Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 71

Худо биҳишт ваъда медиҳад

Худо биҳишт ваъда медиҳад

ИН ТАСВИРИ биҳишт аст, ҳамон биҳиште, ки Худо ба пайғамбар Ишаъё нишон дод. Ишаъё каме дертар аз замони Юнус пайғамбар зиндагӣ мекард.

Маънои Биҳишт “боғ” аст. Оё он ба хотират ягон чизеро ки пештар дар ин китоб дида будем, меорад? Он хеле ба боғи зебое, ки Яҳува Худо барои Одаму Ҳавво бунёд карда буд, монанд аст, ҳамин тавр–не? Лекин оё ягон вақт тамоми замин ба биҳишт мубаддал мешавад?

Яҳува ба пайғамбари худ Ишаъё фармуд, ки дар бораи биҳишти нави оянда, ки барои халқи Худо хоҳад буд, бинависад. Ӯ гуфт: «Гург ва барра бо ҳам дар оромӣ зиндагӣ хоҳанд кард. Гӯсола ва шербача бо ҳам хӯрок хоҳанд хӯрд ва кӯдакони хурд онҳоро хоҳанд чаронид. Ҳатто агар кӯдаке бо мори заҳрдор бозӣ кунад, ба ӯ зараре нахоҳад расид».

Бисёриҳо чунин хоҳанд гуфт: “Ҳеҷ вақт ин хел намешавад. Дар рӯи замин ҳама вақт бадбахтиҳо буданд ва онҳо ҳамеша хоҳанд буд”. Вале дар ин бора андеша бикун: Худо Одаму Ҳавворо дар куҷо сокин кард?

Худо Одаму Ҳавворо дар Биҳишт сокин кард. Танҳо аз сабаби итоат накардан ба Худо онҳо хонаи биҳиштиашонро аз даст доданд, пир шуданд ва мурданд. Худо ваъда медиҳад, ки он чизеро ки Одаму Ҳавво гум карданд, аз нав ба одамоне, ки Ӯро дӯст медоранд, ато хоҳад кард.

Дар оянда, дар биҳишти нав, ҳеҷ чизи зараррасон ва нобудкунанда вуҷуд нахоҳад дошт. Дар он ҷо сулҳу оромии комил ҳукмрон хоҳад буд. Тамоми одамон саломату хушбахт мешаванд. Ҳама чиз айнан ҳамон тавре мешавад, ки Худо дар аввал ният карда буд. Баъдтар мо дар бораи он мефаҳмем, ки чӣ тавр Худо ин ниятҳои худро амалӣ хоҳад кард.