Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 3

Касе таваллуд мешавад, ки роҳро тайёр мекунад

Касе таваллуд мешавад, ки роҳро тайёр мекунад

ЛУҚО 1:57–79

  • ЯҲЁ ТАВАЛЛУД МЕШАВАД ВА БА ВАЙ НОМ МЕГУЗОРАНД

  • ЗАКАРЁ ПЕШГӮЙӢ МЕКУНАД, КИ ЯҲЁ ДАР ОЯНДА ЧӢ КОР МЕКУНАД

Элисобаъ ба қарибӣ бояд таваллуд кунад. Марям се моҳ бо ӯ истод. Акнун ӯ хайрухуш карда, ба шаҳри худ, ки дар тарафи шимол ҷойгир аст, яъне ба Носира, меравад. Марямро сафари дурударозе дар пеш аст ва баъд аз шаш моҳ ӯ ҳам писар таваллуд мекунад.

Чанде пас аз рафтани Марям Элисобаъ кӯдак ба дунё меорад. Ҳама хурсанд мешаванд, ки вай сиҳату саломат фарзанд таваллуд мекунад. Элисобаъ писарчаро ба ҳамсояҳо ва хешу табор нишон медиҳад ва онҳо ҳам ба шодии ӯ шарик мешаванд.

Дар Шариате, ки Худо ба халқи Исроил дод, навишта шуда буд, ки ҳашт рӯз пас аз таваллуди писар ӯро бояд хатна кунанд ва ном гузоранд (Ибодат 12:2, 3). Аз таваллуди кӯдак ҳашт рӯз мегузарад. Баъзеҳо мегӯянд, ки номи ӯро мисли падараш Закарё монанд. Лекин, агар дар ёд дошта бошед, фаришта гуфта буд, ки номи кӯдакро бояд Яҳё монанд. Барои ҳамин Элисобаъ зид баромада, мегӯяд: «Не, номи ӯро Яҳё мемонем» (Луқо 1:60).

Хешу табор ва ҳамсояҳо норозӣ шуда мегӯянд: «Дар авлоди ту ҳеҷ кас чунин ном надорад» (Луқо 1:61). Онҳо бо имову ишора аз Закарё мепурсанд, ки кӯдакро чӣ ном монанд. Закарё тахтачае пурсида, дар он менависад: «Номи ӯ Яҳёст» (Луқо 1:63).

Шумо, албатта, дар хотир доред, ки вақте Закарё ба гапи фаришта бовар накард, аз гап монд. Лекин, ҳамин ки Закарё ин суханонро дар тахтача менависад, ба гап медарояд. Ин мӯъҷизаро дида ҳамсояҳои вай ба ҳайрат меоянд ва байни ҳамдигар мегӯянд: «Ин кӯдак кӣ мешуда бошад?» (Луқо 1:66). Онҳо мефаҳманд, ки худи Худо ин кӯдакро Яҳё ном мондааст.

Закарё аз рӯҳи муқаддаси Худо пур шуда мегӯяд: «Ҳамду сано ба Яҳува, ба Худои Исроил, зеро Ӯ ба халқи Худ назар карда, ба онҳо халосӣ ато намудааст. Ӯ барои мо дар хонадони бандаи Худ Довуд шохи наҷотро баланд кардааст» (Луқо 1:68, 69). «Шохи наҷот» гуфта, Закарё Исои Масеҳро дар назар дорад, ки бояд ба наздикӣ таваллуд шавад. Закарё мегӯяд, ки Исо халқи Худоро аз душманонаш халос мекунад. Ҳамчунин ӯ дар бораи Исо пешгӯйӣ мекунад: «[Ба воситаи ӯ] Худо моро бо он шарафманд мегардонад, ки бе тарсу ҳарос хизмати Ӯро ба ҷо орем ва ин хизматро дар пеши Ӯ тамоми умри худ содиқона ва бо росткорӣ иҷро кунем» (Луқо 1:74, 75).

Дар бораи писари худаш бошад, Закарё чунин пешгӯйӣ мекунад: «Ту бошӣ, эй писар, пайғамбари Худои Таоло номида мешавӣ, зеро Яҳува туро пешопеши Худ мефиристад, то роҳҳои Ӯро тайёр кунӣ ва ба халқаш эълон намоӣ, ки Ӯ онҳоро ба воситаи бахшидани гуноҳҳояшон наҷот медиҳад, зеро Худои мо дилсӯзу ҳамдард аст. Ба туфайли ин дилсӯзиву ҳамдардӣ рӯшноӣ чун дар вақти дамидани субҳ аз осмон ба мо намудор мешавад, то ба онҳое, ки дар торикӣ ва сояи марг нишастаанд, равшанӣ намояд ва қадамҳои моро дар роҳи сулҳу осоиштагӣ роҳнамоӣ кунад» (Луқо 1:76–79). Чӣ суханони умедбахше!

Дар ин миён Марям ба Носира мерасад. Вақте маълум мешавад, ки ӯ шавҳар накарда ҳомиладор шудааст, бо ӯ чӣ рӯй медода бошад?