Матто бобҳои 5–7
5 Вақте Исо одамони бисёрро дид, ба кӯҳ баромада нишаст ва шогирдонаш назди ӯ омаданд. 2 Он гоҳ ӯ таълим додани онҳоро сар карда гуфт:
3 «Хушбахтанд касоне, ки ташнаи раҳнамоии Худоянд, чунки Подшоҳии осмон аз они онҳост.
4 Хушбахтанд мотамзадагон, чунки тасаллӣ меёбанд.
5 Хушбахтанд нармдилон a, чунки заминро мерос мегиранд.
6 Хушбахтанд гушнагону ташнагони адолат, чунки сер мешаванд.
7 Хушбахтанд раҳмдилон, чунки ба онҳо раҳм карда мешавад.
8 Хушбахтанд покдилон, чунки Худоро мебинанд.
9 Хушбахтанд сулҳҷӯён, чунки фарзандони Худо номида мешаванд.
10 Хушбахтанд касоне, ки аз барои росткорӣ озор дидаанд, чунки Подшоҳии осмон аз они онҳост.
11 Хушбахтед шумо, вақте ба хотири ман одамон шуморо паст мезананд, озор медиҳанд ва ҳар хел туҳмат мекунанд. 12 Шоду хурсанд бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст. Охир, пайғамбаронро низ, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр озор медоданд.
13 Шумо намаки ҷаҳон ҳастед, лекин, агар намак таъми худро гум кунад, бо чӣ шӯрии онро баргардонидан мумкин аст? Он дигар ба ҳеҷ чиз кор намеояд, ғайр аз он ки ба берун, ба таги пойи одамон, партофта шавад.
14 Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре, ки бар кӯҳ ҷойгир аст, аз чашм пинҳон намемонад. 15 Вақте одамон чароғро дармегиронанд, онро на дар таги сабад, балки дар рӯйи чароғпоя мегузоранд ва он бар ҳамаи онҳое, ки дар хонаанд, нур мепошад. 16 Мисли ин, бигзор нури шумо дар пеши мардум дурахшад, то онҳо корҳои некатонро дида Падари шуморо, ки дар осмон аст, ҷалол диҳанд.
17 Гумон накунед, ки ман барои бекор кардани Таврот ё Навиштаҳои пайғамбарон омадаам. Ман на барои бекор кардан, балки барои иҷро намудани онҳо омадаам. 18 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: замину осмон нест шавад ҳам, ҳеҷ як ҳарфи хурдтарин ё нуқтае аз Таврот нест намешавад, балки ҳамааш ба амал меояд. 19 Аз ин рӯ ҳар кӣ яке аз амрҳои хурдтаринро вайрон карда, ба дигарон ҳам инро таълим диҳад, ба Подшоҳии осмон намедарояд b. Лекин ҳар кӣ ин амрҳоро иҷро кунад ва онҳоро ба дигарон таълим диҳад, ба Подшоҳии осмон дохил мешавад c. 20 Ба шумо мегӯям, ки, агар аз шариатдонон ва фарисиён росткортар набошед, ҳаргиз ба Подшоҳии осмон намедароед.
21 Шумо шунидаед, ки дар замонҳои қадим чунин гуфта шуда буд: “Одам накуш; ҳар кӣ одам кушад, дар пеши додгоҳ ҷавоб медиҳад”. 22 Лекин ман ба шумо мегӯям: касе, ки аз бародараш хашмгин шаваду ғазабашро дар дил нигоҳ дорад, дар пеши додгоҳ ҷавоб медиҳад. Ҳамчунин ҳар кӣ ба бародараш сухани нораво гӯяду ӯро паст занад, дар пеши додгоҳи олӣ ҷавоб медиҳад. Аммо касе, ки бародари худро “Аҳмақи нокас!” гӯяд, ба оташи водии Ҳиннӯм d партофта мешавад.
23 Пас, агар вақти назди қурбонгоҳ овардани ҳадия ба хотират ояд, ки бародарат аз ту хафа аст, 24 ҳадияатро он ҷо мону аввал рафта, бо бародарат оштӣ шав ва баъд баргашта, ҳадияатро пешкаш намо.
25 Ҳанӯз ки бо даъвогари худ ба додгоҳ равонаӣ, мушкилиеро, ки байни шумо сар задааст, зудтар ҳал кун, то даъвогарат туро ба дасти довар ва довар туро ба посбон насупораду туро ба зиндон напартоянд. 26 Ба ростӣ ба ту мегӯям: то даме ки қарзатро то тини охирин адо накунӣ, аз он ҷо намебароӣ.
27 Шумо шунидаед, ки гуфта шудааст: “Ба ҳамсарат хиёнат накун”. 28 Аммо ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳват нигоҳ кардан гирад, аллакай дар дили худ бо вай зино кардааст e. 29 Пас, агар чашми ростат туро ба гуноҳ тела диҳад, онро канда парто, зеро беҳтар аст, ки аз як узват маҳрум шавию тамоми баданат ба водии Ҳиннӯм f партофта нашавад. 30 Ҳамчунин, агар дасти ростат туро ба гуноҳ тела диҳад, онро бурида парто, зеро беҳтар аст, ки аз як узват маҳрум шавию тамоми баданат ба водии Ҳиннӯм g партофта нашавад.
31 Ғайр аз ин, гуфта шудааст: “Касе, ки аз зани худ ҷудо мешавад, бигзор ба ӯ талоқнома диҳад”. 32 Аммо ман ба шумо мегӯям: касе, ки аз зани худ ғайр аз сабаби зино h ҷудо шавад, ӯро ба хиёнат тела медиҳад ва касе, ки бо зани ҷудошуда оиладор шавад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад.
33 Боз шумо шунидаед, ки дар замонҳои қадим гуфта шуда буд: “Қасами худро нашикан, балки назратро пеши Яҳува ба ҷо ор”. 34 Аммо ман ба шумо мегӯям: тамоман қасам нахӯред, на ба осмон, зеро он тахти Худост, 35 на ба замин, чунки он қадамгоҳи i Худост, ва на ба Ерусалим, чунки он шаҳри Подшоҳи бузург аст. 36 Ба сари худ низ қасам нахӯред, зеро ҳатто як тори мӯятонро сафед ё сиёҳ карда наметавонед, 37 балки “ҳа”-и шумо “ҳа” бошад ва “не”-и шумо “не”, он чӣ зиёда аз ин аст, аз Шайтон j аст.
38 Шумо шунидаед, ки гуфта шудааст: “Чашм дар ивази чашм ва дандон дар ивази дандон”. 39 Лекин ман ба шумо мегӯям: ба бадкор муқобилат накун, балки, агар касе ба як тарафи рӯят шапалоқ занад, тарафи дигари рӯятро низ ба ӯ гардон. 40 Рафту касе туро ба додгоҳ кашиданӣ шуда, куртаатро гирифтанӣ бошад, ҷомаатро низ ба ӯ бидеҳ. 41 Агар ҳокимиятдоре туро маҷбур кунад, ки бо ӯ як чақрим k роҳро тай кунӣ, бо ӯ ду чақрим роҳ рав. 42 Ба касе, ки аз ту чизе бипурсад, бидеҳ ва аз касе, ки аз ту қарз гирифтан хоҳад l, рӯй нагардон.
43 Шумо шунидаед, ки гуфта шудааст: “Ёри худро дӯст дор ва аз душманат нафрат кун”. 44 Аммо ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст доред ва дар ҳаққи озордеҳони худ дуо гӯед, 45 то фарзандони Падари осмониятон гардед, зеро ӯ офтобро ҳам ба бадону ҳам ба некон метобонад ва боронро ҳам ба росткорону ҳам ба бадкорон меборонад. 46 Охир, агар шумо танҳо дӯстдорони худро дӯст доред, чӣ мукофоте мегиред? Магар ҷамъоварони андоз низ ҳамин тавр намекунанд? 47 Агар шумо танҳо ба бародарони худ салом диҳед, чӣ кори ғайриодие мекунед? Магар халқҳои дигар низ ҳамин тавр намекунанд? 48 Пас, комил бошед, чуноне ки Падари осмониятон комил аст.
6 Эҳтиёт шавед, ки росткориятонро дар пеши одамон намоиш надиҳед, вагарна аз Падари осмониятон мукофоте намегиред. 2 Пас, вақте ки садақа медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, мисли он ки дурӯягон дар ибодатхонаҳо ва кӯчаҳо мекунанд, то аз одамон таъриф шунаванд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро ба пуррагӣ гирифтаанд. 3 Аммо, вақте ки садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат надонад, ки дасти ростат чӣ кор карда истодааст, 4 то садақа доданат ба касе маълум набошад. Он гоҳ Падари ниҳонбинат a ба ту мукофот медиҳад.
5 Ҳамчунин, вақте ки дуо мегӯед, мисли дурӯягон рафтор накунед, зеро ба онҳо маъқул аст, ки дар ибодатхонаҳо ва дар сари кӯчаҳои калон дуо гӯянд, то одамон онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро ба пуррагӣ гирифтаанд. 6 Аммо, вақте дуо мегӯӣ, ба хонаи худ даромада, дарро маҳкам кун ва ба Падари нонамоёнат дуо гӯй. Он гоҳ Падари ниҳонбинат ба ту мукофот медиҳад. 7 Вақте дуо мегӯед, мисли халқҳои дигар гаштаву баргашта як чизро такрор накунед, зеро онҳо гумон мекунанд, ки, агар пургӯйӣ кунанд, Худо дуои онҳоро мешунавад. 8 Пас, мисли онҳо набошед, зеро Падари шумо ҳатто пеш аз он ки чизеро талаб кунед, медонад, ки ба чӣ ниёз доред.
9 Барои ҳамин ин тавр дуо гӯед:
“Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, номи ту муқаддас бод! b 10 Подшоҳии ту биёяд. Хости ту дар замин чун дар осмон иҷро гардад c. 11 Ризқу рӯзии имрӯзаамонро бидеҳ 12 ва қарзҳои d моро бибахш, чи тавре ки мо низ қарздорони худро e бахшидем. 13 Нагузор, ки ба васваса афтем, балки моро аз Шайтон халос кун”.
14 Агар шумо хатоҳои одамонро бахшед, Падари осмониятон низ шуморо мебахшад, 15 лекин, агар шумо хатоҳои одамонро набахшед, Падари шумо низ хатоҳоятонро намебахшад.
16 Минбаъд, вақте рӯза мегиред, монанди дурӯягон рӯятонро турш накунед, зеро онҳо барои намоиш додани рӯзадорияшон ба афту андоми худ аҳамият намедиҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро ба пуррагӣ гирифтаанд. 17 Аммо ту, ҳангоме ки рӯза мегирӣ, ба сарат равған бимол ва рӯйи худро бишӯй, 18 то рӯзадорият на ба одамон, балки танҳо ба Падари нонамоёнат аён бошад. Он гоҳ Падари ниҳонбинат ба ту мукофот медиҳад.
19 Барои худ дар замин боигарӣ ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо онҳоро куя f ва занг мезанад ва дуздон даромада, медузданд, 20 балки дар осмон боигарӣ ҷамъ кунед, чунки дар он ҷо куя ва занг намезанад ва дуздон даромада, намедузданд. 21 Боигарии шумо дар куҷое бошад, дилатон низ дар ҳамон ҷо мешавад.
22 Чароғи бадан чашм аст. Пас, агар чашмат сер бошад, тамоми баданат равшан мегардад. 23 Лекин, агар чашмат гушна g бошад, тамоми баданат торик мегардад. Агар нуре, ки дар туст, торикӣ бошад, пас, чӣ гуна бузург аст он торикӣ!
24 Ҳеҷ кас ғуломи ду хӯҷаин буда наметавонад, чунки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст медорад, ё ба яке часпида, дигареро хор медорад. Шумо наметавонед ҳам ғуломи Худо ва ҳам ғуломи Боигарӣ бошед.
25 Бинобар ин ба шумо мегӯям: дигар дар бораи ҳаёти худ, яъне чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан, ё дар бораи бадани худ, яъне чӣ пӯшидан, ташвиш накашед. Магар ҳаёт аз хӯрок ва бадан аз пӯшок муҳимтар нест? 26 Ба парандагони осмон диққат диҳед — онҳо на мекоранд, на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд, бо вуҷуди ин Падари осмонии шумо ризқу рӯзияшонро мерасонад. Наход шумо аз онҳо пурарзиштар набошед? 27 Кадоме аз шумо ташвиш кашида умри худро ақаллан каме дароз карда метавонад? 28 Ҳамчунин дар бораи чӣ пӯшидан чаро ташвиш мекашед? Аз савсанҳои саҳро ибрат гиред, ки чӣ тавр месабзанд: онҳо на меҳнат мекунанд ва на мересанд, 29 аммо ба шумо мегӯям, ки ҳатто Сулаймон бо ҳама шукӯҳаш мисли яке аз онҳо либос напӯшида буд. 30 Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту пагоҳ ба оташ партофта мешавад, ин тавр пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо, пӯшонида натавонад? 31 Бинобар ин ҳеҷ гоҳ ташвиш кашида нагӯед “чӣ хӯрем?” ё “чӣ нӯшем?” ё “чӣ пӯшем?”, 32 зеро халқҳои дигар аз пайи ҳамин чизҳо мебошанд. Аммо Падари осмониятон ба ҳамаи ин чизҳо муҳтоҷ будани шуморо медонад.
33 Пас, пеш аз ҳама аз пайи Подшоҳии Худо бошед ва он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба ҷо оред, он гоҳ ҳамаи ин чизҳо низ ба шумо дода мешавад. 34 Ҳеҷ гоҳ ғами фардоро нахӯред, зеро фардо ғаму ташвишҳои худро дорад. Ташвиши имрӯза барои ҳамин рӯз басанда аст.
7 Дигар ҳукм накунед, то шуморо ҳукм накунанд, 2 зеро, чи тавре ки ҳукм кунед, ҳамон тавр ҳукм карда мешавед ва бо кадом андозае чен кунед, бо ҳамон андоза ба шумо чен мекунанд. 3 Барои чӣ ту хасро дар чашми бародарат мебинию ба чӯби чашми худ аҳамият намедиҳӣ? 4 Ё чӣ тавр ба бародарат мегӯӣ: “Иҷозат деҳ хасро аз чашмат бигирам”, ҳол он ки дар чашми худат чӯб аст? 5 Эй дурӯя! Аввал чӯби чашми худатро бигир, он вақт нағзтар мебинӣ, ки чӣ тавр хаси чашми бародаратро бигирӣ.
6 Чизи муқаддасро ба сагон надиҳед ва марворидатонро пеши хукон напартоед, то онро поймол насозанд ва баъд ба худатон дарафтода, шуморо пора-пора накунанд.
7 Биталабед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва меёбед, дарро тақ-тақ кунед h ва он ба рӯятон кушода мешавад, 8 чунки касе биталабад, мегирад, касе, ки биҷӯяд, меёбад ва касе, ки дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. 9 Агар писаратон аз шумо нон пурсад, кадоме аз шумо ба ӯ санг медиҳед? 10 Ё, агар моҳӣ пурсад, оё ба вай мор медиҳед? 11 Агар шумо, бо вуҷуди он ки бадкоред, ба фарзандонатон додани чизҳои хубро донед, пас, то чӣ андоза бештар Падари осмонии шумо ба онҳое, ки аз ӯ мепурсанд, чизҳои хубро ато мекунад!
12 Пас, чи тавре мехоҳед дигарон бо шумо рафтор кунанд, шумо ҳам бо онҳо ҳамон тавр кунед, зеро мазмуни Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон ҳамин аст.
13 Аз дарвозаи танг дароед, чунки кушод аст он дарвоза ва васеъ аст он роҳе, ки сӯйи нобудӣ мебарад ва бисёриҳо бо он равонаанд. 14 Лекин танг аст он дарвоза ва борик аст он роҳе, ки сӯйи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он каманд.
15 Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, ки ба намуди гӯсфанд назди шумо меоянду дар асл гургони даррандаанд. 16 Онҳоро аз корҳояшон i хоҳед шинохт. Магар аз хорбутта ангур ё анҷир мечинанд? 17 Ба ин монанд, ҳар дарахти хуб меваи хуб меорад, лекин ҳар дарахти бад — меваи бад. 18 Наметавонад дарахти хуб меваи бад ва дарахти бад меваи хуб орад. 19 Ҳар дарахтеро, ки меваи хуб намеорад, бурида, ба оташ мепартоянд. 20 Бале, ин гуна одамонро аз корҳояшон хоҳед шинохт.
21 На ҳар касе, ки ба ман “Ҳазратам, Ҳазратам” мегӯяд, ба Подшоҳии осмон медарояд, балки танҳо касе, ки хости Падари осмониямро иҷро мекунад. 22 Он рӯз бисёриҳо ба ман чунин мегӯянд: “Ҳазрат, Ҳазрат, магар ба номи ту пешгӯйӣ намекардем? Магар ба номи ту девҳоро намерондем? Магар ба номи ту муъҷизаҳои бисёре ба амал намеовардем?” 23 Он гоҳ ба онҳо мегӯям: “Ман шуморо тамоман намешиносам! Аз ман дур шавед, эй бадкорон!”
24 Барои ҳамин ҳар касе, ки ин сухани маро мешунаваду иҷро мекунад, монанди каси бохирадест, ки хонаи худро бар кӯҳпора месозад. 25 Вақте ки борони сел борида, обхезӣ шавад ва шамоли сахте вазад, хонаи ӯ вайрон намегардад, зеро таҳкурсияш бар кӯҳпора сохта шудааст. 26 Лекин касе, ки ин сухани маро мешунаваду иҷро намекунад, монанди каси беақлест, ки хонаашро бар рег месозад. 27 Вақте ки борони сел борида, обхезӣ шавад ва шамоли сахте вазад, ин хона вайрон мешавад ва зарари бениҳоят калон мебинад».
28 Вақте ки Исо суханашро тамом кард, мардум ба тарзи таълими ӯ қоил шуданд, 29 зеро ӯ ҳамчун соҳибқудрате гап мезад, на чун шариатдонони онҳо.
a Ё «мулоимтабиатон».
b Дар матни асл «дар Подшоҳии осмон хурдтарин номида мешавад».
c Дар матни асл «дар Подшоҳии осмон бузургтарин номида мешавад».
d Водии Ҳиннӯм — рамзи нобудии абадӣ. Ба ибронӣ «геҳ Ҳиннӯм» ва ба юнонӣ «геҳе́нна», ки маънои «водии Ҳиннӯм»-ро доранд (калимаи «ҷаҳаннам» низ аз ҳамин калимаи ибронӣ гирифта шудааст). Водие, ки дар тарафи ҷануб ва ҷанубу ғарбии Ерусалими қадим ҷойгир буд. Дар бораи ин водӣ пешгӯйӣ шуда буд, ки ба он ҷо ҷасади мурдаҳо партофта мешаванд. Дар ягон ҷо гуфта нашудааст, ки ҳайвонҳо ё одамонро зинда ба зинда ба водии Ҳиннӯм партофта, дар он месӯзонданд ё азоб медоданд. Аз ин рӯ он рамзи ҷойи нонамоёне нест, ки ҷони одам абадан дар оташ азоб дода мешавад. Баръакс, Исо ва шогирдонаш ибораи «водии Ҳиннӯм»-ро ҳамчун рамзи ҷазои ниҳоӣ, яъне несту нобудии абадӣ, истифода мебурданд.
e Ё «ба ҳамсараш хиёнат кардааст».
f Ба поварақи 5:22 нигаред.
g Ба поварақи 5:22 нигаред.
h Ё «бадахлоқии ҷинсӣ». Дар Навиштаҳои Юнонӣ калимаи юнонии «порне́я», ки «зино» тарҷума шудааст, ҳар гуна алоқаи ҷинсии аз нигоҳи Худо нораворо дар бар мегирад, масалан, хиёнати ҳамсарӣ, фоҳишагӣ, алоқаи ҷинсӣ байни касоне, ки ҳамсар нестанд, ҳамҷинсбозӣ ва алоқаи ҷинсӣ бо чорпо.
i Ё «курсии зери пойи».
j Дар матни асл «бадкор».
k Дар матни асл «мил». Мили румӣ ба 1479,5 м баробар аст.
l Яъне бефоиз қарз гирифтан мехоҳад.
a Ниҳонбин — касе, ки чизҳои пинҳону ноаёнро мебинад.
b Ё «муқаддас шумурда шавад!»
c Ё «Хости ту ҳам дар осмон ва ҳам дар замин иҷро шавад».
d Ё «гуноҳҳои».
e Ё «касонеро, ки бар зидди мо гуноҳ кардаанд».
f Куя — як навъ шапалаки хурде, ки кирмаки он матоъро хӯрда нобуд мекунад.
g Дар матни асл «бад».
h Ё «Пайваста биталабед... пайваста биҷӯед... пайваста дарро тақ-тақ кунед».
i Дар матни асл «меваҳояшон».