Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 96

Сӯҳбати Исо бо ҷавони ҳокимиятдор ва бой

Сӯҳбати Исо бо ҷавони ҳокимиятдор ва бой

МАТТО 19:16–30 МАРҚӮС 10:17–31 ЛУҚО 18:18–30

  • ҶАВОНИ БОЙ ДАР БОРАИ ҲАЁТИ ҶОВИДОНӢ САВОЛ МЕДИҲАД

Исо аз Перея гузашта ба Ерусалим рафта истодааст. Дар роҳ ҷавони бое назди Исо меояд ва пеши пойҳои ӯ меафтад. Ин мард «як шахси ҳокимиятдор» мебошад. Шояд, ӯ нозири ибодатгоҳ ё аъзои Суди олии яҳудиён аст. Ӯ аз Исо мепурсад: «Эй Устоди некӯ, чӣ кор кунам, то ҳаёти ҷовидониро соҳиб шавам?» (Луқо 8:41; 18:18; 24:20).

Исо дар ҷавоб мегӯяд: «Барои чӣ ту маро некӯ мегӯӣ? Ғайр аз Худо ҳеҷ кас некӯ нест» (Луқо 18:19). Аз афташ, ин ҷавон мисли устодони дини яҳудӣ ибораи «некӯ»-ро чун унвон истифода мебарад. Ҳарчанд Исо муаллими нек аст, ӯ ба ин мард мефаҳмонад, ки унвони «некӯ»-ро танҳо нисбати Худо истифода бурдан даркор аст.

Исо ба ӯ маслиҳат медиҳад: «Агар соҳиби ҳаёт шудан хоҳӣ, амрҳоро риоя кун». Ҷавон аз Исо мепурсад: «Кадом амрҳоро?» Исо аз Даҳ амри Шариат панҷтоашро иқтибос меорад: «Ба одамкушӣ даст назан, ба ҳамсарат хиёнат накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, падару модаратро иззату ҳурмат кун». Баъд ӯ ба амри муҳимтарин ишора мекунад: «Дигаронро мисли худат дӯст дор» (Матто 19:17–19).

Мард мегӯяд: «Ман ҳамаи ин амрҳоро риоя мекунам. Ғайр аз ҳамаи ин боз чӣ карданам лозим аст?» (Матто 19:20). Шояд, ӯ фикр мекунад, ки барои соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шудан ӯ бояд ягон рафтори нек ва қаҳрамононае кунад. Ин суханони самимии мард ба Исо таъсир мекунад ва ӯ «бо меҳр ба вай нигоҳ» мекунад (Марқӯс 10:21). Лекин чизе барои ин ҷавон санги сари роҳ аст.

Ин мард ба чизу чора дилбастагӣ дорад, барои ҳамин Исо мегӯяд: «Фақат як чиз ба ту намерасад — рафта, тамоми чизу чораатро фурӯш ва ба камбағалон тақсим кун, он гоҳ дар осмон ганҷ хоҳӣ дошт. Пас аз ин омада, маро пайравӣ кун». Бале, ин мард бояд пулҳояшро ба камбағалон тақсим кунад, ба касоне, ки ба некиаш ҷавоб дода наметавонанд. Танҳо баъд ӯ метавонад шогирди Исо шавад. Лекин ӯ аз суханони Исо рӯҳафтода мешавад ва бо сари хам аз пешаш меравад. Аз афташ, ин Исоро ғамгин месозад. Дилбастагӣ ба «молу мулки бисёре», ки дошт, он мардро кӯр карда буд, барои ҳамин вай сарвати ҳақиқиро дида натавонист (Марқӯс 10:21, 22). Исо мегӯяд: «То чӣ андоза барои одамони сарватманд ба Подшоҳии Худо дохил шудан душвор хоҳад буд!» (Луқо 18:24).

Шогирдон аз ин суханон ва суханони навбатии Исо ба ҳайрат меоянд: «Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст, назар ба он ки одами бой ба Подшоҳии Худо дарояд». Акнун шогирдон фаҳмидан мехоҳанд: «Пас, кӣ наҷот ёфта метавонад?» Магар наҷот ёфтан як чизи ғайриимкон аст? Исо ба онҳо нигоҳ карда мегӯяд: «Он чӣ барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст» (Луқо 18:25–27).

Петрус қайд мекунад, ки интихоби онҳо аз интихоби марди бой фарқ мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ана, мо ҳама чизро партофта, туро пайравӣ кардем, пас, мукофоти мо чӣ хоҳад буд?» Исо мефаҳмонад, ки барои ин корашон онҳоро чӣ интизор аст: «Ҳангоми аз нав сохта шудани ҳама чиз, вақте ки Писари одам ба тахти бошукӯҳи худ менишинад, шумо, ки пайравони ман шудед, бар дувоздаҳ тахт нишаста, дувоздаҳ қабилаи Исроилро доварӣ хоҳед кард» (Матто 19:27, 28).

Бешубҳа, Исо ояндаро дар назар дорад, замонеро, ки замин боз мисли боғи Адан биҳишт мешавад. Он вақт Петрус ва шогирдони дигар ҳамроҳи Исо аз осмон бар замин ҳукмронӣ мекунанд. Ин мукофот ба ҳама қурбониҳо ва фидокориҳое, ки онҳо мекунанд, меарзад!

Лекин шогирдон на танҳо дар оянда соҳиби мукофот мешаванд. Аллакай ҳозир онҳо аз баъзе баракатҳо баҳра мебаранд. Исо мегӯяд: «Ҳеҷ касе нест, ки ба хотири Подшоҳии Худо аз баҳри хона, зан, бародарон, падару модар ё фарзандон гузашта бошаду дар ин замон ҳамаи инро чанд маротиба зиёдтар ба даст наорад ва дар оянда ҳаёти ҷовидониро соҳиб нашавад» (Луқо 18:29, 30).

Дар ҳақиқат, шогирдони Исо дар ҳама гӯшаю канори дунё ҳамимон — хоҳару бародарон доранд. Муносибат байни онҳо аз пайвандҳои оилавӣ наздиктар ва пурарзиштар аст. Сад афсӯс ки, ҷавони бой худро аз ин баракат ва баракати аз ин ҳам бузург — ҳаёти беохир дар осмон маҳрум сохт.

Исо илова мекунад: «Аммо бисёре аз онҳое, ки аввалинанд, охирин мешаванд ва онҳое, ки охиринанд, аввалин мешаванд» (Матто 19:30). Ин суханон чӣ маъно доранд?

Ин ҷавони бой, ки яке аз сарварони дини яҳудӣ мебошад, дар қатори онҳоест, ки «аввалинанд». Ӯ Шариатро риоя мекунад, барои ҳамин фикр кардан мумкин буд, ки ӯ пайрави Масеҳ мешавад ва корҳои неки бисёре мекунад. Лекин дар ҳаёти ӯ чизу чора ва боигарӣ дар ҷойи аввал аст. Одамони одӣ бошанд, таълими Исоро ҳақиқат ва роҳ сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ меҳисобанд. Онҳо «охирин» буданд, лекин ҳоло имконият доранд, ки «авваллин» шаванд. Ин шахсони самимӣ замонеро интизоранд, ки мукофоти худро мегиранд. Он гоҳ онҳо бар тахтҳо мешинанд ва ҳамроҳи Исо бар замин, ки ба биҳишт табдил мегардад, ҳукмронӣ мекунанд.