Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 36

Мирисад имони қавӣ нишон медиҳад

Мирисад имони қавӣ нишон медиҳад

МАТТО 8:5–13 ЛУҚО 7:1–10

  • ШИФО ЁФТАНИ ҒУЛОМИ МИРИСАД

  • ИМОНДОРОН СОҲИБИ БАРАКАТ МЕШАВАНД

Исо Мавъизаи болои кӯҳро тамом карда, ба Кафарнаҳум равона мешавад. Дар он ҷо ба наздаш якчанд нафар пирони яҳудӣ меоянд. Онҳоро марди ғайрияҳудие назди Исо фиристодааст. Ӯ мирисад, яъне яке аз сардорони лашкари Рум, мебошад.

Хизматгори дӯстдоштаи ин мард сахт касал аст ва дар дами марг мебошад. Ҳарчанд мирисад яҳудӣ нест, ӯ аз Исо ёрдам мепурсад. Пирони яҳудӣ ба Исо мегӯянд, ки хизматгори он мард «фалаҷ шуда дар хона хоб аст ва дарди ҷонкоҳе ӯро азоб медиҳад» (Матто 8:6). Онҳо ҳамчунин ба ёрдами Исо сазовор будани ӯро қайд карда мегӯянд: «Ӯ халқи моро дӯст медорад ва бароямон ибодатгоҳ сохтааст» (Луқо 7:4, 5).

Исо ҳамроҳи он яҳудиён ба хонаи мирисад меравад. Вақте онҳо ба хона наздик мешаванд, мирисад дӯстонашро мефиристад, то аз номи ӯ гӯянд: «Тақсир, худатро ташвиш надеҳ, зеро ман сазовори он нестам, ки ту ба хонаам дароӣ. Ва барои ҳамин худам ба наздат наомадам» (Луқо 7:6, 7). Аҷоиб, ки шахсе, ки одатан ба дигарон фармон медиҳад, бо ин қадар хоксориву фурӯтанӣ бо Исо гап мезанад! Ин нишон медиҳад, ки мирисад аз румиён, ки нисбати ғуломони худ бераҳманд, сахт фарқ мекунад (Матто 8:9).

Мирисад, бешубҳа, медонад, ки яҳудиён бо ғайрияҳудиён ҳеҷ сарукор надоранд (Аъмол 10:28). Шояд, барои ҳамин вай худаш нарафта ба воситаи дӯстонаш илтимос мекунад: «Сухане бигӯ, то хизматгорам шифо ёбад» (Луқо 7:7).

Инро шунида Исо ба ҳайрат меояд ва мегӯяд: «Ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар Исроил чунин имони бузургро надида будам» (Луқо 7:9). Вақте дӯстони мирисад ба хонаи ӯ меоянд, мебинанд, ки ғуломи бемор ҳоло сиҳату саломат аст.

Баъди шифо додани ғуломи мирисад Исо аз фурсат истифода бурда нишон медиҳад, ки ғайрияҳудиёне, ки имон меоранд, соҳиби баракатҳо мешаванд: «Бисёриҳо аз шарқу ғарб омада, дар Подшоҳии осмон бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб дар сари миз хоҳанд нишаст». Лекин бо яҳудиёне, ки имон намеоранд, чӣ мешавад? Исо мегӯяд, ки онҳо «ба берун, ба торикӣ, партофта хоҳанд шуд ва... дар он ҷо гиря мекунанду дандонҳояшонро ғиҷиррос мезанонанд» (Матто 8:11, 12).

Худо аввал ба яҳудиён имконият дод, ки дар Подшоҳии осмон ҳамроҳи Масеҳ ҳукмронӣ кунанд, лекин онҳо инро қабул накарданд. Барои ҳамин Ӯ онҳоро рад кард ва баъд ба ғайрияҳудиён имконият дод, ки дар «Подшоҳии осмон... дар сари миз»-и Масеҳ шинанд.