БОБИ 56
Чӣ одамро нопок мегардонад?
МАТТО 15:1–20 МАРҚӮС 7:1–23 ЮҲАННО 7:1
-
ИСО НОДУРУСТИИ УРФУ ОДАТҲОИ ИНСОНИРО ФОШ МЕКУНАД
Иди Раҳоии соли 32-и милодӣ наздик аст. Ҳоло Исо дар Ҷалил машғули таълимдиҳӣ мебошад. Аз афташ, ба қарибӣ ӯ ба Ерусалим меравад, то мувофиқи Шариат идро ҷашн гирад. Лекин Исо ин корро эҳтиёткорона мекунад, зеро яҳудиён қасди куштани ӯро доранд (Юҳанно 7:1). Баъди ид Исо боз ба Ҷалил бармегардад.
Эҳтимол, ҳоло Исо дар Кафарнаҳум аст. Аз Ерусалим ба назди ӯ фарисиён ва шариатдонон меоянд. Барои чӣ онҳо роҳи дурударозро тай карда, ба назди Исо меоянд? Онҳо мехоҳанд баҳонае ёфта, Исоро дар риоя накардани маросимҳои динӣ айбдор кунанд. Онҳо мегӯянд: «Барои чӣ шогирдони ту урфу одатҳои аҷдодонро поймол мекунанд? Масалан, онҳо пеш аз хӯрок хӯрдан дастҳои худро намешӯянд» (Матто 15:2). Худо аз исроилиён талаб накарда буд, ки пеш аз хӯрдани хӯрок дастонашонро то оринҷ шӯянд (Марқӯс 7:3). Лекин барои фарисиён риоя накардани ин маросим хатои ҷиддӣ аст.
Исо ба саволи ин одамон рӯирост ҷавоб намедиҳад, балки ба он ишора мекунад, ки чӣ тавр худи онҳо дидаву дониста Шариати Худоро поймол мекунанд. Ӯ мегӯяд: «Чаро худи шумо баҳри урфу одатҳоятон амрҳои Худоро поймол мекунед? Масалан, Худо гуфтааст: “Падару модаратро иззату ҳурмат кун” ва “Ҳар кӣ падар ё модарашро дашном диҳад, бояд кушта шавад”. Лекин шумо мегӯед: “Агар касе ба падар ё модараш гӯяд, ки “чизе, ки бо он шуморо дастгирӣ карда метавонистам, ҳадияи ба Худо бахшидашуда аст”, он гоҳ зарур нест, ки онҳоро ҳурмату эҳтиром кунад”» (Матто 15:3–6; Хуруҷ 20:12; 21:17).
Фарисиён мегӯянд, ки пулу мол ё ягон чизи дигаре, ки ба Худо ҳадия карда мешавад, аз они маъбад аст ва онро бо дигар мақсад истифода бурдан мумкин нест. Ҳол он ки дар асл худи шахс аз он истифода мебарад. Масалан, писар гуфта метавонад, ки пул ё чизу чораи вай ба Худо ё маъбад «қурбон» шудааст. Ин тавр вай гӯё мегӯяд, ки ҳуқуқи истифода бурдани ин чизҳо дар ихтиёри маъбад аст. Ҳарчанд дар асл ин чизҳо дар дасти фарзанд аст, ӯ мегӯяд, ки онҳоро ба фоидаи падару модари пир ва мӯҳтоҷаш истифода бурда наметавонад. Ҳамин тавр, ӯ аз адо кардани қарзи фарзандӣ гардан метобад (Марқӯс 7:11).
Исо аз он ки фарисиён Шариати Худоро дурӯғ маънидод мекунанд, дарғазаб мешавад. Ӯ мегӯяд: «Шумо баҳри урфу одатҳоятон суханони Худоро поймол мекунед. Эй дурӯяҳо, ҳақ буд пайғамбар Ишаъё, вақте ки дар бораи шумо пешгӯйӣ карда гуфт: “Ин мардум Маро дар сухан эҳтиром мекунанд, лекин дилҳояшон аз Ман дур аст. Онҳо беҳуда Маро ибодат мекунанд, зеро таълимоташон бар гуфтаҳои одамон асос меёбад”». Фарисиён ба ин танқиди Исо чизе ҷавоб намедиҳанд. Исо мардумро ба назди худ хонда мегӯяд: «Гӯш диҳед ва ба ин суханон сарфаҳм равед: на он чӣ ба даҳон медарояд, одамро нопок месозад, балки он чӣ аз даҳон берун меояд» (Матто 15:6–11; Ишаъё 29:13).
Баъдтар дар хона шогирдонаш ба Исо мегӯянд: «Оё медонӣ, ки фарисиён суханони гуфтаатро шунида ба хашм омаданд?» Исо ба онҳо ҷавоб медиҳад: «Ҳар ниҳоле, ки Падари осмониам нашинондааст, решакан хоҳад шуд. Ба онҳо аҳамият надиҳед. Онҳо роҳнамоёни кӯранд. Агар як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳар ду ба чоҳ меафтанд» (Матто 15:12–14).
Петрус аз номи шогирдон аз Исо хоҳиш мекунад, то фаҳмонад, ки чӣ одамро нопок мегардонад. Исо ҳайрон шуда, мегӯяд: «Оё намедонед, ки ҳар он чӣ ба даҳон медарояд, ба шикам меравад ва аз он берун мешавад? Лекин Матто 15:17–20).
он чӣ аз даҳон мебарояд, аз дил берун меояд ва он чизҳо одамро нопок мегардонанд. Масалан, аз дил фикрҳои бад, одамкушӣ, хиёнати ҳамсарӣ, бадахлоқии ҷинсӣ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва куфр берун меояд. Ҳамаи ин чизҳо одамро нопок мекунанд, аммо бо дасти ношуста хӯрок хӯрдан касро нопок намесозад» (Исо бар зидди тозагӣ нест ва суханони ӯ маънои онро надоранд, ки пеш аз хӯрок пухтан ё хӯрдан даст шустан даркор нест. Аниқтараш ӯ дурӯягии роҳбарони динро маҳкум мекунад, зеро онҳо қонуни Худоро зери по карда, таълимоти инсонро болобардор мекунанд. Дар ҳақиқат, одамро корҳои баде нопок мегардонанд, ки аз дил сарчашма мегиранд.