ФАСЛИ 7 • КОРНОМА 18:23–21:17
«Ҳам дар пеши мардум ва ҳам хона ба хона таълим медодам»
Чаро дар хизмат фурӯтанӣ ва мавридшиносӣ лозим аст? Роҳи асосии расонидани хушхабар кадом аст? Чӣ тавр нишон диҳем, ки барои мо на иҷрои хости худамон, балки хости Худо муҳим аст? Ба ин саволҳо аз ин фасл, ки сафари охирини Павлусро пуробуранг тасвир мекунад, ҷавоб меёбем.