Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 49

Мавъиза дар Ҷалил ва таълим додани расулон

Мавъиза дар Ҷалил ва таълим додани расулон

МАТТО 9:35–10:15 МАРҚӮС 6:6–11 ЛУҚО 9:1–5

  • ИСО БОЗ ДАР ҶАЛИЛ МАВЪИЗА МЕКУНАД

  • Ӯ РАСУЛОНАШРО БА МАВЪИЗА МЕФИРИСТАД

Тахминан ду сол мешавад, ки Исо хизматашро сар карда, бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекунад. Оё акнун вақти он омадааст, ки дам гирад? Не, баръакс, Исо боз ҳам бештар мавъиза мекунад. Ӯ «ба ҳамаи шаҳру деҳаҳо [-и Ҷалил] рафта, дар ибодатгоҳҳои онҳо таълим» медиҳад ва «хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо» мавъиза мекунад. «Ӯ ҳамчунин одамонро аз ҳар гуна дарду беморӣ» шифо медиҳад (Матто 9:35). Аз чизи дидааш Исо хулоса мебарорад, ки боз ҳам бештар мавъиза кардан даркор аст. Лекин ӯ аз ӯҳдаи ин кор чӣ хел мебаромада бошад?

Вақте Исо дар саросари Ҷалил мавъиза мекунад, ӯ мебинад, ки одамон ба роҳнамоии Худо ва тасаллӣ мӯҳтоҷанд. Онҳо мисли гӯсфандони бечӯпон захмдор ва парокандаанд. Дили Исо ба одамон месӯзад ва ӯ ба шогирдонаш мегӯяд: «Ҳосил, дар ҳақиқат, бисёр аст, лекин коргарон кам. Барои ҳамин аз Соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои дарав коргар фиристад» (Матто 9:37, 38).

Исо медонад, ки як худаш аз ӯҳдаи ин кор намебарояд. Барои ҳамин ӯ дувоздаҳ расулашро ба назди худ даъват мекунад ва онҳоро дунафарӣ ба мавъиза мефиристад. Пеш аз рафтанашон Исо ба онҳо чунин дастурот медиҳад: «Ба пеши халқҳои дигар наравед ва ба ягон шаҳри Сомария надароед, балки танҳо ба назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил биравед. Ҳангоми роҳ рафтанатон мавъиза карда гӯед: “Подшоҳии осмон наздик шудааст”» (Матто 10:5–7).

Шогирдон бояд дар бораи Подшоҳии Худо, ки Исо дар борааш дар дуои намунавӣ гуфта буд, мавъиза кунанд. Ин Подшоҳӣ ба он маъно наздик шудааст, ки Подшоҳи таъйиншуда, яъне Исои Масеҳ, дар рӯйи замин аст. Лекин чӣ тавр шогирдони Исо исбот мекунанд, ки онҳо дар ҳақиқат намояндагони Подшоҳии осмонанд? Исо ба онҳо қудрат медиҳад, ки беморонро шифо диҳанд ва ҳатто мурдагонро зинда кунанд. Барои ин онҳо аз одамон ягон тин намегиранд. Пас, чӣ тавр онҳо худашонро таъмин мекунанд?

Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки барои сафар бо худ чизе нагиранд, масалан, ба ҳамёнҳояшон тангаҳои тилло, нуқра ё мис наандозанд ё хӯрокворӣ ва либосу пойафзоли иловагӣ нагиранд. Барои чӣ Исо чунин дастурот медиҳад? Ӯ мефаҳмонад: «Меҳнаткаш сазовори он аст, ки ба вай хӯрду хӯрок дода шавад» (Матто 10:10). Одамоне, ки хабари шогирдонро қабул мекунанд, онҳоро бо чизҳои лозима таъмин менамоянд. Исо мегӯяд: «Дар ҳар ҷо ба хонае медароед, то аз он маҳал рафтанатон дар ҳамон хона монед» (Марқӯс 6:10).

Исо ҳамчунин мегӯяд, ки хабарро дар бораи Подшоҳии Худо чӣ тавр ба одамон расондан даркор аст: «Вақте ки ба хонае медароед, ба аҳли хонавода салом диҳед. Агар аҳли хона шуморо қабул кунанд, бигзор саломи шумо бар онҳо қарор гирад, лекин, агар онҳо шуморо қабул накунанд, бигзор саломатон ба шумо баргардад. Агар касе шуморо қабул накунад ё ба суханонатон гӯш надиҳад, ҳангоми аз он хона ё шаҳр баромада рафтанатон чанги пойи худро афшонед» (Матто 10:12–14).

Ҳатто чунин шуда метавонад, ки тамоми шаҳр ё қишлоқ хабари шогирдонро қабул намекунад. Оқибати чунин шаҳру қишлоқҳо чӣ мешавад? Исо мегӯяд, ки онҳо бо тамоми сахтгирӣ доварӣ карда мешаванд: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар Рӯзи Доварӣ ҳолати сарзамини Садӯм ва Амӯро аз ҳолати он шаҳр сабуктар хоҳад буд» (Матто 10:15).