Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 6

Кӯдаки ваъдашуда

Кӯдаки ваъдашуда

ЛУҚО 2:21–39

  • ИСОРО ХАТНА МЕКУНАНД ВА ДЕРТАР БА МАЪБАД МЕОРАНД

Юсуфу Марям ба Носира барнамегарданд, балки дар Байт-Лаҳм мемонанд. Мувофиқи Шариати Мӯсо Исоро дар ҳаштрӯзагиаш хатна мекунанд (Ибодат 12:2, 3). Ҳамчунин дар он рӯз аз рӯйи одати яҳудиён ба кӯдак ном мемонанд. Юсуфу Марям, чи хеле ки фаришта Ҷабраил гуфта буд, номи писарашонро Исо мемонанд.

Вақте Исо 40-рӯза мешавад, падару модараш ӯро ба маъбади Ерусалим мебаранд, ки он аз Байт-Лаҳм якчанд километр дуртар аст. Барои чӣ? Мувофиқи Шариати Мӯсо баъди 40 рӯзи таваллуди писар зан бояд барои покшавӣ қурбонӣ меовард (Ибодат 12:4–8).

Мувофиқи Шариати Мӯсо барои қурбонӣ бояд барра меоварданд, лекин, агар зани таваллудкарда ин хел қурбонӣ оварда наметавонист, ӯ бояд ду мусича ё ду чӯҷаи кафтар меовард. Марям ҳам аз рӯйи ин қонун барои қурбонӣ ду парранда меорад. Ин нишон медиҳад, ки Юсуфу Марям бой нестанд.

Дар маъбад Юсуфу Марям бо марди пиронсоле вомехӯранд. Номи ӯ Шимъӯн аст. Худо ба вай маълум кард, ки ӯ пеш аз маргаш Масеҳи ваъдашударо мебинад. Дар ин рӯз рӯҳи муқаддас Шимъӯнро ба маъбад мебарад ва дар он ҷо ӯ Юсуфу Марямро бо кӯдакашон мебинад. Шимъӯн кӯдакро ба бағал мегирад.

Он вақт Шимъӯн Худоро шукр карда мегӯяд: «Эй Ҳокими тамоми олам, акнун, чуноне ки гуфта будӣ, бигзор бандаат орому осуда бимирад, зеро чашмони ман наҷотеро диданд, ки Ту дар пеши назари халқҳо тайёр кардаӣ. Он нурест, ки пардаи торикиро аз рӯйи халқҳо мебардорад, он ҷалоли халқи Ту — Исроил, мебошад» (Луқо 2:29–32).

Инро шунида Юсуфу Марям ба ҳайрат меоянд. Шимъӯн онҳоро баракат медиҳад ва мегӯяд, ки «кӯдак сабаби афтодан ва аз нав бархестани бисёри исроилиён мегардад». Ӯ пешгӯйӣ мекунад, ки Марям дарди сахте ҳис мекунад, мисли он ки ба дилаш шамшер зада бошанд (Луқо 2:34).

Онҳо дар маъбад боз бо Ҳано ном зани 84-солае вомехӯранд, ки доимо дар маъбад аст ва хабарҳои Худоро мерасонад. Ӯ ба назди Юсуфу Марям ва кӯдак меояд. Кӯдакро дида ӯ Худоро шукр мегӯяд ва ба ҳама одамоне, ки дар маъбаданд, дар бораи Исо нақл кардан мегирад.

Бешубҳа, Юсуфу Марям аз он чизе, ки дар маъбад рӯй дод, хеле хурсанданд! Ҳамаи ин ба онҳо дилпурӣ мебахшад, ки писарашон Ваъдашудаи Худо аст.