Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 3

Аввалин мард ва зан

Аввалин мард ва зан

ИН ТАСВИР аз тасвири гузашта чӣ фарқ дорад? Бале, дар ин расм одамҳоро мебинем. Онҳо аввалин мард ва зан ҳастанд. Онҳоро кӣ офаридааст? Худо. Номи Худоро медонӣ? Номи Ӯ Яҳува аст. Мард ва зан Одам ва Ҳавво номида шуданд.

Худо Одамро чунин офарид: Ӯ аз хоки замин бадани комили мардро сохт. Сипас ба бинии Одам нафас андохт ва Одам зинда гашт.

Яҳува Худо ба Одам иҷроиши кореро супорид. Ӯ ба Одам гуфт, ки ба ҳама ҳайвонҳо ном гузорад. Шояд, ки Одам муддати зиёде ҳайвонҳоро мушоҳида намуд, то ки ба онҳо номи хеле муносибро интихоб кунад. Вақте ки Одам ҳайвонҳоро номгузорӣ мекард, чизеро пайхас намуд. Медонӣ чиро?

Ҳамаи ҳайвонҳо ҷуфт доштанд. Онҳо падар–фил ва модар–фил, падар–шер ва модар–шер буданд. Танҳо Одам ҷуфт надошт. Он гоҳ Яҳува Одамро ба хоби гарон андохт ва яке аз қабурғаҳояшро гирифт. Ва аз он зане барои Одам офарид ва зан ҳамсари вай шуд.

Акнун Одам чӣ қадар хушҳол аст! Ва биандеш, ки Ҳавво чӣ қадар хурсанд буд, аз он ки вайро дар чунин боғи зебое маскун карданд! Акнун онҳо метавонистанд фарзанддор шаванд ва дар якҷоягӣ хушбахтона зиндагӣ кунанд.

Яҳува мехост, ки Одаму Ҳавво ҷовидона зиндагӣ кунанд. Ва тамоми заминро чун боғи Адан зебо гардонанд. Хурсандиеро, ки Одаму Ҳавво аз ин эҳсос мекарданд, тасаввур бикун! Мехостӣ, ки ту ҳам дар мубаддалкунии замин ба биҳишт иштирок кунӣ? Мутаассифона бахти Одаму Ҳавво дер давом накард. Биё бубинем, ки чаро.