазаб, балки аз сар соқит кардани ҷавобгарӣ буд. Ин миссионерон мефаҳмиданд, ки хушхабарро гӯш кардан ё накардани одамон аз ихтиёрашон берун аст. Вале мавъиза кардан ё накарданашон дар ихтиёри онҳо буд. Аз ин рӯ онҳо ба Иқуния сафар карданд.

18 Дар бораи шогирдоне, ки дар Антиохия монданд, чӣ гуфтан мумкин аст? Рост аст, ки ин шогирдон дар байни мардуме мезистанд, ки бо онҳо душманӣ доштанд. Аммо хурсандии онҳо ба муносибати одамон вобаста набуд. Исо гуфта буд: «Хушбахт касест, ки каломи Худоро мешунавад ва риоя мекунад» (Луқ. 11:28). Шогирдони шаҳри Антиохия азми қавӣ доштанд, ки аз рӯйи ин суханони Исо амал кунанд.

19 Биёед мисли Павлусу Барнаббо ҳамеша дар ёд дорем, ки кори мо гуфтани хушхабар аст, рад ё қабул кардани он бошад, дар ихтиёри худи одамон мебошад. Агар дар хизмат ба мо гӯш надиҳанд, азмамонро суст намекунем, балки аз намунаи масеҳиёни асри як дарс мегирем. Вақте мо ҳақиқатро қадр мекунему роҳ медиҳем, ки рӯҳи муқаддас роҳнамоиямон кунад, ҳатто дар озору азият хурсандиямонро нигоҳ медорем (Ғал. 5:18, 22).

a Нигаред ба чорчӯбаи « Барнаббо — “Писари тасаллӣ”».

b Он вақт ҷамоатҳо на танҳо дар Ерусалим, балки дар дигар ҷойҳо, то худи Антиохияи Сурия, низ вуҷуд доштанд. Ин шаҳр тахминан 550 км шимолтар аз Ерусалим ҷойгир буд.

c Нигаред ба чорчӯбаи « Дар сафар».

d Дар асри як киштӣ, агар боди мувофиқ мебуд, дар як рӯз тахминан 160 километрро тай карда метавонист, агар не, сафари кас тӯл мекашид.

e Нигаред ба чорчӯбаи « Дар ибодатхонаҳои яҳудиён».

f Кипр зери назорати Сенати Рум буд ва он волӣ (проконсул)-и ҷазираро таъйин мекард.

g Аз ҳамин вақт сар карда Шоулро Павлус ном мебурданд. Баъзеҳо ақида доранд, ки ӯ ин номи румиро аз рӯйи эҳтиром ба Сарҷиюс Павлус ба худ гирифт. Вале ӯ бо ин ном пас аз Кипрро тарк намудан хонда шуд. Ин нишон медиҳад, ки сабаб дар дигар чиз буд. Павлус қарор мекунад, ки ин номи румияшро истифода барад, зеро «расули халқҳои дигар» буд. Сабаби дигараш, шояд, ин буд, ки талаффузи номи ибронии ӯ, Шоул, ба калимаи юноние монанд буд, ки маънои бад дошт (Рум. 11:13).

h Дар номае, ки Павлус якчанд сол пас ба ғалотиён навишт, ӯ мегӯяд: «Маҳз аз сабаби бемориям ман бори аввал имкон доштам хушхабарро ба шумо расонам» (Ғал. 4:13).