Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 126

Петрус Исоро инкор мекунад

Петрус Исоро инкор мекунад

МАТТО 26:69–75 МАРҚӮС 14:66–72 ЛУҚО 22:54–62 ЮҲАННО 18:15–18, 25–27

  • ПЕТРУС ДАР ҲАВЛИИ ҚАЁФО ИСОРО ИНКОР МЕКУНАД

Вақте Исоро дар боғи Ҷатсамонӣ дастгир мекунанд, шогирдонаш аз тарс ӯро партофта мегурезанд. Лекин ду нафари онҳо — Петрус ва «як шогирди дигар», аз афташ Юҳанно, бармегарданд (Юҳанно 18:15; 19:35; 21:24). Эҳтимол, онҳо мебинанд, ки Исоро ба хонаи Ҳонон мебаранд. Вақте Ҳонон Исоро пеши саркоҳин Қаёфо мефиристад, Петрусу Юҳанно дар масофаи дуртар аз пайи ӯ равона мешаванд. Аз афташ, расулон байни обу оташанд: онҳо ҳам барои ҷони худ метарсанд ва ҳам барои Устодашон хавотиранд.

Юҳанно бо саркоҳин шинос аст, барои ҳамин ӯ ба саҳни ҳавлии саркоҳин Қаёфо даромада метавонад. Петрус бошад, дар берун интизор мешавад, аммо баъдтар Юҳанно бо канизи дарвозабон гапзанон карда, Петрусро ба даруни ҳавлӣ медарорад.

Имшаб ҳаво хунук аст, барои ҳамин мардуме, ки дар саҳни ҳавлӣ буданд, дар гирди гулхани аз лахчаҳо афрӯхта худро гарм мекунанд. Петрус ҳам назди онҳо рафта, худро гарм кардан мегирад ва интизор мешавад, ки бо Исо чӣ рӯй медиҳад (Матто 26:58). Дар рӯшноии гулхан канизи дарвозабон, ки Петрусро дароварда буд, ба рӯйи ӯ зеҳн монда мегӯяд: «Магар ту низ яке аз шогирдони он мард нестӣ?» (Юҳанно 18:17). Ба ғайр аз он зан дигарон низ Петрусро чун яке аз ҳамроҳони Исо мешиносанд (Матто 26:69, 71–73; Марқӯс 14:70).

Петрус аз тарс дасту по гум карда, мегӯяд: «Ман вайро намешиносам ва намефаҳмам, ки ту дар бораи чӣ гап зада истодаӣ» (Марқӯс 14:67, 68). Ӯ қавлу қасам хӯрда, Исоро инкор кардан мегирад ва мегӯяд, ки агар дурӯғ гуфта бошад, Худо ӯро ба бало гирифтор кунад (Матто 26:74).

Ҳамзамон суду муҳокимаи Исо, эҳтимол, дар болохонаи ҳавлии Қаёфо давом дорад. Петрус ва одамоне, ки бо ӯ дар беруни ҳавлӣ нишастаанд, мебинанд, ки чӣ тавр шоҳидон барои гувоҳӣ додан ба хона медароянду аз он ҷо баромада мераванд.

Мардум аз лаҳҷаи ҷалилии Петрус мефаҳманд, ки ӯ «вайро намешиносам» гуфта, дурӯғ мегӯяд. Ғайр аз ин, яке аз онҳое, ки дар саҳни ҳавлӣ аст, хеши ҳамон Малхусе ҳаст, ки Петрус гӯшашро бурида буд. Ӯ ба Петрус мегӯяд: «Оё туро дар боғ бо ӯ надида будам?» Вақте Петрус сеюм бор инкор мекунад, хурӯс фарёд мезанад (Юҳанно 13:38; 18:26, 27).

Аз афташ, ҳамон маврид Исо дар айвон асту саҳни ҳавлиро мушоҳида карда истодааст. Ӯ рост ба Петрус нигоҳ мекунад. Ин нигоҳ, бешак, мисли ханҷар ба дили Петрус мезанад. Ӯ суханонеро, ки Исо дар болохона гуфта буд, ба хотир меорад. Петрус ҷиддияти кори кардаашро пурра дарк мекунад ва аз бори дарду алам берун баромада, зор–зор мегиряд (Луқо 22:61, 62).

Чӣ хел шуд, ки Петрус Устодашро инкор кард, Петрусе, ки аз худотарсиву вафодориаш ба Исо дилпур буд? Албатта, сабаб дар он аст, ки ӯ ба ин вазъият тайёр набуд. Ҳозир суди олии яҳудиён суханони Исоро нодуруст маънидод карда, ҷиноятеро ба гардани ӯ бор карда истодаанд. Лекин Исо айбе надорад. Пас, Петрусро мебоист бо Исо бимонад ва Устодашро дастгирӣ кунад, лекин ӯ Писари Худоро тарк кард, касеро, ки «суханони ҳаёти ҷовидонӣ» дошт (Юҳанно 6:68).

Воқеаи ғамангези Петрус нишон медиҳад, ки ҳатто шахси имондору худотарс метавонад пешпо хӯраду афтад, агар ба васвасаву душвориҳо хуб тайёр набошад. Бигзор он чӣ бо Петрус рӯй дод, барои ҳар як ходими Худо дарси ибрат шавад!