Феҳристи тасвирҳо
бо ишораи саҳифаҳо
Муқова: Павлус, Тобито, Ғолиюн, Луқо, навкари ибодатгоҳ ва расулон, саддуқӣ, Павлусро ба Қайсария бурда истодаанд, мавъиза бо фонограф ва мошини баландгӯякдор.
Саҳифаи 1 Павлуси занҷирбанд ҳамроҳи Луқо бо киштии боркаш ба Рум сафар карда истодаанд.
Саҳифаҳои 2, 3 Ҷон Бар ва Теодор Ярач, ки дар Ҳайати роҳбарикунанда буданд, дар назди харитаи ҷаҳон истодаанд.
Саҳифаи 11 Исо дар кӯҳи Ҷалил ба 11 расули бовафо ва дигар шогирдонаш супориш медиҳад.
Саҳифаи 15 Исо ба осмон рафта истодааст, расулонаш бошанд, ба ӯ менигаранд.
Саҳифаи 22 Дар Иди Ҳафтаҳо шогирдон ба забони модарии ҳозирон гап мезананд.
Саҳифаи 40 Расулон дар назди Қаёфои пурхашм истодаанд. Сарбозон бо фармони Шӯрои олӣ онҳоро дастгир кардаанд.
Саҳифаи 49 Дар поён: баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон додгоҳи Олмони Шарқӣ Шоҳидони Яҳуваро бардурӯғ айбдор карданд, ки онҳо ҷосусони амрикоиянд («Neue Berliner Illustrierte», 3 октябри с. 1950).
Саҳифаи 52 Истефанус дар назди Шӯрои олӣ истодааст. Дар пушт саддуқиёни бой, аз пеш бошад, фарисиёни суннатпараст тасвир ёфтаанд.
Саҳифаи 60 Петрус бар шогирди нав даст мегузорад. Шимъӯн дар даст ҳамёни пул дорад.
Саҳифаи 85 Петрусу ҳамроҳонаш ба хонаи Корнилюс медароянд. Корнилюс бар китфи чапаш болопӯше дорад, ки мирисад буданашро нишон медиҳад.
Саҳифаи 93 Фаришта Петрусро роҳнамоӣ мекунад. Аз афташ, Петрус дар қалъаи Антония зиндонӣ буд.
Саҳифаи 95 Дар поён: гурӯҳи одамони бадхашм дар наздикии Монреали Квебек, соли 1945 («Weekend Magazine», июли с. 1956).
Саҳифаи 103 Павлус ва Барнабборо аз Антиохияи Писидия пеш карда истодаанд. Дар пушт обрави шаҳр намудор аст, ки, эҳтимол, дар оғози асри як сохта шуда буд.
Саҳифаи 106 Павлусу Барнаббо намегузоранд, ки мардуми Лустра онҳоро парастиш кунанд. Овардани қурбониҳои оммавӣ одатан пуршӯру ғавғо ва бо садои мусиқӣ мегузашт.
Саҳифаи 113 Дар боло: Яҳудо ва Сило ҷамоати Антиохияи Сурияро рӯҳбаланд мекунанд (Кор. 15:30–32). Дар поён: нозири ноҳиявӣ ба ҷамоати Уганда муроҷиат мекунад.
Саҳифаи 121 Вохӯрии ҷамоати Ерусалим дар хона гузашта истодааст.
Саҳифаи 142 Павлусу Тимотиюс ҳангоми сафарашон бо киштии тиҷоратии Рум. Аз дур бурҷи чароғи раҳнамо намудор аст.
Саҳифаи 157 Павлусу Сило аз мардуми оташин гурехта истодаанд.
Саҳифаи 177 Бо амри Ғолиюн мухолифони Павлусро меронанд. Сарулибоси Ғолиюн мартабаашро нишон медиҳад: ӯ болопӯш ё «тога»-и сафеди мағзияш қирмизӣ ва «калсей», як навъ чоруқи румӣ, пӯшидааст.
Саҳифаи 180 Дар Эфсӯс Димитриюс ба нуқрагарони устохона муроҷиат мекунад. Дар назди устохона пайкарачаҳои нуқрагини ибодатгоҳи Артемидаро ба фурӯш мондаанд.
Саҳифаи 195 Павлус ва ҳамроҳонаш ба киштӣ даромада истодаанд. Аз дурӣ ҳайкали бузурге, ки дар асри яки то милод сохта шуда буд, намоён аст.
Саҳифаи 205 Дар поён: солҳои 1940-ум, ҳангоми манъ будани адабиётамон дар Канада як Шоҳиди Яҳува пинҳонӣ якчанд нусхаи онро расонда истодааст. (Саҳнагузорӣ шудааст.)
Саҳифаи 208 Павлус маслиҳати пиронро қабул мекунад. Дар пушт Луқо ва Тимотиюс нишастаанд. Онҳо ба расондани хайру садақот кумак мекунанд.
Саҳифаи 218 Дар қалъаи Антония, ки, шояд, Павлус дар он ҷо ҳабс шуда буд, ҷияни Павлус бо Клавдиюс Лисиёс гап зада истодааст. Дар пушташон ибодатгоҳи Ҳиродус намоён аст.
Саҳифаи 236 Павлус дар киштии боркаш дар ҳаққи ҳамсафарони хаставу бемаҷолаш дуо гуфта истодааст.
Саҳифаи 254 Павлуси маҳбус, ки дастонаш ба дасти сарбози румӣ занҷирбанд аст, ба тарафи Рум нигоҳ мекунад.