Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 92

Фақат як махавӣ миннатдорӣ баён мекунад

Фақат як махавӣ миннатдорӣ баён мекунад

ЛУҚО 17:11–19

  • ИСО ДАҲ МАХАВИРО ШИФО МЕДИҲАД

Аъзоёни Суди олии яҳудиён ният доштанд, ки Исоро кушанд. Лекин ӯ нақшаҳои душманонашро вайрон карда, ба шаҳри Эфроим меравад ва ҳамроҳи шогирдонаш дар он ҷо меистад. Ин шаҳр дар тарафи шимолу шарқии Ерусалим ҷойгир аст (Юҳанно 11:54). Иди Раҳоии соли 33-и милодӣ наздик шуда истодааст, барои ҳамин Исо чанде пас боз ба роҳ мебарояд. Ӯ аз Сомария гузашта, ба тарафҳои шимол, сӯйи Ҷалил, равона мешавад. Ин бори охир аст, ки Исо пеш аз маргаш ба ин ҷойҳо меояд.

Дар аввали сафар, вақте Исо аз як қишлоқ ба қишлоқи дигаре меравад, ӯ даҳ мардеро мебинад, ки гирифтори касалии махав мебошанд. Баъзан бо гузашти вақт ангуштони дасту пой, гӯшҳо ва дигар қисмҳои бадани чунин беморон пӯсида нобуд мешаванд (Ададҳо 12:10–12). Мувофиқи Шариат махавиён бояд аз дигарон ҷудо зиндагӣ кунанд ва агар касеро бинанд, «Наҷис! Наҷис!» гуфта, фарёд зананд (Ибодат 13:45, 46).

Ин даҳ махавӣ аз дур истода бо овози баланд фарёд мезананд: «Исо, Устод, ба мо раҳм кун!» Махавиёнро дида Исо мегӯяд: «Рафта, худро ба коҳинон нишон диҳед» (Луқо 17:13, 14). Ин тавр Исо ба Шариати Худо эҳтиром нишон медиҳад, чунки мувофиқи Шариат коҳинон бояд махавиёни шифоёфтаро пок эълон кунанд. Он гоҳ онҳо метавонанд боз чун одамони дигар умр ба сар баранд (Ибодат 13:9–17).

Ин даҳ махавӣ ба қудрати Исо имон доранд. Аз ин рӯ онҳо ҳанӯз шифо наёфта, ба пеши коҳинон равона мешаванд. Дар роҳ онҳо мебинанд ва ҳис мекунанд, ки шифо ёфтаанд. Худо онҳоро барои имонашон баракат дод!

Нӯҳ нафари онҳо бо роҳи худ мераванд. Лекин як нафарашон, ки сомарӣ аст, баргашта, Исоро ҷустуҷӯ мекунад. Барои чӣ? Вай аз Исо барои кори кардааш хеле миннатдор аст. Ин марди шифоёфта «бо овози баланд Худоро ҳамду сано» мехонад, зеро медонад, ки маҳз бо қуввати Худо ӯ шифо ёфтааст (Луқо 17:15). Исоро ёфта он мард дар пеши ӯ зону мезанад ва миннатдорӣ баён мекунад.

Исо аз одамоне, ки дар пешаш буданд, мепурсад: «Магар даҳ нафар пок нагашта буданд? Пас, нӯҳ нафари дигар куҷоянд? Наход, ғайр аз ин марде, ки аз миллати дигар аст, ягон нафаре барнагашт, то Худоро ҷалол диҳад?» Ва баъд ба марди сомарӣ мегӯяд: «Аз ҷоят хез ва бирав, имонат туро шифо дод» (Луқо 17:17–19).

Даҳ марди махавиро шифо дода Исо нишон медиҳад, ки Яҳува бо ӯст. Яке аз он мардон бошад, на танҳо аз Исо шифо ёфт, балки, аз афташ, ҳамчунин ба роҳе, ки сӯйи ҳаёт мебарад, қадамгузор шуд. Дар рӯзҳои мо Худо ба воситаи Исо ҳеҷ касро шифо намедиҳад. Лекин, агар ба Исо имон орем, мо низ метавонем бо роҳе, ки сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ мебарад, равона шавем. Оё мо низ чун марди сомарӣ миннатдории худро барои ин баён мекунем?