Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 64

Барои чӣ бахшидан муҳим аст?

Барои чӣ бахшидан муҳим аст?

МАТТО 18:21–35

  • ОЁ ҲАФТ МАРОТИБА БАХШИДАН КИФОЯ АСТ?

  • МИСОЛИ ҒУЛОМИ БЕРАҲМ

Исо маслиҳат дод, ки вақте байни шахс ва бародараш душворӣ пайдо мешавад, вай бояд кӯшиш кунад, ки онро бе дахолати дигарон ҳал кунад. Петрус инро шунида буд, лекин акнун вай, шояд, аниқ кардан мехоҳад, ки барои ҳал кардани душворӣ чанд бор бояд кӯшиш кунад.

Петрус аз Исо мепурсад: «Эй Ҳазрат, агар бародарам бар зидди ман гуноҳ кардан гирад, чанд бор бояд ӯро бахшам? То ҳафт бор?» Баъзе сарварони динӣ таълим медиҳанд, ки шахс каси дигарро бояд то се бор бахшад. Барои ҳамин Петрус, шояд, фикр мекунад, ки агар бародарашро «то ҳафт бор» бахшад, пас, ӯ бениҳоят раҳмдилу бахшанда аст (Матто 18:21).

Лекин ҳисоб кардани он ки шахс дигаронро чанд бор мебахшад, ба таълими Исо зид аст. Барои ҳамин ӯ Петрусро ислоҳ карда мегӯяд: «Ба ту мегӯям, ки на ҳафт бор, балки то ҳафтоду ҳафт бор» (Матто 18:22). Исо ба Петрус гуфтанист, ки ӯ бояд бародарашро беохир бахшад.

Баъди ин Исо ба Петрус ва дигарон мисоле меорад. Исо мехоҳад, то онҳо дарк кунанд, ки бахшидани дигарон қарзи ҳар як инсон аст. Подшоҳе ба ғуломонаш қарз медиҳад ва рӯзе мехоҳад, ки пулашро аз онҳо гирад. Яке аз ғуломон аз подшоҳ пули хеле калон, яъне 10 000 талант, ки ба 60 000 000 динор баробар аст, қарздор аст. Лекин вай имконият надорад, ки қарзашро баргардонад. Аз ин рӯ барои ба даст овардани пули худ подшоҳ фармон медиҳад, ки ғулом ва зану фарзандонашро фурӯшанд. Он гоҳ ғулом пеши подшоҳ зону зада аз ӯ илтимос мекунад: «Ба ман камтар вақт деҳ ва ман ҳамаашро ба ту бармегардонам» (Матто 18:26).

Дили подшоҳ ба он ғулом месӯзад ва ӯ раҳм карда қарзи ӯро мебахшад. Лекин ғулом аз пеши подшоҳ рафта, ғуломи дигареро меёбад, ки аз ӯ ҳамагӣ 100 динор қарздор буд. Вай аз гиребони он ғулом мегирад ва қариб буғӣ карда мегӯяд: «Тамоми қарзеро, ки аз ман гирифта будӣ, гардонда деҳ». Лекин он ғулом зону зада илтиҷо мекунад: «Камтар вақт деҳ ва ман қарзамро бармегардонам» (Матто 18:28, 29). Ғуломи якум бошад, мисли хӯҷаинаш рафтор намекунад. Вай рафиқашро ба зиндон мепартояд ва мегӯяд, ки то қарзашро барнагардонад, озод намешавад. Ба ин ғуломи бераҳм подшоҳ қарзи хеле калонеро бахшид, аммо ӯ қарзи ночизи рафиқашро бахшидан нахост.

Баъд Исо мегӯяд, ки ғуломони дигар муносибати бераҳмонаи ғуломи якумро дида ба пеши подшоҳ мераванд ва тамоми воқеаро нақл мекунанд. Подшоҳ аз ин дарғазаб мешавад ва он ғуломро ба наздаш фарёд карда, мегӯяд: «Эй ғуломи бадкор, вақте ки ту аз ман зориву илтиҷо кардӣ, ман тамоми қарзатро бахшидам. Пас, магар ту низ набояд ба рафиқат раҳм мекардӣ, чи тавре ки ман ба ту кардам?» Подшоҳ он ғуломи бераҳмро ба зиндон мепартояд ва мегӯяд, ки то тамоми қарзашро адо накунад, озод намешавад. Дар охир Исо мегӯяд: «Агар шумо ҳам бародари худро аз таҳти дил набахшед, Падари осмонии ман бо шумо чунин хоҳад кард» (Матто 18:32–35).

Чӣ дарси муҳиме! Худо аз гуноҳҳои мо гузашта, ба маъное, қарзи калони моро бахшидааст. Аз ин рӯ новобаста аз он ки бародаронамон бар зидди мо чӣ гуна гуноҳ мекунанд, мо бояд онҳоро бахшем. Қарзи бародаронамон дар пеши қарзе, ки Худо ба мо бахшидааст, ночиз аст. Ғайр аз ин, Худо моро ҳазорон бор мебахшад. Мо низ бояд хатоҳои бародаронамонро ҳисоб накарда бахшем, ҳатто агар барои хафашавӣ сабаб дошта бошем. Чи тавре ки Исо дар Мавъизаи болои кӯҳ гуфта буд, Худо қарзҳои моро мебахшад, «чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем» (Матто 6:12).