Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз пайғамбар Исо ибрат гиред

Аз пайғамбар Исо ибрат гиред

ҲАМДАРД БОШЕД

Исо марди комил буда, бисёре аз ранҷу азоби одамони нокомилро надида буд. Вале ӯ нисбати одамон бепарво набуд. Ӯ бо майлу хоҳиши зиёд ҳар кори аз дасташ меомадаро карда, ба дигарон ёрӣ медод. Бале, Исо дилсӯзу ҳамдард буд ва ба одамон ҳамеша дасти ёрӣ дароз мекард. Мисолҳои дар бобҳои 32, 37, 57 ва 99 овардаро хонед ва дар бораи ин хислати Исо мулоҳиза ронед.

ДАСТРАСУ ҒАМХОР БОШЕД

Ҳам хурду ҳам калон ба назди Исо меомаданд, чунки ӯ худро аз онҳо боло намегирифт, ӯ ягон зарра ҳавобаланд набуд. Одамон ғамхориву таваҷҷӯҳи Исоро дида, худро дар наздаш озод ҳис мекарданд. Дар ин бора аз бобҳои 25, 27 ва 95 хонед.

ҲАМЕША ДУО ГӮЕД

Исо доимо аз таҳти дил ба Худо дуо мегуфт. Вай инро ҳам дар танҳоӣ ва ҳам бо дигар ходимони содиқи Худо мекард. Ӯ на танҳо вақти хӯрокхӯрӣ, балки дар бисёр мавридҳои дигар низ дуо мегуфт. Исо Худоро шукр мегуфт, ҳамду сано мекард ва пеш аз қабули қарорҳои муҳим аз Ӯ роҳнамоӣ меҷуст. Якчанд мисолро оиди ин дар бобҳои 24, 34, 91, 122 ва 123 ёфта метавонед.

ФИДОКОР БОШЕД

Баъзан Исо монда шуда, мехост дам гирад, лекин ҳатто дар чунин вақтҳо ӯ фидокорона ба дигарон хизмат мекард. Ӯ пеш аз ҳама ғами худро неву ғами дигаронро мехӯрд. Аз ин ҷиҳат ҳам ӯ барои мо намунаи ибрат аст. Бобҳои 19, 41 ва 52-ро мутолиа карда, дар бораи намунаи Исо андеша ронед.

БАХШАНДА БОШЕД

Исо дар бораи бахшидан таълим медод ва худаш низ мувофиқи суханонаш амал карда, шогирдонаш ва дигар одамонро мебахшид. Мисолҳоеро, ки дар бобҳои 26, 40, 64, 85 ва 131 оварда шудаанд, дида бароед.

БОҒАЙРАТ БОШЕД

Дар Каломи Худо пешгӯйӣ шуда буд, ки аксари яҳудиён Масеҳро қабул намекунанд, душманонаш бошад, ӯро мекушанд. Аз ин сабаб Исо метавонист барои ба ин халқ хизмат кардан қуввати худро дареғ дорад. Вале ӯ чунин накард: Исо бо ҷидду ҷаҳд одамонро сӯйи Худо даъват мекард. Ӯ ба пайравонаш, ки бо бепарвоӣ ё зиддият рӯ ба рӯ мешаванд, намуна боқӣ гузошт. Бобҳои 16, 72 ва 103-ро хонед.

ХОКСОРУ ФУРӮТАН БОШЕД

Исо аз одамони нокомил як сару гардан боло буд. Ҳеҷ кас монанди вай донишу хирад надошт. Ҳамчунин ягон одам аз рӯйи қобилиятҳои ақлу танаш ба ӯ баробар шуда наметавонист. Бо вуҷуди ин Исо хоксору фурӯтан буд ва ба дигарон хизмат мекард. Шумо дар ин бора аз бобҳои 10, 62, 66, 94 ва 116 фаҳмида метавонед.

ПУРСАБР БОШЕД

Исо босабру тоқат буд. Вақте ки расулонаш ё дигар одамон хато мекарданд, аз рӯйи таълими ӯ рафтор наменамуданду ба вай пайравӣ намекарданд, пурсабриро аз даст намедод. Исо гаштаю баргашта ба онҳо чизҳои муҳимро ёд медод, то ки онҳо ба Яҳува наздик шуда тавонанд. Дар бораи сабру тоқати Исо дар бобҳои 74, 98, 118 ва 135 хонед.