Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 10

«Каломи Яҳува торафт» паҳн мегашт

«Каломи Яҳува торафт» паҳн мегашт

Петрус раҳо шуд; озорҳо пеши роҳи паҳн шудани хушхабарро нагирифтанд

Бар Корнома 12:1–25 асос ёфтааст

1–4. Ба сари Петрус чӣ гуна мушкилӣ омад ва, агар шумо ба ҷойи ӯ мебудед, чӣ ҳис мекардед?

 ДАРВОЗАИ оҳанин садои гӯшхарош бароварда аз паси Петрус пӯшида шуд. Петрусро, ки дар байни ду сарбози румӣ занҷирбанд буд, ба ҳуҷраи зиндон бурданд. Ӯ дар он ҷо соатҳои дароз, шояд, рӯзҳои дароз фикр мекард, ки бо ӯ чӣ мешавад. Дар пеши назари вай танҳо деворҳо, панҷараҳои зиндон ва занҷирҳову посбонон буданд.

2 Оқибат ба Петрус хабари нохушро расонданд: шоҳ Ҳиродуси Ағрипоси I ният кардааст ӯро кушад a. Ӯ мехост пас аз Иди Раҳоӣ Петрусро ба назди мардум барорад ва ба ӯ ҳукми қатл бароварда, яҳудиёнро хурсанд кунад. Куштори Петрус, бешубҳа, аз дасти Ҳиродус меомад, зеро чанде пеш ӯ яке аз ҳамроҳони Петрусро — Яъқуби расулро, ба қатл расонда буд.

3 Бегоҳи пеш аз рӯзи қатл фаро расид. Дар ҳуҷраи торики зиндон аз сари Петрус чӣ андешаҳо мегузарад? Шояд, ӯ суханони Исоро, ки якчанд сол пеш гуфта буд, ба хотир овард. Исо пешгӯйӣ карда буд, ки Петрусро зӯран бандубаст карда, ба марг месупоранд. Петрус, шояд, фикр мекард, ки рӯзи гуфтаи Исо фаро расида бошад ё не (Юҳ. 21:18, 19).

4 Агар шумо ба ҷойи Петрус мебудед, чӣ ҳис мекардед? Бисёр касон ноумеду дилшикаста мешаванд. Вале дар бораи пайравони ҳақиқии Исои Масеҳ чӣ гуфтан мумкин аст? Оё онҳо тамоман ноумед мешаванд? Муносибати Петрусу дигар масеҳиён ба озорҳо чӣ гуна буд ва мо аз онҳо чӣ меомӯзем? Биёед ба ин саволҳо ҷавоб ёбем.

«Аҳли ҷамоат... бо ҷидду ҷаҳд дуо мегуфт» (Корнома 12:1–5)

5, 6. а) Шоҳ Ҳиродуси Ағрипоси I ба ҷамоати масеҳӣ чӣ тавр ҳамла овард ва чаро? б) Чаро марги Яъқуб барои ҷамоат хеле дардовар буд?

5 Чуноне аз боби гузаштаи ин китоб фаҳмидем, масеҳӣ шудани Корнилюсу аҳли оилааш дар таърихи ҷамоати масеҳӣ як навоварии калоне буд. Вале дар ақли яҳудиён намеғунҷид, ки чӣ тавр масеҳиёни яҳудӣ бо ғайрияҳудиён Худоро мепарастанд.

6 Сиёсатмадори айёр Ҳиродус пай бурд, ки, агар масеҳиёнро озор диҳад, дили яҳудиёнро ба даст меорад. Аз эҳтимол дур нест, ки ӯ шунида буд, ки Яъқуби расул яке аз дӯстони наздики Исои Масеҳ буд. Аз ин рӯ Ҳиродус «бародари Юҳанно — Яъқубро, бо шамшер кушт» (Кор. 12:2). Ин ба аҳли ҷамоат дарду алами зиёд овард! Яъқуб яке аз се расуле буд, ки дигаргун шудани Исоро бо чашми худ дида буданд. Ӯ ҳамчунин шоҳиди баъзе муъҷизаҳое шуда буд, ки дигар расулон надида буданд (Мат. 17:1, 2; Марқ. 5:37–42). Исо Яъқуб ва бародараш Юҳанноро «писарони раъд» номид, зеро дар хизмат оташи ғайраташон аланга мезад (Марқ. 3:17). Ҳамин тавр, ҷамоат бародари далеру вафодор ва расули азизро аз даст дод.

7, 8. Аҳли ҷамоат пас аз зиндонӣ шудани Петрус чӣ кор кард?

7 Куштори Яъқуб, чуноне ки Ағрипос умедвор буд, ба яҳудиён хуш омад. Аз ин рӯ шоҳ шерак шуда аз пайи куштани Петрус шуд. Чи тавре ки дар аввали ин боб гуфтем, ӯ Петрусро дастгир кард. Эҳтимол, ба гӯши Ағрипос расида буд, ки боре расулон аз зиндон муъҷизавор раҳо шуданд, чуноне ки дар боби панҷуми ин китоб нақл шудааст. Барои ҳамин ҷойи тааҷҷуб нест, ки Ҳиродус Петрусро байни ду посбон занҷирбанд кард. Ҳамчунин 16 посбон бо навбат шабу рӯз ин расулро посбонӣ мекарданд, то ӯ гурехта натавонад. Агар чунин мешуд, ин посбонон ҳамон ҷазоеро мегирифтанд, ки ба Петрус бароварда шуд. Дар ин вазъияти душвор аз дасти ҳамимонони Петрус чӣ меомад? Онҳо нағз медонистанд, ки чӣ кор кунанд.

8 Дар Корнома 12:5 гуфта шудааст: «Петрусро дар зиндон нигоҳ медоштанд, аҳли ҷамоат бошад, дар ҳаққи ӯ бо ҷидду ҷаҳд дуо мегуфт». Бале, дуои онҳо барои бародари азизашон гарму ҷӯшон буд. Пас, қатли Яъқуб онҳоро шикаставу ноумед накарда буд. Ҳамчунин онҳо дуоро камаҳамият намеҳисобиданд. Шубҳае нест, ки барои Яҳува дуои ходимонаш пурарзиш аст ва, агар дуоҳо мувофиқи хосташ бошанд, ӯ ба онҳо ҷавоб медиҳад (Ибр. 13:18, 19; Яъқ. 5:16). Ин дарси муҳимест барои масеҳиёни имрӯз.

9. Чӣ тавр мо ба масеҳиёне, ки барои Петрус дуо мегуфтанд, пайравӣ карда метавонем?

9 Оё шумо бародару хоҳаронеро медонед, ки ба сарашон азобҳо омадаанд? Шояд, онҳоро озор медиҳанд, дар давлаташон фаъолиятамонро манъ кардаанд ё онҳо аз офати табиӣ зарар дидаанд. Ин бародару хоҳарон, бешубҳа, ба дуоҳои гарму ҷӯшони шумо ниёзи калон доранд. Шояд, шумо касонеро мешиносед, ки бо душвориҳои ба чашм начандон аён дучор гаштаанд, масалан, бо душворӣ дар оила, рӯҳафтодагӣ ё бо ягон озмоиши дигари имон. Хуб мебуд пеш аз дуо гуфтан дар бораи касоне, ки ба ёрӣ муҳтоҷанд, каме андеша кунед. Сипас онҳоро ном ба ном гирифта аз Яҳува — «Шунавандаи дуоҳо», барояшон мадад пурсед (Заб. 65:2). Чунин мададхоҳӣ барои дигарон муҳим аст ва худи шумо низ дар вақтҳои душвор ба чунин кумаки бародару хоҳарон муҳтоҷ шуда метавонед.

Мо дар ҳаққи ҳамимононамон, ки барои имонашон ҳабс шудаанд, дуо мегӯем

«Аз пайи ман биё» (Корнома 12:6–11)

10, 11. Нақл кунед, ки чӣ тавр фариштаи Яҳува Петрусро аз зиндон баровард.

10 Оё Петрус аз нияти Ҳиродус хабардор шуда ба тарсу воҳима афтод? Инашро намедонем, ба мо фақат ҳаминаш маълум аст, ки ӯ он шаб дар зиндон байни ду посбони ҳушёру бедор масти хоб буд. Ин марди имондор, бешубҳа, медонист, ки чизе рӯй надиҳад, Яҳува ӯро намепартояд (Рум. 14:7, 8). Вале дар гӯшаи хаёли Петрус набуд, ки ӯро чӣ гуна ҳодисаҳои ҳайратангез дар пешанд. Он шаб ногаҳон дар ҳуҷраи зиндон нуре дурахшид. Дар он ҷо фариштае пайдо шуд. Ин фаришта, ки, эҳтимол, ба посбонон ноаён буд, дарҳол Петрусро бедор кард. Занҷирҳои оҳанине, ки мустаҳкам метофтанд, ба осонӣ аз дастони Петрус афтиданд.

«Онҳо назди дарвозаи оҳанине омаданд, ки сӯйи шаҳр мебурд, ва он худ ба худ дар пеши онҳо кушода шуд» (Корнома 12:10)

11 Фаришта ба Петрус амр дод: «Тезтар аз ҷоят хез!.. Миёнатро бибанду пойафзолатро бипӯш... Ҷомаатро бипӯш». Петрус шитобон амри фариштаро ба ҷо овард. Ниҳоят он фаришта гуфт: «Аз пайи ман биё», ва Петрус аз пайи ӯ рафт. Онҳо аз ҳуҷраи зиндон баромаданд, аз пеши посбонон гузаштанд ва бесадо сӯйи дарвозаи оҳанини калон рафтанд. Вале он дарвоза баста буд. Онҳо аз ин дарвоза чӣ хел мегузашта бошанд? Агар чунин савол ба сари Петрус омада бошад, он дурудароз бе ҷавоб намонд. Вақте онҳо ба назди дарвоза расиданд, он «худ ба худ дар пеши онҳо кушода шуд». Петрус нафаҳмида монд, ки чӣ тавр онҳо аз дарвоза гузашта, ба кӯча баромаданд. Пас аз ин фаришта аз назари ӯ нопадид гашт. Петрус танҳо монд ва фаҳмид, ки ҳамаи ин хоб набудааст. Ӯ ҳақиқатан ҳам дар озодӣ буд! (Кор. 12:7–11).

12. Чаро мо дар бораи наҷоти Петрус андеша ронда оромиву тасаллӣ пайдо мекунем?

12 Дар бораи қувваи бепоёну наҷотбахши Яҳува фикр кардан тасалливу оромӣ мебахшад. Петрусро подшоҳе зиндонӣ карда буд, ки намояндаи бақувваттарин давлати дунё буд, вале Петрус ба осонӣ аз зиндон баромад. Албатта, Яҳува барои ҳамаи ходимонаш чунин муъҷизаҳо намекунад. Масалан, ӯ Яъқубро муъҷизавор наҷот надод. Ҳамчунин баъдтар Петрусро низ аз марг халос накард — ӯро, чуноне ки Исо пешгӯйӣ карда буд, ба қатл расонданд. Имрӯз ҳам масеҳиён интизор нестанд, ки муъҷизавор халос мешаванд. Вале мо бояд дар хотир дорем, ки Яҳува — Раҳодиҳандаи бузург, тағйир наёфтааст (Мал. 3:6). Ба қарибӣ ӯ ба воситаи Писараш миллионҳо нафарро аз қайду банди зиндони маҳкамтарин — марг, озод мекунад (Юҳ. 5:28, 29). Вақте аз сарамон мушкилиҳо мегузаранд, ин гуна ваъдаҳои Яҳува ба мо далериву қуввати беандоза мебахшанд.

«Вақте... ӯро диданд, ҳуш аз сарашон парид» (Корнома 12:12–17)

13–15. а) Озод шудани Петрус ба аҳли ҷамоати хонаи Марям чӣ тавр таъсир кард? б) Дар Корнома минбаъд гап бештар дар бораи кӣ меравад ва дар бораи хизмати баъдинаи Петрус чӣ гуфтан мумкин аст?

13 Петрус дар кӯчаи торик истода фикр мекард, ки акнун чӣ кор кунад. Чанде нагузашта ӯ ба қароре омад. Дар наздикӣ зани масеҳие мезист, ки Марям ном дошт. Эҳтимоли зиёд аст, ки ӯ бевазани сарватманде буд ва хонаи калоне дошт, ки дар он аҳли ҷамоат вомехӯрд. Ӯ модари Юҳаннои Марқус буд. Метавон қайд кард, ки дар Корнома номи Марқус ин ҷо бори аввал зикр шудааст. Марқус баъдтар, чи тавре ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, барои Петруси расул мисли писар гашт (1 Пет. 5:13). Он шаб бисёри бародару хоҳарон дар хонаи Марям ҷамъ омада, то дерӣ беист дуо мегуфтанд. Бешубҳа, онҳо барои раҳо шудани Петрус дуо мегуфтанд, вале умедвор набуданд, ки Яҳува ба дуояшон чунин ҷавоб медиҳад.

14 Петрус дарвозаи ҳавлиро тақ-тақ кард. Ба овози дар канизаке баромад, ки номаш Рудо буд. Рудо номи паҳнгаштаи юноние буд, ки маънояш «садбарг» аст. Ин канизак овози Петрусро шинохта ба гӯшҳояш бовар накард. Ба ҷойи дарро кушодан ӯ аз шодиву ҳаяҷон давида ба хона баргашт ва ба аҳли ҷамоат гуфт, ки Петрус дар паси дарвоза аст. Онҳо бошанд, гуфтанд, ки ӯ девона шудааст, лекин Рудо дар гапаш истода мегуфт, ки ӯ овози Петрусро бо гӯши худ шунид. Оқибат баъзеҳо гумон карданд, ки ин фариштаест, ки дар симои Петрус зоҳир шудааст (Кор. 12:12–15). Тамоми ин вақт Петрус дарвозаро мекӯфт ва ниҳоят онро кушоданд.

15 «Вақте онҳо дарро кушода, ӯро диданд, ҳуш аз сарашон парид» (Кор. 12:16). Онҳо аз шодӣ ғалоғула мекарданд, аммо Петрус онҳоро ором карда ба нақли саргузашташ шуруъ намуд. Пас аз ин ӯ ба онҳо гуфт, ки ҳама гапро нарезондаю начаконда ба Яъқубу дигар бародарон расонанд. Бо ҳамин ӯ барои ба дасти сарбозони Ҳиродус наафтодан роҳи гурезро пеш гирифт, бародару хоҳарони ҷамъомада бошанд, баъд аз рафтани ӯ ҳам хеле вақт шоду хурсанд буданд. Петрус ба ҷойи бехатаре рафт, то дар он ҷо хизматашро давом диҳад. Дар Корнома пас аз ин дар бораи ӯ танҳо дар боби 15-ум, вақте масъалаи хатна бардошта шуд, ёдрас шудааст. Аз ин ҷо сар карда дар Корнома бештар дар бораи кору сафарҳои Павлуси расул нақл шудааст. Ба ҳар ҳол мо бовар дошта метавонем, ки ба куҷое қадами Петрус нарасида бошад, ӯ бародару хоҳаронро дастгирӣ карда имонашонро бақувват менамуд.

16. Чаро мо дилпурем, ки рӯзҳои хуш дар пешанд?

16 Баъзан Яҳува ходимонашро чунон баракат медиҳад, ки онҳо ҳатто интизор нестанд, ва, бешубҳа, ин боиси хурсандии беҳадду канори онҳо мегардад. Як тасаввур кунед, бародару хоҳароне, ки Петрусро шаби озод шуданаш диданд, чӣ қадар хурсанд шуданд! Имрӯз низ мо баъзан аз баракатҳои фаровони Яҳува ба ҳайрат омада хурсандӣ мекунем (Пнм. 10:22). Дар оянда бошад, мо мебинем, ки чӣ тавр ҳама ваъдаҳои Яҳува дар саросари ҷаҳон амалӣ мегарданд. Дар фикру хаёли кас намеғунҷад, ки то чӣ андоза он вақт замин дигаргун хоҳад шуд. Биёед ба Яҳува вафодор монда ба он рӯзҳои хуш бирасем!

«Фариштаи Яҳува Ҳиродусро зарба зад» (Корнома 12:18–25)

17, 18. Чӣ шуд, ки мардум ба Ҳиродус хушомад заданд?

17 Халос хӯрдани Петрус Ҳиродусро низ ба ҳайрат овард, лекин ӯ аз ин ҳодиса на хурсанд, балки хашмгин шуд. Ӯ дарҳол фармон дод, ки Петрусро кофтуков кунанд ва посбононашро пурсуҷӯ намоянд. Оқибат Ҳиродус амр дод, ки «онҳоро бурда, ҷазо диҳанд» (Кор. 12:19). Аз афташ, он посбононро ба қатл расонданд. Маълум аст, ки Ҳиродуси Ағрипос одами раҳмдилу меҳрубон набуд. Оё ин марди сангдил ҷазояшро гирифт?

18 Эҳтимол, Ҳиродус, вақте зӯраш ба Петрус нарасиду ӯ зинда монд, худро шармандаю сархам ҳис кард. Аммо чанде пас вазъияте ба миён омад, ки ба ин ғурури захмдидаи ӯ марҳам гашт. Баъзе душманони Ҳиродус барои сулҳ бастан ба наздаш омаданд. Ин баҳона шуду ӯ дар пеши ҳозирони сершумор сухан ронда худнамоӣ кард. Луқо мегӯяд, ки Ҳиродус ба ин маърака тайёрӣ дида «либоси шоҳона пӯшид». Таърихнигори яҳудӣ Юсуф Флавиюс навиштааст, ки либоси Ҳиродус нуқрабофт буд, аз ин рӯ ӯ дар равшанӣ сар то по ҷило медод. Вақте ин сиёсатмадори шуҳратдӯст баромад кард, мардуми хушомадгӯ фарёд зад: «Ин овози худост, на овози одам!» (Кор. 12:20–22).

19, 20. а) Чаро Яҳува Ҳиродусро ҷазо дод? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки нақл дар бораи марги ногаҳонии Ҳиродуси Ағрипос тасаллибахш аст?

19 Чунин васфу ситоишро танҳо Худо сазовор аст. Ҳиродус метавонист мардумро аз чунин гуфтор боздорад, ё ин ки ақаллан бо суханонашон розӣ нашавад. Вале ӯ чунин накард ва Худо, ки ҳамаи инро медид, ӯро ҷазо дод. Чуноне ки дар Панднома гуфта шудааст: «Оқибати ғурур фалокат аст» (Пнм. 16:18). Вақте Ҳиродус аз болобардор кардани мардум гул-гул мешукуфт, «фариштаи Яҳува Ҳиродусро зарба зад» ва ҳамин тавр ин ҳокими худпарасту ҳавобаланд гирифтори бемории марговару даҳшатноке гашт. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки «кирмҳо ӯро хӯрданду ӯ мурд» (Кор. 12:23). Таърихнигор Юсуф Флавиюс низ қайд мекунад, ки Ҳиродуси Ағрипос ногаҳон бемор шуд. Ӯ мегӯяд, ки шоҳ ба чунин хулосае омад, ки аз пушти васфу ситоиши мардумро қабул карданаш ба ин дарди бедаво печид. Юсуф Флавиюс навиштааст, ки Ағрипос пас аз панҷ рӯзи беморӣ оқибат мурд b.

20 Баъзан чунин метобад, ки одамони худобехабар ба бисёр бадиҳо даст зада беҷазо мемонанд. Мо аз ин набояд ҳайрон шавем, чунки «тамоми ҷаҳон дар таги дасти Иблис аст» (1 Юҳ. 5:19). Ба ҳар ҳол баъзан ходимони вафодори Худо аз он ба ташвиш меоянд, ки одамони бадкирдор ҷазо намебинанд. Ин ходимони Худо аз нақл дар бораи марги Ҳиродус ва воқеаҳои ба ин монанд тасалло ёфта метавонанд. Аз ин гуна нақлҳо аён аст, ки Яҳува бадкориро нодида намегирад. Ӯ ба ҳамаи ходимонаш хотиррасон мекунад, ки Худои адолатдӯст аст ва дер ё зуд сазои бадкоронро медиҳад (Заб. 33:5).

21. Боби 12-уми Корнома кадом фикри муҳимро дар бар мегирад ва чаро он барои мо тасаллибахш аст?

21 Ин нақл бо суханони рӯҳбахши зерин поён меёбад: «Каломи Яҳува торафт паҳн гашта, самар меовард» (Кор. 12:24). Яҳува имрӯз низ паҳнсозии хушхабарро баракат дода истодааст. Ҳарчанд боби 12-уми Корнома дар бораи кушта шудани як расул ва халос гаштани дигар расул нақл мекунад, он асосан дар бораи Яҳува ва муҳофизати ӯ мебошад. Яҳува нагузошт, ки Шайтон ҷамоати масеҳиро барҳам диҳад ва пешрафти кори мавъизаро боздорад. Ин тирҳои Шайтон ба нишон нарасиданд. Дигар нақшаҳои бадхоҳона низ ҳеҷ гоҳ барор намеёбанд, аммо касоне, ки кори Яҳува ва Исои Масеҳро дастгирӣ мекунанд, комёбу муваффақ мегарданд (Иш. 54:17). Бешубҳа, аз донистани ин мо қувват мегирем. Чӣ шарафи бузургест, ки мо имрӯз дар паҳн гаштани «каломи Яҳува» саҳмгузорем!

a Нигаред ба чорчӯбаи « Шоҳ Ҳиродуси Ағрипоси I».

b Ба ақидаи як нависанда ва пизишки шинохтаи замони мо, нишонаҳое, ки Юсуф Флавиюс ва Луқо гуфтаанд, ба беморие рост меояд, ки сабабаш лӯндакирмҳо буда метавонанд. Ин кирмҳо ковокии рӯдаро маҳкам мекунанд ва оқибат беморро ба марг мерасонанд. Баъзан бемор кирмҳоро қай мекунад, баъзан бошад, кирмҳо ҳангоми марги бемор аз баданаш берун меоянд. Дар маълумотномае қайд мешавад, ки Луқо бо тасвири дақиқи марги даҳшатноки Ҳиродус табиби коршинос буданашро маълум кардааст.