Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 75

Хушбахтии ҳақиқӣ чист?

Хушбахтии ҳақиқӣ чист?

ЛУҚО 11:14–36

  • ИСО ДЕВҲОРО «БО АНГУШТИ ХУДО» БЕРУН МЕКУНАД

  • КӢ ДАР ҲАҚИҚАТ ХУШБАХТ АСТ?

Исо навакак бори дигар фаҳмонд, ки чӣ тавр дуо гуфтан даркор аст. Лекин мавзӯъҳои дигаре низ ҳастанд, ки Исо дар давоми хизматаш беш аз як бор муҳокима мекунад. Масалан, вақте Исо дар Ҷалил мӯъҷизаҳо ба амал меовард, душманонаш ӯро айбдор карда мегуфтанд, ки ӯ ин корҳоро ба воситаи ҳокими девҳо ба ҷо меорад. Ҳоло дар Яҳудия низ чунин айбро ба гардани ӯ мемонанд.

Исо аз як мард деверо, ки ӯро гунг карда буд, берун мекунад. Мардум инро дида дар ҳайрат мемонанд, лекин баъзеҳо Исоро ҳукм мекунанд ва боз ӯро айбдор карда мегӯянд: «Ӯ девҳоро ба воситаи Баал-Забул — ҳокими девҳо берун мекунад» (Луқо 11:15). Дигарон бошанд, барои фаҳмидани он ки Исо кист, аломате аз осмон талаб мекунанд.

Исо мефаҳмад, ки онҳо ӯро санҷидан мехоҳанд, барои ҳамин дар ҷавоб суханонеро, ки дар Ҷалил ба айбдоркунандагонаш гуфта буд, такрор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки агар дар подшоҳӣ ҷудоӣ ба миён ояд, он пойдор намемонад ва илова мекунад: «Агар дар Шайтон ҷудоӣ ба миён ояд, чӣ тавр подшоҳии ӯ устувор монда метавонад?» Баъд ӯ чунин хулоса мекунад: «Агар ман девҳоро бо ангушти Худо берун мекарда бошам, пас, Подшоҳии Худо, дар ҳақиқат, омадаасту шумо бехабаред» (Луқо 11:18–20, эзоҳ).

Вақте Исо «ангушти Худо» мегӯяд, шунавандагонаш, аз афташ, воқеаеро, ки дар замонҳои қадим бо халқи Исроил рӯй дода буд, ба хотир меоранд. Вақте аҳли дарбори фиръавн мӯъҷизаи Мӯсоро диданд, онҳо гуфтанд: «Ин ангушти Худост». Ва ҳамин «ангушти Худо» дар ду лавҳи сангин Даҳ амри Шариатро навишта буд (Хуруҷ 8:19; 31:18). Пас, «ангушти Худо», яъне рӯҳи муқаддас, ҳамон қувваест, ки ба воситаи он Исо девҳоро берун мекунад ва беморонро шифо медиҳад. Барои ҳамин, гуфтан мумкин аст, ки Подшоҳии Худо дар ҳақиқат бар он душманони Исо омадааст, зеро Исо, Подшоҳи он, дар байни онҳост ва ин мӯъҷизаҳоро ба амал меорад.

Вақте баъзеҳо Исоро айбдор мекунанд, ӯ дар бораи марди силоҳбадаст, ки қасрро посбонӣ мекунад, мисоле меорад. Ӯ мегӯяд, ки марди пурзӯртаре омада, он мардро мағлуб месозад. Ба ин монанд, девҳоро берун кардани Исо нишонаи он аст, ки ӯ аз Шайтон пурзӯртар аст ва бар ӯ қудрат дорад. Исо ҳамчунин мисолро дар бораи рӯҳи нопоке, ки аз одам мебарояд, такрор мекунад. Агар он шахс ҷойи холиро бо ягон чизи хуб пур накунад, он рӯҳ бо ҳафт рӯҳи бади дигар меояд ва аҳволи он мард аз аввала бадтар мегардад (Матто 12:22, 25–29, 43–45). Ҳолати халқи Исроил низ ба ҳамин монанд аст.

Вақте Исо ин суханонро мегӯяд, зане аз байни мардум бо овози баланд нидо мекунад: «Хушбахт аст зане, ки туро таваллуд кардааст ва шир додааст!» Модари пайғамбар, ё хусусан модари Масеҳ будан, орзуи ҳар як зани яҳудӣ буд. Барои ҳамин, аз афташ, ин зан фикр мекунад, ки Марям аз дигарон хушбахттар аст, чунки модари чунин устоди бузург аст. Лекин Исо ба ӯ мефаҳмонад, ки хушбахтии ҳақиқӣ аз ин вобаста нест. Ӯ мегӯяд: «Касоне, ки каломи Худоро мешунаванд ва риоя мекунанд, хушбахттаранд» (Луқо 11:27, 28). Исо ягон бор нагуфта буд, ки мардум бояд ба модараш, Марям, иззату ҳурмати махсус нишон диҳанд. Хушбахтии ҳақиқӣ аз пайвандҳои хешутаборӣ ё дастовардҳои шахс вобаста нест. Шахси дар ҳақиқат хушбахт онест, ки содиқона ба Худо хизмат мекунад.

Вақте одамон аз Исо аломати осмонӣ талаб мекунанд, ӯ, чи тавре ки дар Ҷалил карда буд, мардумро сарзаниш мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ғайр аз «аломати Юнус-пайғамбар» ба онҳо аломати дигаре нишон дода намешавад. «Аломати Юнус» чӣ буд? Ӯ се рӯз дар шиками моҳӣ буд ва ҳамчунин хабари Худоро далерона мавъиза мекард. Мардуми Нинве хабари ӯро шунида тавба карда буданд. Исо мегӯяд: «Шахсе, ки дар ин ҷост, аз Юнус ҳам бузургтар аст» (Луқо 11:29–32). Исо ҳамчунин аз Сулаймон, ки маликаи Сабо барои шунидани суханони хирадмандонааш омада буд, бузургтар аст.

Исо илова мекунад: «Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, дар ҷойи пинҳон ё таги сабад намемонад, балки онро дар рӯйи чароғпоя мегузоранд» (Луқо 11:33). Исо, аз афташ, дар назар дорад, ки дар пеши ин мардум мӯъҷиза кардан ва онҳоро таълим додан мисли он аст, ки шахс нури чароғро пинҳон кунад. Ин мардум мисли он ки дар торикӣ бошанд, ба маънои корҳои Исо сарфаҳм намераванд.

Исо навакак девро аз мард берун сохта, он мардро гӯё кард. Ин бояд мардумро барангезад, ки Яҳуваро ҷалол диҳанд ва дар бораи корҳои бузурги Ӯ ба дигарон нақл кунанд. Лекин душманони Исо ин корро намекунанд, барои ҳамин Исо ҳар яки онҳоро огоҳ карда мегӯяд: «Бинобар ин бохабар бош, то нуре, ки дар туст, зулмот набошад. Пас, агар тамоми баданат равшан бошад ва дар он ягон зарра торикие набошад, он гоҳ баданат равшан хоҳад буд, мисли он ки чароғе бо нурҳои худ туро мунаввар карда бошад» (Луқо 11:35, 36).