Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 51

Куштор дар рӯзи зодрӯз

Куштор дар рӯзи зодрӯз

МАТТО 14:1–12 МАРҚӮС 6:14–29 ЛУҚО 9:7–9

  • ҲИРОДУС САРИ ЯҲЁРО АЗ ТАН ҶУДО МЕКУНАД

Исо ва расулонаш дар Ҷалил мавъиза мекунанд. Лекин Яҳё, шахсе, ки Исоро ба дигарон шинос кард, дар озодӣ нест. Аллакай ду сол мешавад, ки ӯ дар зиндон аст.

Шоҳ Ҳиродуси Антипас аз зани якумаш ҷудо шуда, Ҳиродия, ҳамсари бародараш Филиппусро, ба занӣ гирифта буд. Мувофиқи Шариат, ин издивоҷ кори нораво буд ва хиёнат ба ҳисоб мерафт. Ҳиродус даъво мекард, ки Шариатро риоя мекунад, аз ин рӯ Яҳё ӯро рӯирост маҳкум кард. Ҳиродус бошад, ба гапи Ҳиродия даромада Яҳёро ба зиндон партофт.

Ҳиродус намедонад, ки бо Яҳё чӣ кор кунад, чунки мардум ӯро пайғамбар меҳисобанд (Матто 14:5). Лекин «Ҳиродия нисбати Яҳё дар дил кина» гирифтааст ва қасди куштани ӯро дорад (Марқӯс 6:19). Оқибат, чунин имконият пайдо мешавад.

Каме пеш аз иди Раҳоии с. 32-и милодӣ Ҳиродус ба муносибати ҷашни зодрӯзаш зиёфати калоне барпо мекунад. Ӯ мансабдорон, мириҳазорон ва калоншавандагони вилояти Ҷалилро таклиф мекунад. Саломия — духтари Ҳиродия, ки аз шавҳари якумаш Филиппус аст, омада, дар назди Ҳиродус ва меҳмонон рақс мекунад ва рақси ӯ ба онҳо сахт маъқул мешавад.

Рақси духтарандараш ба Ҳиродус хуш меояд, барои ҳамин ӯ ба духтар мегӯяд: «Ҳар чӣ дилат мехоҳад, аз ман хоҳиш кун ва ман онро ба ту медиҳам». Ҳиродус қасам хӯрда мегӯяд: «Ҳар чизе аз ман хоҳиш кунӣ, ба ту медиҳам, ҳатто нисфи мамлакатамро». Пеш аз ҷавоб додан духтар рафта, аз модараш мепурсад: «Чӣ хоҳиш кунам?» (Марқӯс 6:22–24).

Ин маҳз ҳамон чизест, ки Ҳиродия дар орзуяш буд! Ӯ дарҳол ба духтараш ҷавоб медиҳад: «Каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро». Саломия назди Ҳиродус омада мегӯяд: «Мехоҳам, ки худи ҳозир каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар табақе ба ман диҳӣ» (Марқӯс 6:24, 25).

Аз ин Ҳиродус хеле зиқ мешавад, лекин гапашро дигар намекунад, чунки қавл додааст. Барои иҷро кардани ваъдааш ӯ тайёр аст, ки шахси бегуноҳро кушад. Ҳиродус сарбози худро барои иҷро кардани ин кори даҳшатнок ба зиндон мефиристад. Каме пас сарбоз сари Яҳёро дар табақе гирифта меорад ва ба Саломия медиҳад. Духтар бошад, онро ба модараш мебарад.

Вақте ки шогирдони Яҳё инро мефаҳманд, омада, ҷасади ӯро мегиранд ва дар қабр мемонанд. Баъд пеши Исо мераванду ҳамаашро нақл мекунанд.

Дертар, вақте ба гӯши Ҳиродус мерасад, ки Исо беморонро шифо медиҳаду девҳоро аз онҳо берун мекунад, ӯ ба тарсу ҳарос меафтад. Ӯ хавотир аст, ки боз Исо ҳамон Яҳё набошад, ки ҳоло «аз мурдагон зинда шудааст» (Луқо 9:7). Барои ҳамин ӯ сахт мехоҳад, ки бо Исо вохӯрад. Мақсади ӯ гӯш кардани таълими Исо неву фаҳмидани он аст, ки гумону хавотириаш рост аст ё не.