ҲИКОЯИ 31
Мусову Ҳорун ба назди фиръавн меоянд
ВАҚТЕ ки Мусо ба Миср баргашт, ӯ ба бародараш Ҳорун ҳамаро дар бораи мӯъҷизаҳо нақл кард. Ва ҳангоме ки Мусову Ҳорун ба исроилиён ин мӯъҷизаҳоро нишон доданд, тамоми қавм бовар карданд, ки Яҳува бо онҳост.
Баъд аз ин, Мусо ва Ҳорун ба назди фиръавн рафтанд. Онҳо ба вай гуфтанд: «Яҳува, Худои Исроил мегӯяд: “Қавми маро барои се рӯз раҳо кун, то он дар биёбон Маро ибодат кунад”». Аммо фиръавн ҷавоб дод: «Ман ба Яҳува эътиқод надорам. Ва қавми Исроилро ҷавоб доданӣ нестам».
Фиръавн дарғазаб шуд, ки қавм мехоҳад корро монда, ба биёбон барои ибодати Яҳува равад. Барои ҳамин вай онҳоро маҷбур кард, ки сахттар кор кунанд. Исроилиён Мусоро гунаҳкор мекарданд, ки аҳволашонро бадтар кард ва Мусо аз ин ошуфта шуд. Лекин Яҳува ба ӯ гуфт, ки ғамгин нашавад. «Ман фиръавнро маҷбур мекунам, ки қавми маро раҳо кунад» — гуфт Ӯ.
Мусо ва Ҳорун боз ба мулоқоти фиръавн рафтанд. Ин дафъа онҳо мӯъҷиза нишон доданд. Ҳорун асояшро партофт ва он ба мори калон мубаддал гашт. Лекин хирадмандони фиръавн ҳам асоҳояшонро партофтанд ва онҳо низ ба морҳо табдил ёфтанд. Вале бубин! Мори Ҳорун морҳои онҳоро фурӯ мебарад. Аммо фиръавн ҳоло ҳам исроилиёнро ҷавоб доданӣ нест.
Вақте расид, ки Яҳува фиръавнро танбеҳ диҳад. Ту медонӣ, ки Ӯ чӣ кор кард? Худо ба сари мисриён 10 балоро овард.
Баъд аз ҳар бало, фиръавн ба назди Мусо одам фиристода, мегуфт: «Балоро қатъ кун ва ман Исроилро ҷавоб хоҳам дод». Аммо ҳар боре, ки бало қатъ мешуд, фиръавн қарори худро дигар мекард. Ӯ намехост, ки халқро раҳо кунад. Лекин дар охир, баъд аз балои даҳум, фиръавн исроилиёнро раҳо намуд.
Оё ту ҳар яке аз ин 10 балоҳоро медонӣ? Саҳифаро гардон ва дар бораи онҳо бифаҳм.