БОБИ 21
«Хуни ягон кас бар гардани ман нест»
Ғайрату талоши Павлус дар хизмат ва насиҳати ӯ ба пирон
Бар Корнома 20:1–38 асос ёфтааст
1–3. а) Чӣ шуд, ки Офтихус ногаҳон мурд? б) Павлус чӣ кор кард ва мо аз ин рӯйдод дар бораи ӯ чӣ мефаҳмем?
ПАВЛУСИ расул дар шаҳри Трӯос аст. Ӯ дар болохонаи серодаме сухан мегӯяд. Суханронии Павлус хеле тӯл мекашад, зеро ин шоми охиринест, ки ӯ ҳамроҳи бародарони он ҷо мебошад. Ҳоло нисфи шаб аст, барои ҳамин чароғҳои бисёреро даргирондаанд. Хона аз чароғҳои фурӯзон гармтар мешавад, ҳавояш бошад, даму дудолуд. Дар пештоқи яке аз тирезаҳои ин болохона ҷавоне нишастааст, ки номаш Офтихус аст. Ҳангоми суханронии Павлус хоби Офтихус мебарад ва ҳодисаи нохуше рӯй медиҳад — ӯ аз тирезаи ошёнаи сеюм меафтад.
2 Ҳама хавотиру ҳаросон давида поён мефароянд. Дар байни онҳое, ки аввалин шуда пеши Офтихус расиданд, аз афташ, Луқои табиб низ буд. Сад афсӯс ки, вақте Офтихусро аз замин «бардоштанд, диданд, ки мурдааст» (Кор. 20:9). Вале ногаҳон коре шуд, ки дар гӯшаи хаёли касе набуд. Павлус ҷавонро ба оғӯш гирифта, сипас ба дигарон мегӯяд: «Ин қадар доду фиғон накунед, ӯ зинда аст» (Кор. 20:10). Танҳо тасаввур кунед: Павлус ин ҷавонро ба ҳаёт баргардонд! Ин муъҷиза тарсу ғами ҳамаро ба шодӣ табдил дод.
3 Ин рӯйдод қудрати рӯҳи муқаддаси Яҳуваро баръало нишон дод. Ҳарчанд афтида мурдани Офтихус аз пушти Павлус набуд, ба ҳар ҳол Павлуси расул намехост он вохӯрии муҳим бо дилсиёҳӣ анҷомаду имони касе суст шавад. Офтихусро зинда карда Павлус аҳли ҷамоатро тасаллӣ дод ва онҳоро қувват бахшид, ки хизматашонро бо хурсандӣ ба ҷо оранд. Ин воқеа нишон медиҳад, ки ҳаёт дар назари Павлус пурқимат буд. Суханони зерини ӯ низ инро тасдиқ мекунанд: «Хуни ягон кас бар гардани ман нест» (Кор. 20:26). Биёед дар ин боб дида бароем, ки чӣ тавр аз Павлус ибрат гирифта, ҳаётро қадр кунем.
«Ба Мақдуния равона шуд» (Корнома 20:1, 2)
4. Павлус бо кадом вазъияти хатарнок дучор шуда буд?
4 Чи хеле дар боби гузашта дида баромадем, Павлус бо вазъияти душвору хатарноке рӯ ба рӯ шуд. Азбаски ӯ дар Эфсӯс боғайратона хизмат мекард ва дар бораи Худои ҳақиқӣ шаҳодат медод, мардуми шаҳр норозӣ шуда шӯриш бардоштанд, ки дар он нуқрагарон пешсаф буданд, зеро кору савдои онҳо аз пушти парастиши Артемида буд. Баъд чӣ шуд? Дар Корнома 20:1 гуфта мешавад: «Вақте ки шӯру ғавғо ба охир расид, Павлус кас фиристода, шогирдонро даъват намуд ва онҳоро рӯҳбаланд кард. Пас аз ин бо онҳо хайрухуш намуда, ба Мақдуния равона шуд».
5, 6. а) Павлус дар Мақдуния чанд вақт истод ва ӯ дар он ҷо чӣ кор мекард? б) Муносибати Павлус ба ҳамимононаш чӣ гуна буд?
5 Дар роҳи сафар ба Мақдуния Павлус муддате дар бандаршаҳри Трӯос бозистод. Павлуси расул умедвор буд, ки Титус, ки бо супориши ӯ ба Қӯринт рафта буд, бармегардад ва ба ӯ ҳамроҳ мешавад (2 Қӯр. 2:12, 13). Аммо, вақте маълум шуд, ки Титус омада наметавонад, Павлус сафарашро давом дод. Ба Мақдуния расида, ӯ тахминан як сол дар он ҷо «шогирдонро бо суханони бисёр рӯҳбаланд кард» a (Кор. 20:2). Вақте Титус оқибат ба назди Павлус омад, аз Қӯринт хабари хуш овард. Ин хабар ҷавоб ба номаи якуми Павлус ба қӯринтиён буд (2 Қӯр. 7:5–7). Павлуси расул аз шунидани хабарҳои нав чунон шод шуд, ки ба қӯринтиён мактуби дигаре навишт — ҳоло он бо номи «Номаи дуюм ба қӯринтиён» маълум аст.
6 Луқо вохӯрии Павлуси расулро бо бародарони Эфсӯсу Мақдуния ба риштаи тасвир кашида гуфт, ки Павлус онҳоро «рӯҳбаланд кард». Ин суханон муносибати Павлусро ба ҳамимононаш нағз нишон медиҳад. Рафтори ӯ аз фарисиён, ки дигаронро паст мезаданд, сахт фарқ мекард. Павлус бародару хоҳаронро ҳамкорони худ меҳисобид (Юҳ. 7:47–49; 1 Қӯр. 3:9). Ҳатто вақте ӯ онҳоро сарзаниш мекард, ин аз муҳаббат буд (2 Қӯр. 2:4).
7. Чӣ тавр пирону нозирон аз Павлуси расул ибрат мегиранд?
7 Дар рӯзҳои мо пирони ҷамоат ва нозирони ноҳиявӣ аз таҳти дил кӯшиш мекунанд, ки ба Павлуси расул пайравӣ намоянд. Ин пирон бародару хоҳаронро бо мақсади дастгирӣ кардан ислоҳу насиҳат мекунанд. Онҳо ҳамимонони азизашонро паст намезананд, балки бо меҳрубониву ҳамдардӣ рӯҳбаланд месозанд. Як нозири ноҳиявии соҳибтаҷрибаву ҳолдон дар ин бора мегӯяд: «Аксари бародару хоҳарон мехоҳанд, ки дуруст рафтор кунанд, вале ин барояшон осон нест, чунки бисёр вақт онҳо бо рӯҳафтодагӣ ва тарсу хавотирӣ мубориза мебаранд ва худро оҷизу нотавон ҳис мекунанд». Бешубҳа, пирону нозирон мехоҳанд чунин бародару хоҳаронро дастгирӣ кунанду устувор созанд (Ибр. 12:12, 13).
Корнома 20:3, 4)
«Қасди ҷони ӯро доранд» (8, 9. а) Чӣ нақшаҳои Павлусро халалдор кард? б) Чаро яҳудиён Павлусро чашми дидан надоштанд?
8 Пас аз Мақдуния Павлус ба Қӯринт меравад b. Ӯ дар он ҷо се моҳ меистад. Баъд ӯ ният мекунад, ки ба Канхария рафта, аз он ҷо бо киштӣ ба Сурия сафар мекунад. Аз он ҷо ӯ метавонист ба Ерусалим равад ва хайрияҳоеро, ки ба бародарони муҳтоҷи он ҷо дода буданд, бирасонад c (Кор. 24:17; Рум. 15:25, 26). Вале Павлус аз ин нияташ даст мекашад. Чаро? Ҷавоб дар Корнома 20:3 оварда шудааст: «Павлус... фаҳмид, ки яҳудиён қасди ҷони ӯро доранд».
9 Яҳудиёни Қӯринт Павлусро душмани ҷони худ меҳисобиданд, зеро ӯ дар назарашон динфурӯш буд. Якчанд вақт пеш, пас аз мавъизаи Павлус дар Қӯринт, Криспус — яке аз яҳудиёни боэътибори шаҳри Қӯринт, ки нозири ибодатхона буд, масеҳӣ мешавад (Кор. 18:7, 8; 1 Қӯр. 1:14). Бори дигар бошад, яҳудиёни ин шаҳр назди Ғолиюни волии Охоия рафта, аз Павлус арзу шикоят мекунанд, лекин тири онҳо хок мехӯрад: Ғолиюн арзу шикояташонро беасос ҳисобида онҳоро пеш мекунад. Аз ин қарори волӣ оташи ғазаби яҳудиён аланга мезанад (Кор. 18:12–17). Эҳтимол, он яҳудиён хабар меёбанд ё худашон хулоса мебароранд, ки Павлус ба қарибӣ ба Канхария, ки дар наздикии Қӯринт ҷойгир буд, рафта, аз он ҷо бо киштӣ сафар карданист. Аз ин сабаб онҳо камин гирифта, ӯро куштанӣ мешаванд. Биёед фаҳмем, ки Павлус чӣ кор мекунад?
10. Оё ба Канхария нарафтани Павлус тарсончакӣ буд? Фаҳмонед.
10 Павлус аз рафтан ба Канхария даст мекашад, чунки намехоҳад ҷонашро дар хатар гузорад. Ғайр аз ин, ӯ мехоҳад амонатро, яъне хайрияҳои бародаронро ба Ерусалим бурда расонад. Ӯ бо ҳамон роҳе, ки омада буд, яъне аз Мақдуния гузашта рафтанӣ мешавад. Албатта, ин сафар ҳам бехатар набуд, зеро дар он замонҳо роҳзанҳо бисёр буданд. Ҳатто дар меҳмонхонаҳои сари роҳ сафаракиён аз хавфу хатар эмин набуданд. Ба ҳар ҳол Павлус пиёда сафар карданро аз рафтан ба Канхария авлотар медонад. Инчунин ӯ ҳамсафарони вафодор дошт. Дар ин қисми сафараш ӯро Ористархус, Ғоюс, Секундус, Супотрус, Тимотиюс ва Трофимусу Тихиқус ҳамроҳӣ мекарданд (Кор. 20:3, 4).
11. Чӣ тавр масеҳиён имрӯз мекӯшанд худро аз хатар эмин доранд ва Исо дар ин бобат ба мо чӣ намуна гузошт?
11 Имрӯз низ масеҳиён ба мисли Павлус барои бехатарии худ дар хизмат чораҳо меандешанд. Масалан, онҳо дар баъзе ҷойҳо танҳо неву гурӯҳ-гурӯҳ ё ақаллан дунафарӣ хизмат мекунанд. Ҳарчанд мо, масеҳиён, медонем, ки аз озору азият ҷойи гурез нест, кӯшиш мекунем худро дидаю дониста зери хатар нагузорем (Юҳ. 15:20; 2 Тим. 3:12). Биёед мисоли Исоро дида бароем. Боре, вақте душманонаш дар Ерусалим хостанд ӯро сангсор кунанд, «ӯ пинҳон шуда, аз ибодатгоҳ берун рафт» (Юҳ. 8:59). Баъдтар, вақте яҳудиён забон як карданд, ки ӯро кушанд, «Исо дигар дар миёни яҳудиён ошкоро намегашт, балки аз он ҷо баромада, ба сарзамини назди биёбон... равона шуд» (Юҳ. 11:54). Исо мекӯшид ба қадри имкон худро муҳофизат кунад, то ин ки хости Худоро пурра ба ҷо орад. Пайравонаш низ имрӯз чунин мекунанд (Мат. 10:16).
«Ҳама... беҳад шод шуданд» (Корнома 20:5–12)
12, 13. а) Зинда шудани Офтихус ба аҳли ҷамоат чӣ хел таъсир кард? б) Касоне, ки наздиконашон фавтидаанд, аз кадом ваъдаи Худо тасаллӣ меёбанд?
12 Павлус ва шариконаш аз Мақдуния якҷоя сафар карданд, лекин баъд роҳашон, аз афташ, ҷудо шуд. Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар Трӯос боз якҷоя шуданд d. Ин аз суханони зерини Луқо аён аст: «Мо... баъди панҷ рӯз ба назди онҳо, ба Трӯос, расидем» e (Кор. 20:6). Воқеае, ки дар аввали ин боб тасвир шуда буд, дар ҳамон ҷо, дар Трӯос, рӯй дод. Чуноне хондем, Офтихуси ҷавон аз нав зинда шуд. Тасаввур кунед, ки бародарони он ҷо Офтихусро, ки афтида мурд, зиндаву саломат дида чӣ қадар хурсанд шуданд! Ба тасдиқи ин дар Корнома гуфта шудааст: «ҳама... беҳад шод шуданд» (Кор. 20:12).
13 Ҷойи баҳс нест, ки ҳоло ягон мурда зинда намешавад. Ба ҳар ҳол касоне, ки наздиконашонро аз даст додаанд, аз умеди зиндашавие, ки дар Каломи Худо навишта шудааст, «беҳад шод» мегарданд (Юҳ. 5:28, 29). Лекин зиндашавии оянда аз зинда шудани Офтихус фарқ мекунад. Азбаски Офтихус одами нокомил буд, ӯ дубора мурд (Рум. 6:23). Аммо касоне, ки дар дунёи нав зинда мешаванд, абадӣ зиндагӣ карда метавонанд. Тадҳиншудагон-чӣ? Онҳо пас аз марг зинда шуда, бо Исо дар осмон ҳукмронӣ мекунанд, соҳиби ҳаёти бефано мегарданд (1 Қӯр. 15:51–53). Дар ҳақиқат, масеҳиён, хоҳ тадҳиншуда бошанд, хоҳ не, барои «беҳад шод» гаштан сабаби ҷиддӣ доранд (Юҳ. 10:16).
«Ҳам дар пеши мардум ва ҳам хона ба хона» (Корнома 20:13–24)
14. Павлус бо пирони Эфсӯс дар Милитус вохӯрда, ба онҳо чӣ гуфт?
14 Павлусу ҳамсафаронаш аз Трӯос ба Асӯс, Митилинӣ, Хиюс, Сомӯс ва Милитус равона мешаванд. Павлус мақсад дорад, ки то Иди Ҳафтаҳо ба Ерусалим расад, барои ҳамин қарор мекунад, ки роҳро бо киштӣ миёнабур кунад. Ҳамин тавр, Павлус дар роҳи бозгашт ба Эфсӯс рафта наметавонад, лекин мехоҳад, ки пирони Эфсӯсро бинад. Аз ин рӯ ӯ онҳоро ба Милитус даъват менамояд (Кор. 20:13–17). Вақте он бародарон аз Эфсӯс меоянд, Павлус ба онҳо чунин мегӯяд: «Шумо нағз медонед, ки аз рӯзи аввали ба Осиё қадам монданам дар байни шумо чӣ гуна рафтор мекардам, чӣ тавр ман бо тамоми хоксорӣ, бо ашкҳо ва азобҳое, ки аз найрангҳои яҳудиён ба сарам омада буд, ба Сарвар ғуломвор хизмат мекардам. Ман худро аз гуфтани ҳар он чӣ бароятон фоиданок буд, бознамедоштам ва шуморо ҳам дар пеши мардум ва ҳам хона ба хона таълим медодам. Ман ҳам ба яҳудиён ва ҳам ба юнониён як ба як шаҳодат дода мегуфтам, ки онҳо бояд тавба карда, ба Худо рӯ оранд ва ба Ҳазратамон Исо имон дошта бошанд» (Кор. 20:18–21).
15. Чаро мо, Шоҳидони Яҳува, асосан хона ба хона мавъиза мекунем?
15 Дар рӯзҳои мо хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо бо тарзҳои гуногун паҳн мегардад. Мисли Павлус мо кӯшиш мекунем дар ҳар ҷое одамон ҳастанд, масалан, дар истгоҳҳо, кӯчаҳои серодам, бозору мағозаҳо имкониятро аз даст надода, шаҳодат диҳем. Вале тарзи асосии паҳн кардани хушхабар хизмати хона ба хона мебошад. Чаро? Як сабаб ин аст, ки ҳангоми ин навъи хизмат хушхабар ба ҳама одамон расонда мешавад. Ин нишон медиҳад, ки Яҳува рӯйбин нест ва одамонро ҷудо намекунад, балки ба ҳама имкон медиҳад ростиро шунаванд. Ҳамчунин ҳангоми хизмати хона ба хона мо метавонем ба ҳар як нафаре, ки шавқманд мегардад, алоҳида суҳбат карда, онҳоро бо Яҳува шинос кунем. Ғайр аз ин, хона ба хона мавъиза карда, мо имон ва истодагии худро зиёд мегардонем. Бале, ходимони ҳақиқии Худо бо он фарқ мекунанд, ки «ҳам дар пеши мардум ва ҳам хона ба хона» бо ҷидду ҷаҳд шаҳодат медиҳанд.
16, 17. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Павлус далеру нотарс буд, ва чӣ тавр мо ба ӯ пайравӣ мекунем?
16 Павлус ба пирони Эфсӯс иқрор мешавад, ки ӯ дар бораи душвориҳое, ки дар роҳи бозгашт ӯро интизоранд, намедонад. Вале суханашро давом дода чунин мегӯяд: «Ман ҷони худро азиз намедорам, балки муродам фақат ин аст, ки роҳи худ ва он хизматеро, ки Ҳазратамон Исо ба ман супурдааст, ба охир расонам, яъне дар бораи хушхабари лутфу марҳамати Худо нағз шаҳодат диҳам» (Кор. 20:24). Павлус азм кард, ки хизматашро дар ҳар ҳолат давом диҳад. Ӯ нагузошт, ки ягон беморӣ ё таъқибу озори бераҳмона ӯро аз иҷро кардани хости Худо боздорад.
17 Имрӯз низ зиндагии масеҳиён бе душворӣ нест. Баъзе бародару хоҳарон дар ҷойҳое зиндагӣ мекунанд, ки хизмати мо аз тарафи давлат манъ шудаасту онҳо бо озору азият дучор мегарданд. Баъзеи дигарашон бо бемории ҷисмонӣ ё равонӣ дастбагиребонанд. Ҳамимонони ҷавони моро бошад, бисёр вақт ҳамсинфонашон ба корҳои бад тела медиҳанд. Вале мо, Шоҳидони Яҳува, дар ҳама ҳолат кӯшиш мекунем мисли Павлус истодагӣ кунем. Мо мехоҳем чун ин расули боғайрат «дар бораи хушхабари... Худо нағз шаҳодат» диҳем.
«Ба худатон ва ба тамоми рама диққат диҳед» (Корнома 20:25–38)
18. Павлус, барои он ки хуни ягон кас бар гардани ӯ набошад, чӣ кор кард ва чӣ тавр пирони Эфсӯс ба ӯ пайравӣ карда метавонистанд?
18 Павлуси расул суханашро давом дода ба пирони Эфсӯс маслиҳати рӯйирост медиҳад. Дар аввал ӯ гуфта мегузарад, ки, аз афташ, ин бори охиринест, ки онҳоро рӯ ба рӯ мебинад. Сипас мегӯяд: «Хуни ягон кас бар гардани ман нест, зеро ман ҳеҷ як фурсатро аз даст надода ба шумо тамоми нияти Худоро гуфтаам». Ӯ, бо нияти он ки пирони Эфсӯс ҳам ба хуни ягон кас зомин набошанд, онҳоро чунин насиҳат мекунад: «Ба худатон ва ба тамоми рама диққат диҳед, зеро рӯҳи муқаддас шуморо бар он нозир таъйин кардааст, то ҷамоати Худоро, ки бо хуни Писари ӯ харида шудааст, чӯпонӣ кунед» (Кор. 20:26–28). Павлус онҳоро огоҳ мекунад, ки ба миёни рама «гургони дарранда» медароянд ва «таълимоти нодурустро паҳн мекунанд, то шогирдонро аз паси худ баранд». Пас, чӣ ба пирони Эфсӯс кумак мекунад, ки ҷамоати Яҳуваро нағз чӯпонӣ кунанд? Павлус мегӯяд: «Бедору ҳушёр бошед ва дар ёд доред, ки ман се соли дароз шабу рӯз ашк рехта ҳар яки шуморо пайваста насиҳат мекардам» (Кор. 20:29–31).
19. Дар охири асри як дар ҷамоати масеҳӣ чӣ рӯй дод ва бо гузашти асрҳо оқибат чӣ шуд?
19 «Гургони даррандае», ки Павлус дар бораашон гуфт, охирҳои асри як сар баровардан гирифтанд. Тахминан соли 98-уми милодӣ Юҳаннои расул дар ин бора чунин навишт: «Аллакай ҳозир зиддимасеҳони зиёде пайдо шудаанд... Онҳо аз байни мо рафтанд, зеро мисли мо набуданд. Агар онҳо мисли мо мебуданд, бо мо мемонданд» (1 Юҳ. 2:18, 19). Пайдо шудани осиён ба он оварда расонд, ки аллакай дар асри се дар байни масеҳиён гурӯҳи махсусе ба миён омад. Онҳо касоне буданд, ки худро аз дигар аъзои ҷамоати масеҳӣ боло мегирифтанд ва бар онҳо ҳукмронӣ мекарданд. Дар асри чор бошад, император Константин ин дини фосидгаштаи масеҳиро расман қабул кард. Роҳбарони ин дин урфу одатҳои бутпарастиро қабул карда, ба онҳо шакли масеҳӣ доданд. Ҳамин тавр онҳо «таълимоти нодурустро паҳн» мекарданд. Ҳоло ҳам дар динҳои ба ном масеҳӣ аз таълимоти нодуруст дил накандаанд ва маросиму одатҳои бутпарастиро риоя мекунанд.
20, 21. Чаро метавон гуфт, ки Павлуси расул фидокор буд, ва пирон имрӯз аз ӯ чӣ ибрат мегиранд?
20 Павлуси расул аз онҳое, ки баъдтар худро аз ҷамоати масеҳӣ боло гирифтанд, аз замин то осмон фарқ мекард. Павлус барои худро таъмин кардан кор мекард ва ба гардани бародару хоҳарон бор намешуд. Ӯ ҷон канда ба ҳамимононаш хизмат мекард ва ин хизматаш беғаразона буд. Павлус пирони Эфсӯсро низ даъват кард, ки фидокор бошанд. Ӯ ба онҳо гуфт: «[Шумо] бояд сустонро дастгирӣ кунед ва суханони Ҳазратамон Исоро дар хотир доред, ки гуфта буд: “Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад”» (Кор. 20:35).
21 Имрӯз пирони ҷамоати Яҳува мисли Павлус пеш аз ҳама фикри худро неву дигаронро мекунанд. Баръакси роҳбарони дини масеҳӣ, ки аз ҳисоби пайравонашон бою бадавлат мешаванд, ё ба қавле худро мечаронанд, бародароне, ки «ҷамоати Худоро... чӯпонӣ» мекунанд, ин корро бе ягон тамаъ ба ҷо меоранд. Дар ҷамоати пайравони Масеҳ барои ҳавобаландиву мартабапарастӣ ҷой нест, охир, шуҳратталабонро шикаст дар пеш аст ва оқибати худбовариву худхоҳӣ танҳо беобрӯйист (Пнм. 11:2; 25:27).
22. Барои чӣ пирони шаҳри Эфсӯс Павлусро дӯст медоштанд?
22 Павлуси расул ҳамимононашро аз дилу ҷон дӯст медошт, барои ҳамин бародарон ба ӯ меҳр баста буданд. Вақте Павлус раҳакӣ шуда бо онҳо хайрухуш мекард, «ҳама бисёр гиря карданд ва Павлусро ба оғӯш гирифта, меҳрубонона бӯсиданд» (Кор. 20:37, 38). Мо низ касонеро, ки мисли Павлус нисбати ҷамоати Яҳува ғамхору ҷонсупоранд, қадр мекунем ва аз таҳти дил дӯст медорем. Дар ин боб мо якчанд рӯйдодро аз ҳаёти Павлус дида баромадем ва фаҳмидем, ки ӯ «хуни ягон кас бар гардани ман нест» гуфта, манманӣ накард ва хизматашро аз будаш зиёд нишон надод, балки намунаи шоиставу ибратомӯзе гузошт (Кор. 20:26).
a Нигаред ба чорчӯбаи « Номаҳое, ки Павлус дар Мақдуния навишт».
b Аз афташ, Павлус «Нома ба румиён»-ро ҳангоми дар Қӯринт буданаш менависад.
c Нигаред ба чорчӯбаи « Хайрия бурдани Павлус».
d Дар Корнома 20:5, 6 Луқо ҷонишини «мо»-ро истифода бурдааст. Ин, аз афташ, ба он ишора мекунад, ки ӯ якчанд вақт бо Павлус набуд, аммо баъд дар Филиппӣ боз ба ӯ ҳамроҳ шуд (Кор. 16:10–17, 40).
e Сафар бо киштӣ аз Филиппӣ то Трӯос панҷ рӯз давом кард, аз ин пештар бошад, он ҳамагӣ ду рӯзро гирифта буд (Кор. 16:11). Шояд, ин дафъа киштӣ аз пушти бодҳои мухолиф дертар расид.