Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 57

Худо Довудро интихоб мекунад

Худо Довудро интихоб мекунад

МЕБИНӢ, ки дар ин ҷо чӣ ҳодиса рӯй додааст? Ин писар баррачаро аз панҷаи хирс наҷот дод. Хирс омада, барраро рабуд ва мехост онро бихӯрад. Лекин ин писар аз қафои вай давида, барраро аз панҷаи хирс раҳо кард. Ва вақте ки хирс ба рӯи пойҳояш хест, писар ӯро қапида, ғалтонд ва зада кушт! Дафъаи дигар низ ӯ гӯсфандеро аз чанголи шер халос кард. Магар ӯ писари ҷасур нест? Ту медонӣ, ки ӯ кист?

Ин Довуди ҷавон аст. Ӯ дар шаҳри Байт–Лаҳм зиндагӣ мекунад. Бобои вай Убид аст, писари Руту Бӯаз,— онҳоро дар хотир дорӣ? Ва Йисой падари Довуд мебошад. Довуд гӯсфандони падарашро мечаронад. Довуд баъд аз 10 соли Шоулро ба подшоҳӣ интихоб кардани Яҳува ба дунё омадааст.

Вақте мерасад, ки Яҳува ба Самуил мегӯяд: «Миқдоре аз равғани махсус бигир ва ба Байт–Лаҳм, ба хонаи Йисой бирав. Ман яке аз писарҳои ӯро ба подшоҳӣ интихоб кардаам». Ҳангоме ки Самуил писари калонии Йисой Элиобро мебинад, дар дили худ мегӯяд: «Яҳува вайро ба подшоҳӣ интихоб кардагист». Аммо Яҳува ба Самуил гуфт: «Ба қади баланду симои зебои вай нигоҳ накун. Ба подшоҳӣ ӯро интихоб накардаам».

Аз ин рӯ, Йисой писари дигари худ — Абинодобро мехонад. Лекин Самуил чунин мегӯяд: «На, ӯро низ Яҳува интихоб накардааст». Он гоҳ Йисой писараш — Шамморо аз пеши Самуил гузаронид. «Не, Яҳува ӯро ҳам интихоб накардааст» — гуфт Самуил. Йисой ҳафт писари худро бонавбат назди Самуил меорад, аммо Яҳува ягон нафари онҳоро интихоб намекунад. «Ягон писари дигар дорӣ?» — мепурсад Самуил.

«Як нафари дигар ҳаст, писари хурдӣ,— мегӯяд Йисой,— ҳоло рамаро бонӣ карда истодааст». Баъд ба назди Самуил писари хушсуратеро меоваранд,— ӯ Довуд аст. «Ана ҳамин аст,— мегӯяд Яҳува,— ӯро бо равған тадҳин намо». Ва Самуил ҳамин тавр мекунад. Замоне хоҳад расид, ки Довуд подшоҳи Исроил мешавад.