Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 22

«Хости Яҳува шавад»

«Хости Яҳува шавад»

Павлус барои ба ҷо овардани хости Худо ба Ерусалим меравад

Бар Корнома 21:1–17 асос ёфтааст

1–4. Павлус барои чӣ ба Ерусалим меравад ва дар он ҷо ӯро чӣ интизор буд?

 ПАВЛУСУ Луқо дар Милитус бо пирони ҷамоати Эфсӯс хайрухуш мекунанд. Аз ин ҷудоӣ бо бародарони азизашон дили онҳо реш-реш аст. Павлусу Луқо ба киштӣ савор шуда дар саҳни он меистанд. Онҳо барои сафар чизҳои даркориро омода кардаанд, инчунин барои бародару хоҳарони муҳтоҷ хайрияи ҷамоатҳоро гирифтаанд ва мехоҳанд онро ба Яҳудия расонанд.

2 Бодбонҳои киштӣ аз вазиши шамол кушода мешавад ва он бандаргоҳи пурғавғоро тарк карда ба роҳ мебарояд. Ин ду миссионер ва ҳафт ҳамсафарашон ба чеҳраҳои ғамгини бародароне, ки дар соҳиланд, назар медӯхтанд (Кор. 20:4, 14, 15). Онҳо даст афшонда ба бародарони Эфсӯс то дами аз назар дур шуданашон хайрухуш мекунанд.

3 Қариб се сол Павлус бо пирони ҷамоати Эфсӯс паҳлу ба паҳлу ҳамкорӣ кард. Вале акнун бо роҳнамоии рӯҳи муқаддас ӯ ба Ерусалим равона аст. Павлус каму беш хабар дорад, ки дар Ерусалим бо ӯ чӣ рӯй медиҳад. Чанде пеш худи ӯ ба пирони Эфсӯс гуфта буд: «Ба роҳнамоии рӯҳ итоат карда ба Ерусалим сафар карда истодаам, ҳарчанд намедонам, ки дар он ҷо маро чӣ интизор аст. Фақат ҳаминро медонам, ки рӯҳи муқаддас дар ҳар шаҳр гаштаву баргашта ба ман шаҳодат медиҳад, ки маро зиндон ва азобу уқубат дар пеш аст» (Кор. 20:22, 23). Ба чунин хатар нигоҳ накарда, Павлус мефаҳмад, ки бояд «ба роҳнамоии рӯҳ итоат карда» ба Ерусалим равад, ва ӯ бо ҷону дил аз пайи ин супориш мешавад. Ҳарчанд Павлус ҳаёташро қадр мекард, иҷрои хости Худо барояш авлотар буд.

4 Оё барои шумо низ ба ҷо овардани хости Худо аз ҳама муҳим аст? Вақте ҳаёти худро ба Худо бахшидем, мо ба ӯ ваъда додем, ки иҷрои хосташро дар ҷойи аввал мегузорем. Барои он ки ба ин ваъда вафо кунем, биёед дар бораи устуворӣ ва иродаи шикастнопазири Павлуси расул фаҳмем ва фикр кунем, ки чӣ хел ба намунаи ӯ пайравӣ намоем.

«Ҷазираи Кипр»-ро мегузаранд (Корнома 21:1–3)

5. Павлусу рафиқонаш ба Сӯр чӣ тавр расиданд?

5 Павлусу рафиқонаш «бо киштӣ рост ба Кос» шино мекунанд, яъне киштӣ ба самти шамол ҳаракат карда худи ҳамон рӯз ба он ҷо мерасад (Кор. 21:1). Аз афташ, киштии онҳо дар Кос лангар зада, шабона дар ҳамон ҷо мемонад, фардояш бошад, ба Рудс ва Потра равона мегардад. Дар Потра, дар соҳили ҷанубии Осиёи Хурд, бародарон ба киштии боркаши калоне мешинанд, ки ба Сӯри Финиқия мерафт. Онҳо аз назди «ҷазираи Кипр», ки аз тарафи чапашон намоён буд, шино карда мегузаранд (Кор. 21:3). Чаро нависандаи Корнома, Луқо, қайд мекунад, ки онҳо аз пеши ҷазираи Кипр гузаштанд?

6. а) Чаро Павлус ҷазираи Кипрро дида, эҳтимол, рӯҳбаланд шуд? б) Вақте мо мулоҳиза меронем, ки чӣ хел Яҳува моро дастгирӣ кард ва баракат дод, ба кадом хулоса меоем?

6 Эҳтимол, Павлус ин ҷазираро ба ҳамсафаронаш нишон дода, нақл кард, ки дар он ҷо бо ӯ чӣ рӯй дода буд. Тахминан нуҳ сол пеш, ҳангоми сафари якуми миссионерияш, вақте Павлус бо Барнаббо ва Марқуси Юҳанно дар Кипр буд, Элимои ҷодугар ба хизмати онҳо муқобилат кард (Кор. 13:4–12). Мумкин Павлус бо чӣ анҷом ёфтани ин воқеаро ба хотир оварда хеле шод гашт ва ба душвориҳои оянда тайёр шуд. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Хуб мебуд, мо ҳам ба ёд орем, ки чӣ хел бо ёрдами Яҳува душвориҳоро паси сар кардем ва чӣ тавр ӯ моро баракат дод. Он гоҳ мо ҳам мисли Довуд гуфта метавонем, ки «азобҳои росткор зиёд аст, лекин Яҳува ӯро аз ҳамаи онҳо халос мекунад» (Заб. 34:19).

«Мо шогирдонро ёфта...» (Корнома 21:4–9)

7. Вақте бародарон ба Сӯр расиданд, чӣ кор карданд?

7 Павлус бо бародару хоҳарон буданро хеле қадр мекард, ба ӯ бо онҳо суҳбат кардан маъқул буд. Луқо мегӯяд, ки, вақте онҳо ба Сӯр расиданд, дар он ҷо шогирдонро ёфтанд (Кор. 21:4). Онҳо медонистанд, ки дар Сӯр масеҳиёни дигар низ ҳастанд, барои ҳамин онҳоро кофта, ёфтанд ва, эҳтимол, дар хонаи онҳо меҳмон шуданд. Яке аз баракатҳои беҳтарине, ки Яҳува ба мо додааст, бародару хоҳаронамон мебошанд. Ба куҷое наравем, мо дар ҳама ҷо ҳамимононамонро ёфта метавонем, ки моро бо хурсандӣ қабул мекунанд. Бале, парастандагону дӯстдорони Яҳува дар тамоми дунё ёру дӯстони зиёд доранд.

8. Суханони Корнома 21:4 чӣ маъно доранд?

8 Дар Сӯр бародарон ҳафт рӯз истоданд. Луқо суханонеро навишт, ки дар назари аввал, шояд, аҷиб тобад: «[Бародарони Сӯр] ба воситаи рӯҳ гаштаву баргашта ба Павлус мегуфтанд, ки ба Ерусалим наравад» (Кор. 21:4). Магар Яҳува фикрашро дигар карда ба воситаи бародарони Сӯр гуфтанист, ки Павлус ба Ерусалим наравад? Не, албатта. Рӯҳи муқаддас ошкор кард, ки дар Ерусалим Павлус азобу уқубат мекашад, вале нагуфт, ки ба он ҷо наравад. Бародарони Сӯр, аз афташ, ба воситаи рӯҳи муқаддас фаҳмиданд, ки Павлусро азобҳо дар пеш аст. Барои ҳамин онҳо аз дилсӯзӣ бисёр хоҳиш карданд, ки ба Ерусалим наравад. Хавотирии ин бародарон фаҳмост, лекин Павлус азми қавӣ дошт, ки ба суханони Яҳува гӯш дода роҳашро давом диҳад (Кор. 21:12).

9, 10. а) Вақте бародарони Сӯр Павлусро аз роҳаш гардонданӣ шуданд, ӯ, эҳтимол, кадом воқеаро ба ёд овард? б) Одамон имрӯз чӣ гуна майлу ақида доранд, Исо бошад, чиро таълим дода буд?

9 Павлус суханони бародаронро шунида, эҳтимол, рафтори Исо ба ёдаш омад. Боре, вақте Исо ба шогирдонаш гуфт, ки бояд ба Ерусалим рафта, азобу шиканҷа кашад ва оқибат мурад, Петрус аз дилсӯзӣ ба ӯ чунин гуфт: «Ҳазрат, ба худат раҳм кун. Ҳаргиз бо ту ин тавр намешавад». Исо бошад, гуфт: «Аз пешам дур шав, эй Шайтон! Ту дар сари роҳи ман монеаӣ, зеро мисли одамизод фикр мекунӣ, на мисли Худо» (Мат. 16:21–23). Равшан аст, ки Исо ба ҳеҷ ваҷҳ аз роҳаш гаштанӣ набуд — ӯ мехост ҳаёташро фидо карда хости Худоро иҷро кунад. Павлус низ чунин рӯҳия дошт. Мисли Петруси расул бародарони Сӯр, бешубҳа, аз ниятҳои хуб Павлусро аз сафараш боздоштанӣ шуданд, лекин онҳо намефаҳмиданд, ки ба Ерусалим рафтани Павлус хости Яҳува мебошад.

Барои Исоро пайравӣ кардан фидокорӣ лозим аст

10 Имрӯз бисёр одамон «ба худам дарди сар нахарам» гуфта, аз уҳдадорӣ мегурезанд ё аз иҷрои кори барояшон душвор гарданкашӣ мекунанд. Ба аксарият маъқул аст, ки Худоро тавре парастиш кунанд, ки ба онҳо қулай аст. Лекин ҳазрати Исо пайравонашро тамоман ба дигар чиз ташвиқ кард. Ӯ гуфт: «Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд ва сутуни азобашро бардошта, доимо маро пайравӣ кунад» (Мат. 16:24). Исоро пайравӣ намудан қарори дурусту хирадмандона мебошад, лекин ин кор осон нест.

11. Чӣ тавр шогирдон дар Сӯр нишон доданд, ки Павлусро дӯст медоранд ва дастгирӣ мекунанд?

11 Каме пас Павлус, Луқо ва дигар ҳамроҳонаш сафарашонро давом доданӣ шуданд. Барои бародарони шаҳри Сӯр бо Павлусу ҳамроҳонаш хайрухуш кардан осон набуд. Онҳо ба Павлус меҳр монда буданд ва ӯро дар хизматаш дастгирӣ мекарданд. Мардон, занон ва кӯдакон Павлусу ҳамроҳонашро то соҳили баҳр гусел мекунанд. Ҳамаи онҳо якҷоя зону зада, дуо мегӯянд, баъд аз ин хайрухуш карда, аз ҳам ҷудо мешаванд. Баъдан Павлус, Луқо ва рафиқонаш ба киштии дигар нишаста, ба Птолимус мераванд. Онҳо дар он ҷо бародаронро вохӯрда, як рӯз бо онҳо мемонанд (Кор. 21:5–7).

12, 13. а) Дар бораи хизмати Филиппус чӣ гуфтан мумкин аст? б) Аз кадом ҷиҳат Филиппус имрӯз ба падарон намунаи ибрат аст?

12 Аз рӯйи нақли Луқо, баъдтар Павлусу ҳамроҳонаш роҳи Қайсарияро пеш мегиранд a. Онҳо дар он ҷо «ба хонаи Филиппуси воиз... даромада, бо ӯ» мемонанд (Кор. 21:8). Эҳтимол, вақте онҳо Филиппусро мебинанд, бисёр хурсанд мешаванд. Тахминан 20 сол пеш дар Ерусалим, вақте ҷамоати нав таъсис ёфт, расулон ӯро барои тақсими хӯрок таъйин карда буданд. Баъдтар, вақте дар Ерусалим озори масеҳиён сар шуд ва онҳо дар ҳама ҷо пароканда шуданд, Филиппус ба Сомария рафт ва хизматашро дар он ҷо давом дод. Чанде пас бошад, ӯ ба хоҷасарои ҳабашӣ мавъиза кард ва ӯро таъмид дод (Кор. 6:2–6; 8:4–13, 26–38). Ҳамин тавр, Филиппус солҳои зиёд ба Яҳува вафодорона хизмат карда ба мо намунаи хуб гузошт.

13 Филиппус минбаъд низ, вақте дар Қайсария мезист, ҷидду ҷаҳдашро дар хизмат гум накарда буд. Барои ҳамин Луқо ӯро «Филиппуси воиз» гуфта ном бурдааст. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки ӯ чор духтар дошт, ки пешгӯйӣ мекарданд. Аз ин бармеояд, ки онҳо ба намунаи падарашон пайравӣ карданд b (Кор. 21:9). Гуфтан мумкин аст, ки Филиппус бисёр меҳнат мекард, то оилааш Яҳуваро дӯст дорад ва ба ӯ аз таҳти дил хизмат кунад. Чӣ хуб аст, ки имрӯз бисёр падарон ба намунаи Филиппус пайравӣ мекунанд. Онҳо дар хизмати Яҳува пешсаф буда фарзандонашонро мавъизадӯст тарбия мекунанд.

14. Вохӯрии Павлус бо бародару хоҳарон чӣ натиҷа меовард ва имрӯз мо чӣ гуна имконият дорем?

14 Павлус, ба куҷое ки намерафт, бародару хоҳаронро суроғ карда, бо онҳо вақт мегузаронд. Бешак, бародарони маҳаллӣ аз дидорбинии Павлусу дӯстонаш хеле хурсанд мешуданд ва онҳоро меҳмондорӣ мекарданд. Дар ин гуна вохӯриҳо онҳо «аз имони якдигар рӯҳбаланд» мешуданд (Рум. 1:11, 12). Имрӯз мо ҳам имконият дорем якдигарро рӯҳбаланд кунем. Хонаву дарамон одию хоксорона бошад ҳам, мо метавонем нозири ноҳиявӣ ва ҳамсари ӯро ба меҳмонӣ таклиф кунем (Рум. 12:13).

«Ман тайёрам... бимирам» (Корнома 21:10–14)

15, 16. Оғобус кадом хабарро расонд ва он ба дигарон чӣ хел таъсир кард?

15 Вақте Павлус дар хонаи Филиппус буд, ба он ҷо шахсе омад, ки ҳама эҳтиромаш мекарданд. Номи ӯ Оғобус буд. Ҳама ҷамъомадагон медонистанд, ки Оғобус пайғамбар аст, чунки пештар ӯ қаҳтии сахтеро пешгӯйӣ карда буд, ки дар замони ҳукмронии Клавдиюс рӯй дод (Кор. 11:27, 28). Шояд, онҳо аз омадани Оғобус ҳайрон шуда фикр мекарданд: «Барои чӣ ӯ омада бошад? Кадом хабарро гуфтанист?» Дар ҳоле ки чашми ҳама ба Оғобус равона буд, ӯ миёнбанди Павлусро, ки матои дароз буду дар он пул ва баъзе чизҳои дигарро мемонданд, ба даст гирифт. Сипас ӯ бо он миёнбанд дасту пойи худро баст. Баъд аз ин ӯ як хабари муҳимро гуфт: «Рӯҳи муқаддас чунин мегӯяд: “Дар Ерусалим яҳудиён соҳиби ин миёнбандро ҳамин тавр баста, ба дасти халқҳои дигар месупоранд”» (Кор. 21:11).

16 Ин пешгӯйӣ бори дигар нишон дод, ки Павлус бояд ба Ерусалим мерафт. Ҳамчунин аз он маълум шуд, ки яҳудиён Павлусро «ба дасти халқҳои дигар месупоранд». Аз шунидани ин пешгӯйӣ ҳуши ҳама меканад. Луқо дар ин бора менависад: «Вақте инро шунидем, мо ва онҳое, ки дар он ҷо буданд, аз Павлус илтиҷо кардем, ки ба Ерусалим наравад. Павлус дар ҷавоб гуфт: “Чаро чунин мекунед? Чаро бо гиряҳои худ шасти маро мегардонед? Бидонед, ки ба хотири номи Ҳазратамон Исо ман тайёрам дар Ерусалим на танҳо занҷирбанд шавам, балки ҳатто бимирам”» (Кор. 21:12, 13).

17, 18. Чӣ хел Павлус нишон дод, ки аз нияташ намегардад, ва бародарон ба ин чӣ гуна муносибат карданд?

17 Бародарон, аз ҷумла Луқо, Павлусро зораю тавалло мекунанд, ки ба Ерусалим наравад, баъзеашон бошанд, ҳатто гиря мекунанд. Вақте Павлус мебинад, ки чӣ хел ӯро дӯст медоранд ва нисбаташ мушфиқу ғамхоранд, бо мулоимӣ аз онҳо мепурсад: «Чаро бо гиряҳои худ шасти маро мегардонед?» Онҳо бо гиряву зории худ дили Павлусро об мекарданд. Аммо Павлус аз раъяш намегардад. Чун дар мавриди бародарони Сӯр, ӯ ба бародарони Қайсария низ намегузорад, ки ӯро аз рафтан ба Ерусалим боздоранд. Ӯ ба онҳо мефаҳмонад, ки барои чӣ бояд ба Ерусалим равад. Дар ҳақиқат, Павлуси расул далеру қавиирода буд! Ӯ низ мисли Исо дар азмаш устувор монда ба Ерусалим рафтанӣ буд (Ибр. 12:2). Павлус орзуи шаҳид шудан надошт, вале, агар зарур шавад, омода буд ба хотири Масеҳ ҷонашро аз даст диҳад ва инро шараф медонист.

18 Оё бародарон бо ин қарори Павлус розӣ шуданд? Дар ин бора гуфта шудааст: «Чун ба гапи мо надаромад, “хости Яҳува шавад” гуфта, дар ин бора дигар дам назадем» (Кор. 21:14). Бародароне, ки пеши роҳи Павлусро гирифтанӣ буданд, дигар пофишорӣ накарданд. Сад душвор бошад ҳам, онҳо хости Яҳуваро қабул карда, ба гапи Павлус гӯш доданд ва қарори ӯро эҳтиром намуданд. Вақте бародарон Павлусро дигар аз роҳаш нагардонданд, бори ӯ сабуктар шуд. Охир, роҳе, ки ӯ интихоб кард, бе ин ҳам осон набуд — ин роҳе буд, ки бо марг меанҷомид.

19. Мо аз воқеае, ки бо Павлус шуд, чӣ панд мегирем?

19 Аз воқеае, ки бо Павлус рӯй дод, мо як панди пурарзиш мегирем: агар касе барои ба Яҳува хизмат кардан аз баҳри чизе гузарад, мо набояд пеши роҳи ӯро гирем. Мо ин пандро на танҳо ҳангоми хавфу хатар ба ҳаётамон, балки дар бисёр мавридҳои дигар ба кор бурда метавонем. Масалан, вақте фарзандон барои хизмат кардан ба ҷойҳои дур ё ба давлати дигар мераванд, бисёр волидон, ҷудоӣ барояшон душвор бошад ҳам, садди роҳи фарзандонашон намешаванд. Хоҳарамон Филлис, ки дар Англия зиндагӣ мекунад, ба ёд меорад, ки, вақте духтари ягонааш миссионер шуда ба Африқо рафт, ӯ чӣ ҳис кард. «Он вақтҳо бароям бисёр давраи душвор буд,— мегӯяд Филлис.— Ман зиқ будам, ки вай аз ман акнун дур зиндагӣ мекунад. Ман ҳам ғамгин будаму ҳам бо ӯ фахр мекардам. Дар ин бора бисёр дуо мегуфтам. Ман мефаҳмидам, ки ин қарори ӯст, барои ҳамин ягон бор нагуфтам, ки аз қарораш гардад. Охир, худам ҳамеша ӯро таълим медодам, ки Подшоҳии Худоро дар якум ҷо монад. Ҳоло 30 сол мешавад, ки духтарам содиқона ба Яҳува дар хориҷа хизмат мекунад ва ман барои ин Яҳуваро ҳар рӯз шукр мегӯям». Хуб мешуд, ки мо ҳам бародару хоҳарони фидокорамонро дастгирӣ ва рӯҳбаланд кунем.

Бародару хоҳарони фидокорро дастгирӣ кунед

«Бародарон моро бо хурсандӣ пешвоз гирифтанд» (Корнома 21:15–17)

20, 21. Чӣ нишон медиҳад, ки Павлус мехост бо ҳамимононаш бошад, ва чаро ӯ чунин хоҳиш дошт?

20 Павлус ба сафар омода шуда, боз ба роҳ баромад. Бародарони Қайсария низ бо ӯ рафтанд, то дар бараш бошанду ӯро дастгирӣ кунанд. Ҳангоми сафар ба Ерусалим Павлусу ҳамроҳонаш аз ҳар фурсат истифода бурда бародару хоҳаронро раҳ ба раҳ хабар мегирифтанд. Дар Сӯр онҳо шогирдонро ҷуста, бо онҳо ҳафт рӯз монданд. Дар Птолимус онҳо бо бародару хоҳарон вохӯрда, як рӯзро ҳамроҳашон гузаронданд. Дар Қайсария бошад, рӯзҳои зиёд дар хонаи Филиппус истоданд. Сипас баъзе шогирдони он ҷо Павлусу ҳамроҳонашро то Ерусалим гусел карданд. Дар Ерусалим онҳоро яке аз шогирдони аввалин — Маносӯн, меҳмондорӣ кард. Луқо дар бораи ин мегӯяд: «Бародарон моро бо хурсандӣ пешвоз гирифтанд» (Кор. 21:17).

21 Аён аст, ки Павлус мехост бо ҳамимононаш бошад, чунки онҳо барояш қуввати дил буданд, ва дар мавриди мо низ чунин аст. Бешак, рӯҳбаландие, ки Павлус аз бародару хоҳарон мегирифт, ба ӯ ёрдам кард, то бо душманони ҷонаш рӯ ба рӯ шуда, далеру устувор монад.