БОБИ 15
Мӯъҷизаи аввалини Исо
-
ТӮЙ ДАР ҚОНО
-
ИСО ОБРО ШАРОБ МЕГАРДОНАД
Аз замоне, ки Натанъил яке аз шогирдони аввали Исо мегардад, се рӯз мегузарад. Исо ва шогирдонашро ба тӯй, ба шаҳри Қоно даъват мекунанд. Қоно дар шимоли вилояти Ҷалил, ки ҷойи зисти Исо ва шогирдони ӯст, ҷойгир мебошад. Дар Қоно Натанъил, яке аз шогирдони Исо, зиндагӣ мекунад. Худи Исо ҳам дар наздикии Қоно, дар шаҳри Носира калон шудааст.
Модари Исо ҳам ба тӯй омадааст. Марям дӯсти соҳибони тӯй аст ва дар тӯй хизмат мекунад. Аз ин рӯ ӯ даррав пай мебарад, ки шароб тамом шудааст. Марям назди Исо омада, ба ӯ мегӯяд: «Онҳо дигар шароб надоранд» (Юҳанно 2:3).
Марям бо ин гапаш аз Исо хоҳиш мекунад, ки ягон илоҷашро ёбад. Лекин Исо мегӯяд: «Чаро ману ту ғами инро хӯрем?» (Юҳанно 2:4). Исо Подшоҳи таъйинкардаи Худост ва ба ӯ бояд танҳо Худо дастурот диҳад, на дӯстону наздиконаш. Марям бохирадона амал карда ин корро ба ихтиёри Исо мегузорад ва ба онҳое, ки хизмат мекарданд, мегӯяд: «Ҳар чӣ ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оред» (Юҳанно 2:5).
Дар назди Исо шаш кӯзаи сангин истодааст, ки ҳар кадомаш зиёда аз 40 литр об мебарад. Исо ба ёрдамчиҳо мегӯяд: «Ин кӯзаҳоро аз об пур кунед». Онҳо пур мекунанд. Ӯ обро ба шароб табдил медиҳад ва баъд мегӯяд: «Акнун каме аз он гирифта, ба сардори тӯй баред» (Юҳанно 2:7, 8).
Маззаи шароб ба сардори тӯй сахт маъқул мешавад, лекин ӯ дар бораи чӣ тавр тайёр шудани он хабар надорад. Ӯ домодро фарёд карда, мегӯяд: «Ҳар кас дар аввал шароби хубро мегузорад ва пас аз маст шудани меҳмонон бадтарашро меорад. Ту бошӣ, шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ» (Юҳанно 2:10).
Ин аввалин мӯъҷизаи Исост ва, бешак, аз дидани ин имони шогирдони наваш қавӣ мешавад. Баъд аз ин Исо ҳамроҳи модару бародаронаш ба шаҳри Кафарнаҳум меравад, ки он дар шимолу ғарби соҳили баҳри Ҷалил воқеъ аст.