Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 20

Бо вуҷуди зиддият «каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт»

Бо вуҷуди зиддият «каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт»

Барои он ки одамони зиёд хушхабарро шунаванд, Апуллусу Павлус чӣ кор карданд?

Бар Корнома 18:23–19:41 асос ёфтааст

1, 2. а) Павлус ва ҳамроҳонаш дар Эфсӯс бо кадом хатар рӯ ба рӯ шуданд? б) Мо дар ин боб чиро дида мебароем?

 ДАР кӯчаҳои Эфсӯс овози шӯру мағал ва даводави мардум ба гӯш мерасад. Онҳо ду ҳамроҳи Павлусро қапида, кашолакунон мебаранд. Дар кӯчаи фароху сутундор, ки дӯконҳо дорад, одамони зиёд ба чашм мерасанд. Онҳо ба мардуми хашмгину ғазаболуд ҳамроҳ шуда, ба тарафи намоишгоҳи калони шаҳр ҳаракат мекунанд. Он намоишгоҳ 25 000 нафарро ғунҷонида метавонист. Бисёриҳо таги гапро нафаҳмида хавотир буданд, ки ба ибодатгоҳ ва бути олиҳаи азизашон Артемида хатаре таҳдид мекунад. Барои ҳамин онҳо бо як овоз фарёд мезаданд: «Бузург аст Артемидаи эфсӯсиён!» (Кор. 19:34).

2 Мебинем, ки Шайтон ин дафъа ҳам ҳамлаи мардумро истифода бурда, пеши роҳи паҳн шудани хабари Подшоҳиро гирифтанӣ мешавад. Албатта, ин ягона силоҳи Шайтон нест. Дар ин боб мо як қатор макру ҳиллаҳои Шайтонро дида мебароем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр ӯ мехост ба паҳн шудани хушхабар халал расонад ва ягонагии масеҳиёни асри якро вайрон созад. Аз ҳама муҳимаш мефаҳмем, ки ин кӯшишҳои Шайтон барор наёфтанд, чунки «каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт» (Кор. 19:20). Чӣ тавр ба он масеҳиён муяссар гашт, ки кори мавъизаро давом диҳанд? Албатта, чун дар замони мо ҳамааш ба туфайли кумаку дастгирии Яҳува ба даст омада буд. Лекин мисли масеҳиёни пешин мо низ бояд аз тарафи худ кӯшишу ҳаракат кунем. Барои ин мо бояд бо ёрии рӯҳи Яҳува хислатҳоеро инкишоф диҳем, ки барои паҳн кардани хушхабар ба мо кумак мекунанд. Биёед дар аввал намунаи Апуллусро дида бароем.

«Ӯ... Навиштаҳоро хуб медонист» (Корнома 18:24–28)

3, 4. Акило ва Прискило аз суханони Апуллус чиро пай бурданд ва чӣ тавр ба ӯ кумак расонданд?

3 Вақте Павлус ҳангоми сафари сеюми миссионерияш ба Эфсӯс равона буд, ба он шаҳр Апуллус ном марди яҳудие омад. Апуллус аз шаҳри номдори Искандарияи Миср буд. Ӯ якчанд хислату қобилияти барҷаста дошт. Масалан, ӯ суханвари моҳир буд, «Навиштаҳоро хуб медонист», «бо ҷӯшу хурӯши рӯҳ» сухан меронд ва дар ибодатгоҳ, дар пеши яҳудиён нотарсона сухан мегуфт (Кор. 18:24, 25).

4 Суханронии Апуллусро Акилову Прискило ҳам шуниданд. Бешубҳа, вақте онҳо диданд, ки чӣ тавр Апуллус «дар бораи Исо сухан ронда, дуруст таълим» медиҳад, беҳад хушҳол шуданд. Суханоне, ки ӯ дар бораи Исо мегуфт, ҳақ буданд. Лекин ҳамсарони масеҳӣ, Акилову Прискило, пай бурданд, ки Апуллус як чизи муҳимро намедонад. Ӯ «танҳо таъмиди Яҳёро медонист»-у халос. Ин ҳамсарони хоксор нагуфтанд, ки «Апуллус сухандону босавод аст, мо бошем, як хаймадӯзи одием». Баръакс, онҳо «ӯро ҳамроҳи худ гирифта, роҳи Худоро ба ӯ аниқтар фаҳмонданд» (Кор. 18:25, 26). Ин марди сухандону саводнок ба ин чӣ гуна муносибат кард? Апуллус таълими навро қабул кард, зеро ӯ дорои яке аз хислатҳои муҳими масеҳиён буд — хоксорӣ.

5, 6. Чӣ ба Апуллус кумак кард, ки дар кори Яҳува самари бештар орад, ва мо аз намунаи ӯ чӣ меомӯзем?

5 Азбаски Апуллус кумаки Акилову Прискилоро қабул кард, ӯ дар хизмати Яҳува моҳиртар гашт. Апуллус ба Охоия сафар намуда, ба масеҳиён «кумаки зиёд кард». Ӯ инчунин дар ин минтақа ба яҳудиёне, ки ба Масеҳи ваъдашуда будани Исо бовар надоштанд, шаҳодати хуб дод. Луқо дар бораи Апуллус чунин менависад: «Бо ҷидду ҷаҳд ва далелҳо дар пеши ҳама раҳгумии яҳудиёнро исбот мекард ва аз Навиштаҳо ба онҳо нишон медод, ки Исо Масеҳ аст» (Кор. 18:27, 28). Бо кӯшишҳои Апуллус бисёр касон «каломи Яҳува»-ро шуниданд. Ӯ, дар ҳақиқат, барои ҷамоати масеҳӣ баракати калон буд. Мо аз намунаи Апуллус чӣ дарс мегирем?

6 Хоксорӣ хислатест, ки ҳамаи масеҳиён бояд онро инкишоф диҳанд. Ҳарчанд ҳар яки мо атоҳои гуногунро соҳибем — шояд, қобилияти модарзод дорем ё донишу маҳоратеро аз худ кардаем, фурӯтаниву хоксории мо бояд дар мадди аввал истад. Дар акси ҳол дар замини диламон алафи заҳрноки ҳавобаландӣ реша медавонад ва қобилияту маҳоратамон ба камбудӣ табдил меёбад (1 Қӯр. 4:7; Яъқ. 4:6). Вале, агар хоксор бошем, дигаронро аз худ боло медонем (Флп. 2:3). Хоксориямон боз дар он зоҳир мешавад, ки, вақте дигарон моро ислоҳ мекунанд ё роҳ нишон медиҳанд, хафа намешавем. Инчунин, вақте ташкилот бо роҳнамоии рӯҳи муқаддас ягон дастур медиҳад, якравона аз рӯйи диди худ амал намекунем. То он даме ки хоксору фурӯтан мемонем, мо барои Яҳува ва Писараш дастёр хоҳем буд (Луқ. 1:51, 52).

7. Чӣ тавр Павлусу Апуллус хоксорӣ нишон доданд?

7 Хислати хоксорӣ ҳамчунин пеши роҳи рақобатро мегирад. Бешубҳа, Шайтон мехост дар байни масеҳиёни пешин ҷудоӣ андозад. Агар Апуллус ва Павлуси расул, ки ҳар ду серғайрат буданд, ба якдигар ҳасад бурда баҳс мекарданд, ки кадоми онҳо дар ҷамоат обрӯйи баландтар дорад, Шайтон хурсанд мешуд. Ин ба осонӣ рӯй дода метавонист, чунки дар Қӯринт баъзе аз масеҳиён чунин мегуфтанд: «Ман шогирди Павлусам» ё «Ман аз они Апуллус». Оё Павлусу Апуллус ин ақидаи ҷудоиандозро об медоданд? Не. Павлус хоксорона саҳми Апуллусро дар кори мавъиза тан мегирифт, барои ҳамин ба ӯ супориши пуршараф дод. Апуллус бошад, дар навбати худ аз рӯйи дастуру хости Павлус амал мекард (1 Қӯр. 1:10–12; 3:6, 9; Тит. 3:12, 13). Чӣ намунаи ҳамкории хуб байни мардони хоксору фурӯтан!

«Ӯ... далелҳо оварда, дар бораи Подшоҳии Худо гуфтугузор мекард» (Корнома 18:23; 19:1–10)

8. Павлус бо кадом роҳ ба Эфсӯс сафар кард ва сабаб дар чӣ буд?

8 Павлус ба ваъдааш вафо карда ба Эфсӯс бармегардад a (Кор. 18:20, 21). Аҳамият диҳед, ӯ ба он ҷо бо кадом роҳ бармегардад. Охирон боре ки дар бораи Павлус зикр кардем, ӯ дар Антиохияи Сурия буд. Барои Эфсӯс рафтан ӯ метавонист каме роҳро тай карда ба Селевкия раваду аз он ҷо бо киштӣ рост ба Эфсӯс сафар кунад. Лекин Павлус на бо ин роҳи кӯтоҳу осон, балки «сарзаминҳои аз баҳр дуртари Осиёро гузашта», ба он ҷо рафт. Дар асоси Корнома 18:23 ва 19:1 чунин тахмин меравад, ки Павлус қариб 1600 километр роҳро тай кард. Павлус роҳи ин қадар дарозу душворро барои он интихоб кард, ки «ҳамаи шогирдонро устувор» гардонад (Кор. 18:23). Қайд кардан бамаврид аст, ки сафари сеюми миссионерии Павлус мисли ду сафари пешинааш заҳматталаб буд. Лекин ӯ медонист, ки меҳнатҳояш беҳуда нестанд. Имрӯз низ нозирони ноҳиявӣ ва ҳамсарашон чунин рӯҳия доранд. Мо ин муҳаббату фидокории онҳоро беҳад қадр мекунем.

9. Чаро як гурӯҳ шогирдоне, ки дар Эфсӯс буданд, бояд аз нав таъмид мегирифтанд ва мо аз онҳо чӣ дарс мегирем?

9 Вақте Павлус ба Эфсӯс меояд, ӯ шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳандаро вомехӯрад, ки тахминан 12 нафар буданд. Онҳо таъмиди Яҳёро гирифта буданд, ки он замон беэътибор гашта буд. Ғайр аз ин, чунин метофт, ки онҳо дар бораи рӯҳи муқаддас маълумоти кам доштанд ё дар бораи он тамоман чизе намедонистанд. Вақте Павлус ба шогирдони Яҳё фаҳмонд, ки ба номи Исо таъмид гирифтан муҳим аст, онҳо мисли Апуллус бо камоли хоксориву омодагӣ таъмид гирифтанд. Баъд аз таъмид гирифтан бар онҳо рӯҳи муқаддас рехта шуд ва онҳо соҳиби баъзе атоҳои муъҷизавӣ гаштанд. Равшан аст, ки ҳамқадами ташкилоти Яҳува будан баракатҳои зиёд меорад (Кор. 19:1–7).

10. Чаро Павлус аз ибодатгоҳ ба толори мактаб рафт ва чӣ тавр мо ҳангоми хизмат ба ӯ пайравӣ мекунем?

10 Дере нагузашта дар кори мавъиза боз як пешравӣ ба амал омад. Павлус дар ибодатгоҳ тӯли се моҳ далерона мавъиза кард. Ҳарчанд ӯ «далелҳо оварда, дар бораи Подшоҳии Худо гуфтугузор мекард», баъзеҳо якравӣ карда гӯш надоданд ва ҳатто ба ӯ зид баромаданд. Вақте ки баъзеҳо «ин Роҳро дар пеши мардум сиёҳ» карданд, Павлус онҳоро ба ҳолашон гузошта, дигаронро дар толори мактаб таълим додан гирифт (Кор. 19:8, 9). Барои ҳамин касоне, ки аз Каломи Худо бештар дониш гирифтан мехостанд, бояд акнун ба ибодатгоҳ неву ба толор мерафтанд. Мо низ, вақте мебинем, ки соҳибхона моро гӯш кардан намехоҳад ё баҳс карданӣ мешавад, мисли Павлус метавонем суҳбатро бас кунем. Беҳтараш назди дигарон равем, зеро одамони самимии зиёде ҳастанд, ки бояд хабари наҷотбахшро шунаванд.

11, 12. а) Чӣ тавр Павлус нишон медод, ки дар хизмат пуркору роҳҷӯй ва вазъиятшинос аст? б) Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува дар хизмат ҷадал мекунанд ва одамони маҳаллашонро ба назар мегиранд?

11 Павлус, аз афташ, дар толори мактаб ҳар рӯз тақрибан аз соати ёздаҳи рӯз то чори бегоҳ суханронӣ мекард (Кор. 19:9). Эҳтимол, дар ин вақти рӯз тасфи офтоб буд ва бисёриҳо аз кор танаффус мекарданду хӯрок мехӯрданд. Тасаввур кунед, агар Павлус ду соли дароз аз рӯйи чунин реҷаи пурмашаққат хизмат карда бошад, пас, ӯ барои таълим додан беш аз 3000 соат сарф кард b. Ин боз як сабаб буд, ки барои чӣ «каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт». Павлуси фидокор сахт меҳнат мекард ва реҷаи хизматашро тағйир медод, то ба одамони бештар кумак расонад. Ин кӯшишҳои ӯ чӣ натиҷа оварданд? «Ҳамаи сокинони Осиё, ҳам яҳудиёну ҳам юнониён, каломи Худовандро шуниданд» (Кор. 19:10). Павлус, дар ҳақиқат, як ба як шаҳодат дод!

Мо бо ҳар роҳ одамонро ёфта, хушхабарро мерасонем

12 Имрӯз низ Шоҳидони Яҳува дар хизмат ҷадал мекунанд ва барои ба одамон кумак кардан вазъияти онҳоро ба назар мегиранд. Мо кӯшиш мекунем, ки барои ба одамони бештар паёми Худоро расондан дар ҷою вақти гуногун мавъиза кунем. Масалан, мо дар кӯчаву бозорҳо ва дигар ҷойҳои серодам шаҳодат медиҳем, инчунин бо одамон тавассути телефон суҳбат мекунем ё ба онҳо мактуб менависем. Дар хизмати хона ба хона бошад, вақту соатеро интихоб мекунем, ки одамонро дар хона ёфтан мумкин аст.

Ба зиддияти девҳо нигоҳ накарда «каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт» (Корнома 19:11–22)

13, 14. а) Яҳува ба Павлус чӣ гуна қудрат дод? б) Писарони Искиво ба кадом хато роҳ доданд ва чӣ тавр имрӯз ба ном масеҳиён мисли онҳо гумони ғалат доранд?

13 Аз китоби Корнома мехонем, ки Яҳува «бо дасти Павлус муъҷизаҳои бузург ба амал меовард». Ҳатто рӯймолчаву пешдоманҳои Павлусро пеши беморон мебурданд ва онҳо шифо меёфтанд. Ғайр аз ин, бо чизҳои Павлус рӯҳҳои нопокро берун мекарданд c (Кор. 19:11, 12). Ин рӯйдодҳои ғайриодӣ дар байни мардум овозаю дарвоза шуданд.

14 Баъзе яҳудиён, ки «дар ҳар ҷо гашта, девҳоро берун мекарданд», аз муъҷизаҳои Павлус огоҳӣ ёфта, онҳоро такрор карданӣ шуданд. Якчанд нафари он яҳудиён номи Исову Павлусро ба забон гирифта, хостанд, ки рӯҳҳои нопокро берун кунанд. Луқо ҳафт писари коҳини калони яҳудиён — Искиворо, мисол овард, ки онҳо низ девро аз марде берун карданӣ шуданд. Аммо дев ба онҳо гуфт: «Исоро медонам, Павлусро ҳам мешиносам, вале шумо кистед?» Баъди ин марде, ки дев дошт, мисли даррандае ба он фиребгарон дарафтод ва онҳо лучу захмдор гурехтанд (Кор. 19:13–16). Ин воқеа пирӯзии «каломи Яҳува» гашт, зеро ба ҳама баръало нишон дод, ки Яҳува ба Павлус қувваи бузург додааст, на ба он диндорони бардурӯғ. Барои ба Худо писанд омадан имрӯз миллионҳо одамон барғалат гумон мекунанд, ки номи Исоро ба забон гирифтан ё худро масеҳӣ номидан кифоя аст. Лекин худи Исо гуфта буд, ки танҳо касоне, ки хости Падарашро иҷро мекунанд, писанди Худо мегарданд ва соҳиби баракатҳои оянда мешаванд (Мат. 7:21–23).

15. Вақте пай мебарем, ки ягон чизамон бо сеҳру ҷоду алоқаманд аст, чӣ тавр мисли он мардуми вафодори Эфсӯс амал карда метавонем?

15 Шарманда шудани писарони Искиво чашми бисёриҳоро кушод ва дар натиҷа онҳо имон оварданду аз сеҳру ҷоду даст кашиданд. Бояд гуфт, ки мардуми Эфсӯс ба ҷодугарӣ ғӯтида буданд. Онҳо афсун ва куфу суф мекарданд, аз тӯмор ва китобҳои ҷодугарӣ истифода мебурданд. Баъди он воқеа дар Эфсӯс бисёр касон китобҳои ҷодугарияшонро бароварда, дар пеши халқ сӯзонданд, ҳарчанд он китобҳо ба пули ҳозира, эҳтимол, даҳҳо ҳазор доллар нарх доштанд d. «Ҳамин тавр, каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт» (Кор. 19:17–20). Ин, дар ҳақиқат, ғалабаи бузурге буд, ки Яҳува ва парастандагони ӯ бар таълими дурӯғ ва сеҳру ҷоду ба даст оварданд. Он масеҳиёни Эфсӯс барои мо намунаанд. Мо низ дар ҷаҳони пур аз сеҳру ҷоду зиндагӣ мекунем. Барои ҳамин мисли он эфсӯсиёни бовафо, агар пай барем, ки ягон чизамон бо сеҳру ҷоду алоқаманд аст, бояд дарҳол онро нест кунем. Биёед аз чунин чизҳои нафратангез, бароямон гарон афтад ҳам, даст кашем!

«Бесарусомонии бисёре шуд» (Корнома 19:23–41)

«Эй мардон, шумо хуб медонед, ки некуаҳволии мо аз ҳисоби ҳамин кор аст» (Корнома 19:25)

16, 17. а) Чӣ тавр Димитриюс мардумро иғво андохт? б) Чӣ тавр маълум гашт, ки мардуми Эфсӯс диндори ашаддиву бемулоҳиза буданд?

16 Ҳоло боз як тарзи амали Шайтонро дида мебароем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр ӯ мардумро бар зидди ходимони Худо истифода мебарад. Луқо навишт, ки дар Эфсӯс «аз боиси ин Роҳ бесарусомонии бисёре шуд». Луқо воҳима накард: вазъият ҳақиқатан ҳам хатарнок буд e (Кор. 19:23). Сабабгори он бесарусомонӣ Димитриюс ном нуқрагаре буд. Ӯ ҳамкасбонашро иғво андохта мегӯяд, ки фоидаву даромади онҳо аз фурӯши бутҳо мебошад, лекин аз пушти хабари Павлус савдояшон суст шуда метавонад, чунки ҳар касе масеҳӣ шавад, дигар дар парастишаш бутҳоро истифода намебарад. Димитриюс инчунин ғурури шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандӯстии шунавандагонашро бедор карда, онҳоро огоҳ мекунад, ки, ҳамин хел рафтан гирад, олиҳаи Артемида ва ибодатгоҳи шуҳратмандашон «беқадр мешавад» (Кор. 19:24–27).

17 Суханони Димитриюс ба мардум бетаъсир намонданд, чунки нуқрагарон фарёд задан гирифтанд: «Бузург аст Артемидаи эфсӯсиён!» Чи хеле дар аввали боб гуфтем, он вақт тамоми шаҳр ба шӯр омад ва эътирозу бесарусомонӣ сар зад f. Инро фаҳмида, Павлуси далеру фидокор хост ба намоишгоҳ рафта, ба мардум муроҷиат кунад. Лекин шогирдон ӯро аз роҳаш гардонданд, то сарашро дар бало намонад. Дар ин миён Искандар ном марде назди халқ баромада, сухан гуфтанӣ мешавад. Азбаски ӯ яҳудӣ буд, шояд, мехост ба мардум фаҳмонад, ки яҳудиён аз масеҳиён фарқ доранд. Лекин мардум ӯро гӯш намекунанд, балки яҳудӣ будани ӯро фаҳмида, тӯли қариб ду соат фарёд мезананд: «Бузург аст Артемидаи эфсӯсиён!» Дар рӯзҳои мо низ чунин диндорони ашаддиву бемулоҳиза кам нестанд ва кору рафторе мекунанд, ки ба ақли кас намеғунҷад (Кор. 19:28–34).

18, 19. а) Чӣ тавр ҳокими Эфсӯс мардуми ғазаболудро ором кард? б) Чӣ тавр имрӯз ҳукуматдорон Шоҳидони Яҳуваро муҳофизат мекунанд ва мо аз тарафи худ чӣ кор мекунем?

18 Ниҳоят ҳокими шаҳр мардумро ором мекунад. Ин марди бофаҳму фаросат халқро дилпур кард, ки масеҳиён ба ибодатгоҳу олиҳаи онҳо ягон хавфу хатар надоранд ва Павлусу ҳамроҳонаш зидди ибодатгоҳи Артемида ягон хел ҷиноят накардаанд. Ғайр аз ин, ӯ таъкид кард, ки барои ҳал намудани чунин масъалаҳо ҷой ва қоидаи муайян вуҷуд дорад. Аз афташ, фикри муҳиме, ки ӯ ба халқ хотиррасон кард, ин буд, ки мувофиқи қонуни румиён шӯриши онҳо ғайриқонунӣ ҳисоб меёфт. Ҳоким ин суханонро гуфта мардумро пароканда кард. Чуноне ки халқ тез ба шӯру ғазаб омад, ҳамин тавр баъди суханони оқилонаи он мансабдор зуд аз қаҳраш фаромад (Кор. 19:35–41).

19 Бори аввал ва охирон нест, ки шахсони бомулоҳизаи соҳибқудрат пайравони Масеҳро ҳимоя мекунанд. Юҳаннои расул дар рӯъё дида буд, ки дар рӯзҳои охир «замин», ки ҳукуматдорони бофаҳмро тасвир мекунад, «дарё»-ро, ки ҳамлаи Шайтон ба пайравони Масеҳ мебошад, фурӯ мебарад (Ошкор. 12:15, 16). Ин рӯъё иҷро шуда истодааст. Кам нестанд ҳолатҳое, ки доварони беғараз ҳуқуқи Шоҳидони Яҳуваро ҳимоя кардаанд, то онҳо барои парастиши Худо ҷамъ шуда тавонанд ва хушхабарро паҳн кунанд. Ногуфта намонад, ки барои ба даст овардани чунин натиҷа рафтори мо низ нақши калон мебозад. Эҳтимол, Павлуси расул дар Эфсӯс бо кору рафтори хубаш иззату эҳтироми баъзе соҳибқудратонро ба даст оварда буд. Барои ҳамин аҷаб нест, ки онҳо мехостанд, ки ӯ дар бехатарӣ бошад (Кор. 19:31). Бигзор ростқавливу муомилаи хуби мо низ ба дигарон таъсири нағз расонад. Кӣ медонад, рафтори некамон чӣ самар ба бор меорад?!

20. а) Вақте мебинед, ки имрӯз низ каломи Яҳува бошиддат паҳн мешаваду қувват мегирад, чӣ ҳис мекунед? б) Барои он ки имрӯз низ Яҳува моро ба ғалабаҳо ноил гардонад, чӣ кор карда метавонем?

20 Боиси хушнудист, ки дар асри як «каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт». Хурсандибахш аст, ки имрӯзҳо низ Яҳува моро ба чунин ғалабаҳо мерасонад. Магар шумо намехостед, ки каме ҳам бошад, дар ин гуна пирӯзиҳо саҳми худро гузоред? Пас, аз намунаҳое, ки дида баромадем, ибрат гиред, хоксору фурӯтан монед, минбаъд низ ҳамқадами ташкилоти Яҳува бошед ва ғайрататонро дар хизмати ӯ суст накунед. Инчунин аз сеҳру ҷоду дурӣ ҷӯед ва бо ростқавливу муомилаи некатон шаҳодати хуб диҳед.

a Нигаред ба чорчӯбаи « Эфсӯс — пойтахти Осиё».

b Павлус дар Эфсӯс инчунин Номаи якум ба қӯринтиёнро навишт.

c Ин ҷо, эҳтимол, дастмол ё рӯймолчае дар назар дошта шудааст, ки Павлус ба сараш мебаст, то арақи пешонияш ба чашмаш нашорад. Он вақтҳо пешдоман бастани Павлус ба он ишора мекунад, ки ӯ дар вақтҳои холигияш, шояд, саҳар барвақт хеста, хаймадӯзӣ мекард (Кор. 20:34, 35).

d Аз рӯйи маълумоти Луқо нархи он китобҳо 50 000 тангаи нуқра буд. Агар Луқо динорро дар назар дошта бошад, он замонҳо барои ба даст овардани чунин маблағ мардикор бояд 50 000 рӯз кор мекард. Агар мардикор ягон рӯз дам нагирифта, ҳафтае ҳафт рӯз, меҳнат мекард, ин тахминан 137 сол мешуд.

e Баъзеҳо мегӯянд, ки Павлус ҳамин воқеаро дар назар дошта ба қӯринтиён чунин навишт: «Мо ҳатто умедамонро аз зиндагӣ кандем» (2 Қӯр. 1:8). Лекин ӯ вазъияти аз ин ҳам бадтарро дар назар дошта метавонист. Вақте Павлус навишт, ки «дар Эфсӯс бо даррандагон мубориза бурд», ӯ ё бо ҳайвоноти ваҳшӣ дар майдон ҷангиданашро дар назар дошт, ё зиддияти душманонро, яъне ин суханони ӯ метавонанд ҳам маънои аслӣ ва ҳам маънои маҷозӣ дошта бошанд (1 Қӯр. 15:32).

f Ин гуна гурӯҳҳои косибон дар ҷомеа таъсиргузор буданд. Масалан, тахминан баъд аз як аср дар Эфсӯс як гурӯҳ нонпазон сабабгори чунин шӯриш гаштанд.