Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 84

Шогирди Исо будан чӣ маъно дорад?

Шогирди Исо будан чӣ маъно дорад?

ЛУҚО 14:25–35

  • ШОГИРДИ ИСО БОЯД БА ЧӢ ТАЙЁР БОШАД?

Дар хонаи сардори фарисиён Исо ба одамон дарсҳои пурарзишеро таълим дод. Акнун ӯ роҳашро давом дода, ба Ерусалим равона аст. Одамони зиёде аз қафои ӯ мераванд. Лекин барои чӣ? Оё онҳо дар ҳақиқат мехоҳанд пайравони ӯ шаванд ва оё онҳо мефаҳманд, ки ин дар асл чӣ маъно дорад?

Дар роҳ Исо суханонеро мегӯяд, ки, шояд, баъзеҳоро дар ҳайрат мемонанд. Ӯ мегӯяд: «Агар касе пеши ман ояд, вале падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин ҷони худро аз ман зиёдтар дӯст дорад, шогирди ман буда наметавонад» (Луқо 14:26). Суханони Исо чӣ маъно доранд?

Исо гуфтанӣ нест, ки пайравонаш набояд хешу таборашонро дӯст доранд. Муҳим он аст, ки онҳо хешовандонашонро аз ӯ зиёдтар дӯст надоранд. Чунки дар ин ҳолат онҳо метавонанд ба он марде, ки оиладор шуданашро баҳона карда таклифи муҳимро рад кард, монанд шаванд (Луқо 14:20).

Ҳамчунин, Исо намегӯяд, ки шогирдони ӯ ҷон ё ҳаёти худро эҳтиёт накунанд. Шогирдони ҳақиқӣ бояд Исоро ба дараҷае дӯст доранд, ки агар даркор бошад, ҳатто ҷонашонро ба хотири ӯ фидо кунанд. Равшан аст, ки шогирди Исо будан кори шӯхӣ нест ва кас бояд ба он ҷиддӣ назар кунад.

Шогирди Исо метавонад бо душвориҳо ва таъқибот рӯ ба рӯ шавад. Исо мегӯяд: «Ҳар касе, ки сутуни азобу шиканҷаи худро бардошта, маро пайравӣ намекунад, шогирди ман буда наметавонад» (Луқо 14:27). Бале, шогирди ҳақиқии Исо бояд тайёр бошад, ки мисли ӯ азобу уқубат кашад ва, шояд, ҳатто аз дасти душманон кушта шавад.

Барои ҳамин касоне, ки ҳамроҳи Исо ба Ерусалим сафар мекунанд, бояд нағзакак фикр кунанд, ки шогирди Масеҳ будан чӣ маъно дорад. Исо инро бо мисоле мефаҳмонад: «Масалан, кадоме аз шумо бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста, харҷи онро ҳисоб намекунад, то бидонад, ки оё имконияти ба анҷом расонидани онро дорад ё не?» Зеро агар чунин накунад, ӯ метавонад «таҳкурсии онро гузораду барои ба анҷом расонидани он қувваташ нарасад» (Луқо 14:28, 29). Пас, касоне, ки шогирди Исо шудан мехоҳанд, бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки ин масъулиятро ба пуррагӣ ба гардан гирифта метавонанд ё не. Исо барои қайд кардани ин фикр мисоли дигаре меорад:

«Кадом подшоҳ ба муқобили подшоҳи дигар ба ҷанг баромаданӣ шуда, аввал нишаста, маслиҳат намекунад, ки оё метавонад бо даҳ ҳазор сарбоз ба касе, ки бо бист ҳазор сарбоз бар зиддаш меояд, муқобилат кунад? Агар қувваташ нарасад, ҳанӯз ки он подшоҳ дур аст, сафиронашро фиристода, бо ӯ сулҳ мебанданд». Баъд Исо хулоса бароварда мегӯяд: «Пас, бидонед, ки ягон нафари шумо, то аз тамоми молу мулки худ даст накашад, шогирди ман буда наметавонад» (Луқо 14:31–33).

Албатта, ин суханони Исо на танҳо ба ҳамсафарони ӯ, балки ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар оянда бо Масеҳ ва таълимоти ӯ шинос мешаванд, дахл доранд. Онҳо бояд тайёр бошанд, ки ҳама чиз, аз он ҷумла чизу чора ва ҳатто ҳаёти худро, фидо кунанд. Ҳамаи мо бояд дар ин бора фикр кунем ва дуо гӯем.

Баъди ин Исо дар бораи намак гап мезанад. Дар Мавъизаи болои кӯҳ ӯ гуфта буд, ки шогирдонаш «намаки ҷаҳон»-анд (Матто 5:13). Аз афташ, ӯ гуфтанӣ буд, ки, чи тавре ки намак хӯрокаро аз вайроншавӣ нигоҳ медорад, ҳамон тавр шогирдонаш низ ба одамон ёрӣ медиҳанд, ки аз ҷиҳати ахлоқӣ вайрон нашаванд ва муносибаташонро бо Худо нигоҳ доранд. Ҳоло, ки хизмати Исо ба охир расида истодааст, ӯ мегӯяд: «Бешубҳа, намак чизи хуб аст, лекин, агар намак таъми худро гум кунад, бо чӣ мазаи онро баргардонидан мумкин аст?» (Луқо 14:34). Шунавандагони Исо медонанд, ки баъзан дар ҷойҳои онҳо намак намаки тоза нест ва он бо хок ва моддаҳои дигар омехта аст. Чунин намак метавонист таъми худро гум кунад ва ба чизе кор наояд.

Ҳамин тавр Исо нишон медиҳад, ки ҳатто онҳое, ки солҳои сол ӯро пайравӣ мекунанд, бояд нагузоранд, ки ҷидду ҷаҳдашон суст шавад. Чунки агар ин хел шавад, онҳо чун намаке, ки хосияти худро гум кардааст, бефоида мешаванд. Он гоҳ онҳо мавриди мазоҳу масхараи одамони ин ҷаҳон мегарданд. Беш аз ин, онҳо аз розигии Яҳува маҳрум мешаванд ва ҳатто номи Ӯро доғдор месозанд. Исо шунавандагонашро аз ин огоҳ карда мегӯяд: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад» (Луқо 14:35).