Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 41

Исо бо қудрати кӣ мӯъҷиза мекунад?

Исо бо қудрати кӣ мӯъҷиза мекунад?

МАТТО 12:22–32 МАРҚӮС 3:19–30 ЛУҚО 8:1–3

  • ИСО БОРИ ДУЮМ ДАР САРОСАРИ ҶАЛИЛ МАВЪИЗА МЕКУНАД

  • ИСО ДЕВҲОРО АЗ ОДАМОН БЕРУН МЕКУНАД

  • ГУНОҲИ НОБАХШИДАНӢ

Каме баъд аз меҳмонӣ дар хонаи Шимъӯни фарисӣ Исо бори дуюм дар саросари Ҷалил мавъиза мекунад. Ин соли дуюми хизмати Исост ва дувоздаҳ расулаш ҳамроҳи ӯ мебошанд. Ҳамчунин баъзе заноне, ки ӯ онҳоро «аз банди рӯҳҳои нопок раҳо» карда, «аз касалиҳо... шифо» дода буд, ҳамроҳаш сафар мекунанд (Луқо 8:2). Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Сусан ва Юҳона, ки шавҳараш ходими дарбори шоҳ Ҳиродуси Антипас аст, мебошанд.

Одамони бештар дар бораи Исо мефаҳманд ва фикру ақидаҳо дар бораи ӯ гуногун аст. Баъди як воқеа бошад, бозори баҳсу мунозираҳо метафсад. Одамон назди Исо мардеро меоранд, ки аз сабаби дев доштанаш кӯру гунг аст. Исо ӯро шифо медиҳад ва мард ба гап медарояду бино мешавад. Мардум ангушти ҳайрат мегазанду ба якдигар мегӯянд: «Магар ин шахс Писари Довуд нест?» (Матто 12:23).

Мардум дар назди дари хонае, ки Исо меистад, ҷамъ мешаванд. Одамон чунон бисёранд, ки Исову шогирдонаш ҳатто хӯрок хӯрда наметавонанд. Лекин на ҳамаи онҳо фикр доранд, ки Исо Масеҳ ва «Писари Довуд» аст. Баъзе шариатдонону фарисиён аз худи Ерусалим омадаанд. Лекин мақсади онҳо аз Исо таълим гирифтан ва ё ӯро дастгирӣ кардан нест. Онҳо дар бораи Исо ба мардум мегӯянд: «Вай Баал-Забул дорад». Онҳо гуфтанианд, ки Исо бо «ҳокими девҳо» як аст (Марқӯс 3:22). Вақте хабари ин шӯру ғавғо ба гӯши хешу табори Исо мерасад, онҳо назди Исо меоянд, то ӯро гирифта баранд. Барои чӣ?

Бародарони Исо ҳоло бовар надоранд, ки ӯ Писари Худост (Юҳанно 7:5). Онҳо фикр мекунанд, ки Исо дар байни мардум шӯру ғавғо мебардорад ва ӯ акнун он Исое нест, ки ҳамроҳашон дар Носира калон шуда буд. Барои ҳамин онҳо гумон мекунанд, ки Исо ақлашро гум кардааст. Онҳо мегӯянд: «Вай девона шудааст» (Марқӯс 3:21).

Лекин, албатта, ин гап рост нест. Исо мардеро, ки гирифтори дев буд, шифо бахшид ва ӯро бинову шунаво гардонд. Инро ҳама диданд ва ин мӯъҷизаро инкор карда намешавад. Лекин фарисиёну шариатдонон дар Исо айб ёфтан мехоҳанд. Онҳо мегӯянд: «Ӯ девҳоро ба воситаи Баал-Забул — ҳокими девҳо, берун мекунад» (Матто 12:24).

Исо фикри фарисиёну шариатдононро пай бурда мегӯяд: «Ҳар подшоҳие, ки дар он ҷудоӣ ба миён меояд, барҳам мехӯрад ва ҳар шаҳр ё хонадоне, ки дар он ҷудоӣ ба миён меояд, устувор нахоҳад монд. Ба ин монанд, агар Шайтон Шайтонро берун кунад, пас, дар ӯ ҷудоӣ ба миён омадааст. Дар ин ҳолат чӣ тавр подшоҳии ӯ устувор монда метавонад?» (Матто 12:25, 26).

Чӣ мисоли хубе! Фарисиён медонанд, ки баъзе яҳудиён аз одамон девҳоро берун мекунанд (Аъмол 19:13). Барои ҳамин Исо аз онҳо мепурсад: «Агар ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд?» Фарисиён Исоро айбдор кардан мехоҳанд, лекин аз рӯйи суханонашон худи онҳоро айбдор кардан мумкин аст. Исо фикрашро давом дода мегӯяд: «Лекин, агар ман девҳоро бо рӯҳи Худо берун мекарда бошам, пас, Подшоҳии Худо, дар ҳақиқат, омадаасту шумо бехабаред» (Матто 12:27, 28).

Баъд Исо мисоле меорад: «Чӣ тавр кас ба хонаи марди пурзӯре зада даромада, чизу чораашро аз они худ карда метавонад? Ӯ бояд аввал дасту пойи марди пурзӯрро бандад ва танҳо баъд хонаи вайро ғорат карда метавонад. Ҳар кӣ бо ман нест, зидди ман аст ва ҳар кӣ бо ман ҷамъ намекунад, пароканда менамояд» (Матто 12:29, 30). Он ки Исо девҳоро берун мекунад, нишон медиҳад, ки ӯ аз Шайтон қудрати бештар дорад. Фарисиёну шариатдонон бар зидди Исоянд, барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки онҳо Шайтонро тарафгирӣ мекунанд. Онҳо намегузоранд, ки мардум ба Исо, ки ҳама корро бо дастгирии Яҳува Худо мекунад, наздик шаванд.

Исо ба ин душманони Худо мегӯяд: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳама гуноҳҳои одамон бахшида мешаванд, новобаста аз он ки онҳо чӣ гуна гуноҳ содир мекунанд ва чӣ гуна суханони куфрро ба забон меоранд. Вале касе, ки бар зидди рӯҳи муқаддас куфр мегӯяд, ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад, балки ин гуноҳаш то абад мемонад» (Марқӯс 3:28, 29). Душманони Исо маҳз чунин гуноҳро мекунанд, зеро кореро, ки бо рӯҳи Худо карда мешавад, ба Шайтон нисбат медиҳанд!