Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 70

Исо кӯри модарзодро шифо медиҳад

Исо кӯри модарзодро шифо медиҳад

ЮҲАННО 9:1–18

  • ШИФО ЁФТАНИ ГАДОЕ, КИ КӮРИ МОДАРЗОД БУД

Рӯзи шанбе аст ва Исо ҳоло ҳам дар Ерусалим мебошад. Ӯ ва шогирдонаш роҳравон марди гадоеро мебинанд, ки кӯри модарзод аст. Шогирдон аз Исо мепурсанд: «Устод, ин шахс аз барои гуноҳи кӣ кӯр таваллуд шудааст: аз барои гуноҳи худаш ё аз барои гуноҳи падару модараш?» (Юҳанно 9:2).

Шояд, шогирдони Исо фаҳмидан мехоҳанд, ки оё шахс дар шиками модар гуноҳ карда метавонад ё не. Исо ҷавоб медиҳад: «На ӯ гуноҳ кардааст ва на падару модараш, балки барои он чунин шудааст, ки корҳои Худо дар ӯ намоён шаванд» (Юҳанно 9:3). Ин мард ё падару модараш гуноҳе накардаанд, ки сабаби кӯр таваллуд шудани ӯ гашта бошад. Аниқтараш ин аз сабаби гуноҳи аввалин инсон — Одам аст. Ҳамаи одамон нокомил ва бо чунин камбудиҳо мисли нобиноӣ таваллуд мешаванд. Чун дар мавридҳои дигар, ҳоло Исо мехоҳад, ки ин кӯри модарзодро шифо дода ҳамин тавр корҳои бузурги Худоро нишон диҳад.

Исо қайд мекунад, ки корҳои некро ба қафо партофтан лозим нест. Ӯ мегӯяд: «Ҳанӯз ки рӯз аст, мо бояд корҳои Фиристандаи маро ба ҷо орем. Шаб фаро расида истодааст ва он вақт ҳеҷ кас коре карда наметавонад. То даме ки ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам» (Юҳанно 9:4, 5). Каме пас, баъди маргаш, Исо ба оғӯши гӯри торик партофта мешавад ва дар он ҷо ӯ ягон кор карда наметавонад. Ҳоло бошад, ӯ барои ҷаҳон манбаи рӯшноӣ аст.

Оё Исо ин мардро шифо медиҳад? Ӯ чӣ тавр ин корро мекунад? Исо ба замин туф мекунад ва туфашро бо хок омехта, лой мекунад. Баъд онро ба чашмони марди кӯр мемолад ва мегӯяд: «Рафта, дар ҳавзи Шилӯаҳ чашмонатро бишӯй» (Юҳанно 9:7). Он мард рафта, чашмонашро мешӯяд ва бино мешавад. То ин дам ӯ ҳеҷ чизро намедид, акнун бошад, ҳама чизро мебинад! Бешубҳа, хурсандии ӯ ҳадду канор надорад!

Одамоне, ки кӯр будани он мардро медонанд, ҳайрон шуда мепурсанд:

— Магар ин ҳамон касе нест, ки нишаста садақа мепурсид?

— Ҳа, ин ҳамон кас аст,— мегӯянд баъзеҳо.

Вале дигарон чунин мегӯянд:

— Не, ӯ танҳо ба вай монанд аст.

— Ин манам,— мегӯяд худи он мард (Юҳанно 9:8, 9).

Онҳо аз вай мепурсанд:

— Пас, чӣ тавр ту бино шудӣ?

— Исо ном марде туфи худро бо хок омехта, онро ба чашмонам молид ва гуфт: «Рафта, чашмонатро дар Шилӯаҳ шӯй». Ман рафта, шустам ва бино шудам.

— Он мард дар куҷост?

— Намедонам (Юҳанно 9:10–12).

Мардум ин мардро назди фарисиён мебаранд. Онҳо низ фаҳмидан мехоҳанд, ки чӣ тавр ӯ бино шуд. Ӯ ба онҳо мегӯяд:

— Вай ба чашмонам лой молид ва ман, баъд аз он ки чашмонамро шустам, бино шудам.

Ба ҷойи он ки ба шодии ин мард шарик шаванд, баъзе фарисиён норозигӣ баён карда дар бораи Исо мегӯянд:

— Он шахс аз ҷониби Худо нест, зеро ӯ рӯзи шанберо риоя намекунад.

Фарисиёни дигар бошанд, чунин мегӯянд:

— Чӣ тавр одами гунаҳкор чунин мӯъҷизаҳоро ба амал оварда метавонад? (Юҳанно 9:15, 16).

Ҳамин тавр дар байни онҳо ҷудоӣ ба миён меояд.

Он гоҳ фарисиён аз он мард мепурсанд:

— Ту дар бораи шахсе, ки чашмонатро шифо дод, чӣ мегӯӣ?

— Ӯ пайғамбар аст,— бе дудилагӣ ҷавоб медиҳад ӯ (Юҳанно 9:17).

Фарисиён ба ин бовар кардан намехоҳанд. Аз афташ, онҳо фикр мекунанд, ки ин марду Исо забон як кардаанд ва ҳоло одамонро аҳмақ карда истодаанд. Барои фаҳмидани асли воқеа онҳо мехоҳанд аз волидони ин мард пурсанд, ки оё ӯ дар ҳақиқат кӯр таваллуд шудааст ё не.