БОБИ 80
Чӯпони нек ва қӯраи гӯсфандон
-
ИСО ДАР БОРАИ ЧӮПОНИ НЕК ВА ҚӮРАИ ГӮСФАНДОН ГАП МЕЗАНАД
Исо то ҳол дар Яҳудия таълим дода истодааст. Рӯзе ӯ мисоле меорад, ки ба бисёриҳо шинос аст — мисоли гӯсфандон ва қӯраро a. Лекин ӯ гӯсфанд ва қӯраи аслиро дар назар надорад. Барои исроилиён фаҳмидани ин мисол душвор нест, чунки дар Шариати Худо онҳо бисёр вақт ба рамаи гӯсфандон монанд карда мешаванд. Масалан, Довуд-пайғамбар дар таронаи Забур чунин гуфтааст: «Худованд Чӯпони ман аст: ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд. Дар чарогоҳҳои сералаф маро мехобонад» (Забур 22:1, 2). Дар таронаи дигар Довуд халқро даъват карда мегӯяд: «Биёед... пеши Худованд, ки Офаридгори мост, зону занем. Зеро ки Ӯ Худои мост, ва мо қавми чарогоҳи Ӯ... ҳастем» (Забур 94:6, 7).
Исроилиён ба он маъно ба гӯсфандони дохили қӯра монанданд, ки онҳо аз вақти таваллуд зери аҳди Шариат мебошанд. Шариат мисли девор онҳоро аз рафтори нопоки халқҳои бутпараст муҳофизат мекард. Лекин баъзе исроилиён ба «рамаи» Худо зулму ситам мекарданд. Исо мегӯяд: «Ҳар кӣ ба қӯраи гӯсфандон на аз дар, балки аз ҷойи дигаре медарояд, дузд ва ғоратгар аст. Вале касе, ки аз дар медарояд, чӯпони гӯсфандон аст» (Юҳанно 10:1, 2).
Суханони Исоро шунида, шояд, одамон касонеро ба хотир меоранд, ки худро бардурӯғ Масеҳ меноманд. Ин шахсон мисли дуздону ғоратгаронанд ва одамон набояд аз пайи чунин фиребгарон раванд. Баръакс, онҳо бояд аз пайи «чӯпони гӯсфандон» равона шаванд, ки Исо дар бораи ӯ чунин мегӯяд:
«Дарвозабон ба ӯ дарро мекушояд ва гӯсфандон ба овози ӯ гӯш медиҳанд. Ӯ гӯсфандонашро ном ба ном хонда берун мебарорад. Вақте ки ӯ ҳамаи гӯсфандони худро мебарорад, пешопеши онҳо меравад ва гӯсфандон ҳам аз қафои ӯ мераванд, зеро овозашро мешиносанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ аз қафои шахси бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, зеро овози бегонагонро намешиносанд» (Юҳанно 10:3–5).
Чанде пеш «дарвозабон» — Яҳё-пайғамбар ба «гӯсфандон», яъне исроилиёне, ки зери ҳимояи Шариати Худо буданд, нишон дод, ки Исо ҳамон чӯпонест, ки онҳо бояд аз пасаш раванд. Ва баъзе «гӯсфандон» дар Ҷалил ва дар худи Яҳудия овози ӯро шинохтанд. Вақте Исо ин мисолро нақл мекунад, баъзеҳо «маънои суханони ӯро» намефаҳманд (Юҳанно 10:6). Онҳо, шояд, дар бораи он фикр мекунанд, ки ӯ онҳоро ба куҷо мебарад ва, агар аз паяш раванд, оқибат чӣ мешавад.
Исо мефаҳмонад: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ман барои гӯсфандон дар ҳастам. Ҳамаи онҳое, ки ба ҷойи ман омада, худро чӯпон меномиданд, дузду ғоратгаранд, ва гӯсфандон ба онҳо гӯш надоданд. Ман дар ҳастам. Ҳар касе, ки ба воситаи ман медарояд, наҷот хоҳад ёфт, ӯ медарояду мебарояд ва барои худ чарогоҳ пайдо мекунад» (Юҳанно 10:7–9).
Равшан аст, ки Исо ин ҷо дар бораи чизи наве гап мезанад. Шунавандагони Исо медонанд, ки ӯ «дар»-и аҳди Шариат нест, Шариате, ки асрҳои зиёд вуҷуд дорад. Аз ин маълум мешавад, ки Исо «гӯсфандон»-и худро ба қӯраи дигаре роҳнамоӣ мекунад. Баъд бо онҳо чӣ мешавад?
Исо гапашро давом дода мегӯяд: «Ман... барои он омадаам, ки гӯсфандон ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд. Ман чӯпони нек ҳастам. Чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад» (Юҳанно 10:10, 11). Якчанд вақт пеш Исо шогирдонашро дилбардорӣ карда чунин гуфта буд: «Натарс, эй рамаи хурд, зеро Падари шумо қарор додааст, ки Подшоҳиро ба шумо диҳад» (Луқо 12:32). Исо «рамаи хурд»-ро ба қӯраи нав роҳнамоӣ мекунад, то онҳо «ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд». Чӣ баракате!
Лекин дар ин ҷо Исо гапашро тамом намекунад. Ӯ давом медиҳад: «Ман гӯсфандони дигаре Юҳанно 10:16). Ин «гӯсфандони дигар» аз «ин қӯра нестанд». Пас, хулоса баровардан мумкин аст, ки «рамаи хурд»-е, ки аъзоёнаш дар Подшоҳии Худо ҳукмронӣ мекунанд, аз дигар қӯра мебошаду «гӯсфандони дигар» аз дигар. Гӯсфандоне, ки ба ин ду қӯра медароянд, ояндаи гуногун доранд. Лекин ҳар дуи ин гурӯҳ аз коре, ки Исо мекунад, манфиат мегиранд. Исо мегӯяд: «Падар маро дӯст медорад, зеро ман ҷони худро фидо мекунам» (Юҳанно 10:17).
ҳам дорам, ки аз ин қӯра нестанд ва онҳоро низ бояд биёрам. Онҳо овози маро хоҳанд шунид ва як рама хоҳанд шуд ва як чӯпон хоҳанд дошт» (Он гоҳ бисёриҳо мегӯянд: «Ӯ дев дорад ва аз ақл бегона шудааст». Дигарон бошанд, бо шавқу ҳавас суханони Исоро гӯш мекунанд ва мехоҳанд аз қафои ин Чӯпони нек раванд. Онҳо мегӯянд: «Шахсе, ки дев дорад, чунин гап намезанад. Магар дев кӯронро бино карда метавонад?» (Юҳанно 10:20, 21). Аз афташ, онҳо ба он ишора мекунанд, ки Исо чанде пеш кӯри модарзодро шифо дода буд.
a Қӯра ҷоест дар саҳро, ки гирдогирдаш девор аст ва он ҷо рамаро нигоҳ медоранд; хобок, ҳел.