Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Маълумот барои ҳозирон

Маълумот барои ҳозирон

ШАХСОНИ ХИЗМАТРАСОН Ин шахсон барои он таъйин шудаанд, ки ба шумо ёрдам кунанд. Илтимос, бо онҳо ҳамкорӣ карда ба дастуроташон оиди дар куҷо мондани мошин, ҷамъшавии одамон, ишғол кардани ҷой ва ғайра бодиққат бошед.

ТАЪМИД Барои онҳое ки таъмид гирифтанианд, дар толори асосӣ дар қатори якум ҷойи махсус ҷудо карда шудааст (агар дигар дастурот дода нашуда бошад). Таъмидгирандагон бояд ҷойҳои худро рӯзи шанбе пеш аз сар шудани нутқ барои таъмид ишғол кунанд. Ҳар яки онҳо бояд бо худ барои таъмид либоси хоксорона ва сачоқ биёранд.

ХАЙРИЯ Дар анҷуман барои ҳозирон ба таври кофӣ ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст, таҷҳизот барои баландкунии овоз ва видеонаворҳо дастрас шудаанд, то ки анҷуман нағз гузарад ва муносибатамон бо Яҳува қавӣ гардад. Ҳамчунин шӯъбаҳои гуногун барои хизматрасонӣ омода шудаанд. Барои ҳамаи ин маблағ ҷудо карда шудааст. Хайрияи шумо барои рӯпӯш кардани хароҷоти анҷуман ва кори умумиҷаҳонӣ ёрдам мекунад. Қуттиҳо барои хайрия дар ҷои намоён ҷойгир шудаанд ва навиштаҷоти махсус доранд. Шумо ҳамчунин метавонед тавассути donate.pr418.com ба таври онлайн хайрия кунед. Хайрияи шумо беҳад қадр карда мешавад. Ҳайати роҳбарикунанда хеле миннатдор аст, ки шумо кори Подшоҳиро дастгирӣ мекунед.

ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ Илтимос дар хотир доред, ки ин шӯъба ТАНҲО ДАР ҲОЛАТИ ТАЪҶИЛӢ кӯмак мерасонад.

ШӮЪБАИ АШЁҲОИ ГУМШУДА Ҳамаи чизҳои ёфташуда бояд ба шӯъбаи чизҳои гумшуда баргардонида шаванд. Агар шумо ягон чизи худро гум карда бошед, ба ин шӯъба муроҷиат кунед ва дар бораи ашёи худ маълумот диҳед. Кӯдаконе, ки волидонашонро гум кардаанд, бояд ба ин шӯъба бурда шаванд. Лекин ба ин шӯъба чун ба боғчаи бачагона муносибат накунед. Илтимос, кӯдаконатонро назорат кунед ва ҳамроҳашон бошед.

ҶОЙ Илтимос, нисбати дигарон беаҳамиятӣ накунед. Дар хотир доред, ки танҳо барои аъзои оила ва онҳое ки бо шумо дар як нақлиёт омаданд, онҳое ки бо шумо меистанд ё барои омӯзандагонатон ҷой гирифта метавонед. Илтимос ба дигар ҷойҳои нишаст ягон чиз намонед, то дигарон фаҳманд, ки он ҷойҳо холианд.

ИХТИЁРИЁН Агар шумо ба рӯбучини Толори анҷуман ёрдам доданӣ бошед, лутфан ба шӯъбаи маълумотдиҳӣ ва хизмати ихтиёриён муроҷиат кунед.

ВОХӮРИИ МАХСУС

Мактаби воизони хушхабар Пешравоне, ки синну солашон аз 23 то 65 асту мехоҳанд доираи хизматашонро васеъ кунанд, рӯзи якшанбе ба вохӯрӣ барои онҳое ки дар Мактаби воизони хушхабар таҳсил кардан мехоҳанд, даъват карда мешаванд. Баъдтар дар бораи вақт ва ҷойи вохӯрӣ аниқтар эълон карда мешавад.

Аз тарафи Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува омода шудааст

© 2020 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania