Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 3

Хизмати Исо дар Ҷалил

Исо мавъиза карда мегӯяд: «Подшоҳии осмон наздик шудааст» (Матто 4:17).

Хизмати Исо дар Ҷалил

ДАР ИН ҚИСМ

БОБИ 20

Мӯъҷизаи дуюми Исо дар Қоно

Аз масофаи тахминан 25 км кӯдакро шифо медиҳад.

БОБИ 21

Дар ибодатгоҳи Носира

Исо чӣ кор мекунад, ки мардуми Носира ӯро куштан мехоҳанд?

БОБИ 22

Чор шогирди Исо сайёди одамон мешаванд

Ӯ онҳоро даъват менамояд, ки як намуди моҳиқапиро ба дигараш иваз намоянд.

БОБИ 23

Исо дар Кафарнаҳум корҳои бузург мекунад

Вақте Исо девҳоро аз одамон берун мекард, ба онҳо иҷозат намедод, ки ба одамон гӯянд, ки ӯ писари Худо аст. Чаро?

БОБИ 24

Хизмати Исо дар Ҷалил пешрафт мекунад

Мардум ба назди Исо барои шифо ёфтан меоянд, вале Исо ба онҳо мефаҳмонад, ки ӯ нафақат бо ин мақсад ба замин омадааст.

БОБИ 25

Исо раҳм карда махавиро шифо медиҳад

Аз суханони одиву таъсирбахши Исо ғамхории ӯ нисбати шахсоне, ки ӯ шифо медиҳад, маълум мегардад.

БОБИ 26

«Гуноҳҳоят бахшида шуданд»

Чӣ тавр Исо алоқамандии байни беморӣ ва гуноҳро нишон дод?

БОБИ 27

Исо Матторо даъват мекунад

Чаро Исо бо гунаҳкорон хӯрок мехӯрад?

БОБИ 28

Барои чӣ шогирдони Исо рӯза намедоранд?

Исо машкро мисол оварда, ба савол ҷавоб медиҳад.

БОБИ 29

Оё рӯзи шанбе кори хуб кардан равост?

Чаро яҳудиён Исоро барои шифо додани марде ки 38 сол боз бемор аст, таъқиб мекунанд?

БОБИ 30

Исо писари Худост

Яҳудиён фикр мекунанд, ки Исо худро ба Худо баробар кардан мехоҳад, лекин ӯ мефаҳмонад, ки Худо аз ӯ боло аст.

БОБИ 31

Оё дар рӯзи шанбе хӯшачинӣ равост?

Чаро Исо худро «Хӯҷаини рӯзи шанбе» меномад?

БОБИ 32

Дар рӯзи шанбе чӣ равосту чӣ — не?

Саддуқиён ва фарисиён, ки ба ҳам зидданд, барои куштани Исо муттаҳид мешаванд.

БОБИ 33

Пешгӯйии пайғамбар Ишаъё иҷро мешавад

Барои чӣ Исо ба одамони шифо додааш мегӯяд, ки ба дигарон кӣ будан ва чӣ кор карданашро нақл накунанд?

БОБИ 34

Исо дувоздаҳ расулро интихоб мекунад

Расул аз шогирд чӣ фарқ дорад?

БОБИ 35

Мавъизаи болои кӯҳ

Мо аз чизе, ки Исо дар кӯҳи Зайтун таълим дод, чӣ фоида гирифта метавонем?

БОБИ 36

Мирисад имони қавӣ нишон медиҳад

Мирисад, чӣ коре мекунад, ки Исоро ба ҳайрат меорад?

БОБИ 37

Исо писари бевазанеро зинда мекунад

Онҳое ки шоҳиди ин мӯъҷиза буданд, маънои аслии онро фаҳмиданд.

БОБИ 38

Саволи Яҳё ба Исо

Чаро Яҳё мепурсад, ки Исо Масеҳ аст? Оё ӯ шубҳа дорад?

БОБИ 39

Вой бар ҳоли насли саркаш!

Исо мегӯяд, ки шаҳри Садӯм назар ба Кафарнаҳум, шаҳре ки ӯ бисёр вақт дар он ҷо қарор мегирифт, дар рӯзи Доварӣ бештар истодагарӣ карда метавонад. Ӯ чиро дар назар дошт?

БОБИ 40

Бахшидан муҳим аст

Вақте ки Исо ба зане ки шояд бероҳа буд, гуноҳҳоят бахшида шуданд гуфт, оё ӯ дар назар дошт, ки қонуни Худоро вайрон кардан мумкин аст?

БОБИ 41

Исо бо қудрати кӣ мӯъҷиза мекунад?

Бародарони Исо фикр мекунанд, ки ӯ девона шудааст.

БОБИ 42

Исо фарисиёнро сарзаниш мекунад

«Аломати Юнус-пайғамбар» чист?

БОБИ 43

Мисолҳо дар бораи Подшоҳии Худо

Бо ёрии ҳашт мисол Исо ҷонибҳои гуногуни Подшоҳии осмонро мефаҳмонад.

БОБИ 44

Исо тӯфонро хомӯш мекунад

Вақте Исо бод ва мавҷҳои баҳрро ором мекунад, ӯ дар бораи он ки ҳаёти одамон дар вақти ҳукмрониаш чӣ хел мешавад дарси муҳиме меомӯзонад.

БОБИ 45

Исо бар девҳо қудрат дорад

Оё мумкин аст, ки одам аз якто зиёд дев дошта бошад?

БОБИ 46

Зане ба либоси Исо даст мерасонад ва шифо меёбад

Аз ин воқеаи таъсирбахш, қудрати шифо бахшидан ва ҳамдард будани Исоро дидан мумкин аст.

БОБИ 47

Исо духтаракеро зинда мекунад

Вақте Исо мегӯяд, ки духтари Ёир хоб аст, одамон ба ин гапи ӯ механданд. Ӯ чӣ чизеро медонад, ки дигарон намедонанд?

БОБИ 48

Исоро дубора дар Носира рад мекунанд

Сокинони Носира Исоро чун фиристодаи Худо қабул намекунанд, лекин сабаб дар таълимоту мӯъҷизаҳояш нест.

БОБИ 49

Мавъиза дар Ҷалил ва таълим додани расулон

Дар зери суханони «Подшоҳии осмон наздик шудааст» чиро фаҳмидан мумкин аст?

БОБИ 50

Шогирдони Исо бояд далерона мавъиза кунанд

Чаро Исо нигоҳ накарда ба он ки расулонаш аз марг наметарсиданд гуфт ки, вақте шуморо таъқиб кунанд гурезед?

БОБИ 51

Куштор дар рӯзи зодрӯз

Рақси Саломия чунон ба шоҳ Ҳиродус маъқул мешавад, ки ӯ мегӯяд, ки чизе ки духтарандараш аз вай напурсад иҷро мекунад. Хоҳиши духтар чизе буд, ки дар гӯшаи хаёли касе намеомад. Ӯ чӣ пурсид?

БОБИ 52

Исо ҳазорон нафарро бо якчанд нону моҳӣ сер мекунад

Мӯъҷизаҳои Исо хеле пурмаъноянд, барои ҳамин дар ҳар чор китоби Инҷил дар бораи онҳо навишта шудааст.

БОБИ 53

Исо қувваҳои табиатро идора мекунад

Вақте Исо рӯйи об роҳ меравад ва шамоли сахтро ором мекунад, расулон аз ин воқеа чӣ дарси муҳиме мегиранд?

БОБИ 54

Исо «нони ҳаёт» аст

Барои чӣ Исо одамонеро ки кӯшиши зиёд намуда ба наздаш омадаанд, сарзаниш мекунад?

БОБИ 55

Бисёриҳо аз суханони Исо ба ғазаб меоянд

Исо чизеро ба шогирдонаш таълим медиҳад, ки баъд аз шунидани он бисёриҳо ӯро тарк мекунанд.

БОБИ 56

Чӣ одамро нопок мегардонад?

Чизе ки ба даҳон медарояд ё он чизе аз он мебарояд?

БОБИ 57

Исо духтари девдор ва марди карро шифо мебахшад

Чаро вақте Исо зан ва халқи ӯро ба сагчаҳо монанд кард, ӯ аз ин хафа нашуд?

БОБИ 58

Нону хамиртуруш

Ниҳоят, шогирдон фаҳмиданд, ки Исо «хамиртуруш» гуфта, чиро дар назар дорад.

БОБИ 59

Писари одам кист?

Калидҳои Подшоҳӣ чист? Кӣ онҳоро истифода мебарад ва чӣ тавр?

БОБИ 60

Дигаргун шудани Исо

Дигаргуншавӣ чиро дар бар мегирифт? Ва он чӣ маъно дошт?

БОБИ 61

Исо писаракеро, ки дев дошт, шифо медиҳад

Исо мегӯяд, ки писаракро аз сабаби нарасидани имон шифо дода натавонистанд. Имони ки сустӣ кард? Писарак, падараш ё шогирдони Исо?

БОБИ 62

Фурӯтанӣ муҳим аст

Одамони калон чизи муҳимеро аз кӯдаки хурд ёд мегиранд.

БОБИ 63

Исо ба шогирдонаш боз маслиҳатҳои муҳим медиҳад

Барои ҳал кардани душвориҳои ҷиддӣ кадом се қадамро гузоштан лозим аст?

БОБИ 64

Барои чӣ бахшидан муҳим аст?

Исо дар бораи ғуломи бераҳме нақл карда, нишон медиҳад, ки Худо ба дигаронро бахшида тавонистани мо чӣ гуна назар мекунад.

БОБИ 65

Исо дар роҳ таълим медиҳад

Дар се сӯҳбати кӯтоҳ Исо дар бораи баҳонаҳое гап мезанад, ки ба шахс барои пайрави ӯ шудан, халал мерасонад.