Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 94

Дуо ва фурӯтанӣ муҳиманд

Дуо ва фурӯтанӣ муҳиманд

ЛУҚО 18:1–14

  • МИСОЛ ДАР БОРАИ БЕВАЗАНИ ИСРОРКОР

  • ФАРИСӢ ВА ҶАМЪОВАРИ АНДОЗ

Исо аллакай ба шогирдонаш дар бораи исроркорӣ дар дуо мисол оварда буд (Луқо 11:5–13). Ҳоло Исо, шояд, дар Сомария ё Ҷалил аст ва ӯ боз қайд мекунад, ки гаштаву баргашта дуо гуфтан муҳим аст. Ӯ дар ин бора мисоли дигаре меорад.

Исо мегӯяд: «Дар як шаҳр доваре зиндагӣ мекард, ки на тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз мардум. Дар он шаҳр ҳамчунин бевазане буд, ки гаштаву баргашта ба назди он довар омада, мегуфт: “Масъалаи байни ману даъвогарамро аз рӯйи адолат ҳал кун”. Довар муддати дурудароз ба бевазан ёрӣ додан намехост, вале баъдтар дар дили худ гуфт: “Гарчанде ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз мардум, лекин, азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, нисбати масъалаи ӯ аз рӯйи адолат қарор мебарорам, то ҳар дам омада, маро безор накунад”» (Луқо 18:2–5).

Исо мефаҳмонад: «Шунидед, ки ин довар бо вуҷуди ноинсоф буданаш чӣ гуфт? Пас, магар Худо барои интихобшудагони худ, ки шабу рӯз сӯйи Ӯ илтиҷо мекунанд, адолатро барқарор намекунад, гарчанде ки нисбати онҳо пуртоқат аст?» (Луқо 18:6, 7). Бо ин суханон Исо дар бораи Падараш чӣ гуфтан мехоҳад?

Исо гуфтанӣ нест, ки Яҳува Худо аз ягон ҷиҳат ба довари беинсоф монанд аст. Баръакс, Исо фарқи байни Худои одилу одами нокомилро нишон доданӣ аст: бевазан гаштаву баргашта ба назди довари беинсоф мерафт ва довар оқибат ба доди ӯ расид. Пас, магар Яҳува, ки пур аз некӣ ва адлу инсоф аст, ба дуоҳои боисрори мо ҷавоб намедиҳад? Бешубҳа, ҷавоб медиҳад. Суханони зерини Исо инро исбот мекунанд: «Ба шумо мегӯям, ки Ӯ [Худо] барои барқарор кардани адолат мешитобад» (Луқо 18:8).

Бисёр вақт ҳеҷ кас ба доди одамони камбағалу бечора намерасад. Лекин хоҳишу талаби шахсони бой ва обрӯмандро дарҳол иҷро мекунанд. Аммо Худо ин хел намекунад. Худо вақтеро таъйин кардааст, ки дар он адлу инсофро барқарор мекунад ва бадкоронро ҷазо медиҳад. Он гоҳ хизматгорони Ӯ соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешаванд.

Имрӯз имони кӣ мисли ин бевазан аст? Чӣ қадар одамон дар ҳақиқат дилпуранд, ки Худо «барои барқарор кардани адолат мешитобад»? Исо бо ин мисол фаҳмонд, ки гаштаву баргашта дуо гуфтан хеле муҳим аст. Акнун бошад, ӯ ба он ишора мекунад, ки ба қуввати дуо имон доштан муҳим аст: «Вақте Писари одам меояд, оё чунин имонро дар замин хоҳад ёфт?» (Луқо 18:8). Ин нишон медиҳад, ки вақте Масеҳ меояд, эҳтимол, на ҳама чунин имон нишон медиҳанд.

Баъзе аз шунавандагони Исо бо имони худ фахр мекунанд. Онҳо худро росткор меҳисобанд ва аз дигарон худро боло мегиранд. Исо мисоле меорад, ки ба чунин одамон дахл дорад.

Ӯ мегӯяд: «Ду марде барои дуо гуфтан ба маъбад даромаданд: яке аз онҳо фарисӣ буду дигаре ҷамъкунандаи андоз. Фарисӣ рост истода, дар дили худ дуо мегуфт: “Худоё, Туро шукр мегӯям, ки монанди дигар одамон ғоратгар, бадкор, зинокор ва ҳамчунин монанди ин мард ҷамъкунандаи андоз нестам. Дар як ҳафта ду маротиба рӯза медорам ва аз ҳар чизе, ки ба даст меорам, даҳякашро месупорам”» (Луқо 18:10–12).

Фарисиён худро дар назди ҳама росткор вонамуд месозанд, то мардум онҳоро таърифу таҳсин кунад. Онҳо одатан рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза медоранд. Дар ин рӯзҳо бозорҳои шаҳр серодаманд ва онҳо метавонанд дар назари мардуми зиёд рӯзадориашонро нишон диҳанд. Онҳо ҳатто даҳяки растаниҳои хурдро месупоранд (Луқо 11:42). Якчанд моҳ пеш онҳо муносибати худро ба одамони одӣ нишон дода гуфта буданд: «Ин мардум, ки Тавротро намедонанд [яъне худи Тавротро неву тафсири фарисиёнро], одамони лаънатёфта мебошанд» (Юҳанно 7:49).

Исо мисолашро давом медиҳад: «Аммо ҷамъкунандаи андоз дуртар истода, ҳатто ҷуръат намекард, ки чашмонашро сӯйи осмон бардорад, балки ба синаи худ мезаду мегуфт: “Худоё, ба мани гунаҳкор раҳм кун”». Маълум аст, ки ҷамъовари андоз камбудиҳояшро фурӯтанона ба гардан мегирад. Исо хулоса мебарорад: «Ба шумо мегӯям, ки, вақте ин шахс ба хонааш рафт, дар назари Худо аз он фарисӣ дида росткортар буд. Зеро ҳар касе, ки худро аз дигарон боло гирад, паст мегардад ва ҳар касе, ки худро фурӯтан созад, сарбаланд мегардад» (Луқо 18:13, 14).

Ҳамин тавр, Исо нишон медиҳад, ки фурӯтан будан муҳим аст. Ин маслиҳат барои шогирдони Исо фоиданок аст, чунки онҳо дар ҷамъияте тарбия ёфтаанд, ки роҳбарони дин одилтарошӣ мекунанд ва ба мансабу мартаба аз ҳад зиёд диққат медиҳанд. Ба ин маслиҳат бояд ҳама пайравони Исо гӯш диҳанд.