Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 105

Исо дарахти анҷири хушкшударо мисол меорад

Исо дарахти анҷири хушкшударо мисол меорад

МАТТО 21:19–27 МАРҚӮС 11:19–33 ЛУҚО 20:1–8

  • ИСО МЕГӮЯД, КИ ИМОН ДОШТАН МУҲИМ АСТ

  • САРВАРОНИ ДИН БА ИСО САВОЛ МЕДИҲАНД

Рӯзи душанбе, баъди нисфирӯзӣ, Исо аз Ерусалим боз ба Байт-Ҳинӣ меояд. Ин қишлоқ дар доманаи шарқии кӯҳи Зайтун воқеъ аст. Аз афташ, Исо шабро дар хонаи дӯстонаш — Лаъзор, Марям ва Марто мегузаронад.

Ҳоло саҳари 11-уми нисон аст. Исо ҳамроҳи шогирдонаш роҳи Ерусалимро пеш мегирад ва бори охир ба маъбад меояд. Ин охирин рӯзест, ки Исо мардуми зиёдро таълим медиҳад. Баъд ӯ бори охир иди Раҳоиро ҷашн мегирад ва маросими ёдбуди маргашро ҷорӣ мекунад. Пас аз ин ӯро доварӣ мекунанду ба қатл мерасонанд.

Онҳо аз кӯҳи Зайтун гузашта, ба Ерусалим мераванд. Дар роҳ Петрус ба дарахте, ки рӯзи гузашта Исо онро лаънат карда буд, ишора карда мегӯяд: «Устод, инро бин! Дарахти анҷире, ки ту лаънат кардӣ, хушк шудааст» (Марқӯс 11:21).

Барои чӣ Исо тавре кард, ки ин дарахт хушк шуд? Ӯ мефаҳмонад: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шакку шубҳа накунед, на танҳо он чиро, ки ман бо анҷир кардам, ба амал хоҳед овард, балки, ҳатто агар ба ин кӯҳ “худро бардошта, ба баҳр парто” гӯед, ҳамин тавр хоҳад шуд. Ва ҳар чиро, ки бо имон дар дуо хоҳиш кунед, ҳатман хоҳед ёфт» (Матто 21:21, 22). Чанде пеш Исо ба шогирдонаш гуфта буд, ки агар имон дошта бошанд, кӯҳро аз ҷояш ҷунбонда метавонанд. Ҳоло низ ӯ ба хушк шудани дарахти анҷир ишора карда ин фикрро қайд мекунад (Матто 17:20).

Дарахти анҷирро хушк карда Исо аниқу равшан нишон медиҳад, ки ба Худо имон доштан хеле муҳим аст. Ӯ мегӯяд: «Имон дошта бошед, ки ҳар чиро ки дар борааш дуо мегӯед ва аз Худо хоҳиш мекунед, ба даст меоред, ва он ба шумо дода хоҳад шуд» (Марқӯс 11:24). Дар ҳақиқат, имон доштан барои ҳамаи пайравони Исо муҳим аст. Махсусан расулон бояд имон дошта бошанд, чунки ба қарибӣ онҳо бо озмоишҳои сахте рӯ ба рӯ мешаванд. Бо ин кораш Исо дар мавриди имон дарси дигареро меомӯзад.

Исроилиён ба маъное ба ин дарахт монанданд. Баргҳои ин дарахти анҷирро дида кас гумон мекунад, ки он аллакай мева бастааст. Ба ин монанд, азбаски Худо бо исроилиён аҳд баста буд, ба назар чунин тофта метавонад, ки онҳо мувофиқи Шариат зиндагӣ мекунанд. Лекин дар асл чунин нест. Қисми зиёди халқ беимон аст ва мисли он дарахти анҷир самар надорад. Онҳо ҳатто Писари Худоро рад мекунанд. Исо бо хушк кардани дарахти анҷир нишон медиҳад, ки оқибат бо исроилиёни бесамар ва беимон чӣ рӯй медиҳад.

Каме пас Исо ва шогирдонаш ба Ерусалим дохил мешаванд. Исо аз рӯйи одат ба маъбад медарояд ва ба таълимдиҳӣ сар мекунад. Коҳинони калон ва пирон, шояд, дар хотир доранд, ки рӯзи гузашта Исо бо касоне, ки пул иваз мекунанд, чӣ гуна рафтор карда буд. Барои ҳамин онҳо аз Исо мепурсанд: «Ту ба кардани ин корҳо чӣ ҳақ дорӣ? Ва кӣ ба кардани ин корҳо ба ту ҳуқуқ додааст?» (Марқӯс 11:28).

Исо ба онҳо мегӯяд: «Ман ҳам ба шумо як савол дорам. Ба саволи ман ҷавоб диҳед, он гоҳ ман ҳам мегӯям, ки ба кардани ин корҳо кӣ ба ман ҳаққу ҳуқуқ додааст. Канӣ гӯед: Худо ба Яҳё ҳақ дода буд, ки таъмид диҳад, ё одамон?» Коҳинон ва пирон намедонанд, ки чӣ ҷавоб диҳанд, барои ҳамин байни худ андеша ронда, мегӯянд: «Агар “Худо” гӯем, ӯ мегӯяд: “Пас, барои чӣ ба вай имон наовардед?” Аммо, агар “одамон” гӯем...» Ин роҳбарон аз мардум метарсанд, зеро мардум боварӣ доранд, ки «Яҳё дар ҳақиқат пайғамбар буд» (Марқӯс 11:29–32).

Душманони Исо ба ин савол ҷавоб дода наметавонанд, барои ҳамин мегӯянд: «Намедонем». Он гоҳ Исо ба онҳо мегӯяд: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки ба кардани ин корҳо кӣ ба ман ҳуқуқ додааст» (Марқӯс 11:33).