Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 69

Духтараке ба марди бонуфуз кӯмак мекунад

Духтараке ба марди бонуфуз кӯмак мекунад

ИН ДУХТАРАК чӣ мегӯяд? Ӯ дар бораи пайғамбари Яҳува — Элишоъ ва корҳои аҷоибе, ки ӯ бо ёрии Яҳува анҷом медиҳад, нақл мекунад. Ин хонум дар бораи Яҳува Худо чизе намедонад, чунки вай исроилӣ нест. Ҳоло биё бубинем, ки чаро духтарак дар хонаи ин хонум аст.

Хонум арамӣ аст. Шавҳари вай Наамон сарлашкари арамиён мебошад. Ин духтараки исроилиро арамиён ба асирӣ гирифтанд ва ӯ канизи зани Наамон шуд.

Наамон ба бемории баде, ба махав гирифтор аст. Аз ин беморӣ ҳатто гӯшти бадани одам қисм–қисм аз ҳам ҷудо шуда, меғалтад. Боре, духтарак ба зани Наамон чунин мегӯяд: «Кошки оғоям ба Исроил назди пайғамбари Яҳува мерафт; вай ӯро аз махаваш шифо медод». Баъдтар, ин гуфтугӯ ба гӯши шавҳари хонум мерасад.

Наамон хеле мехост, ки сиҳат шавад ва аз ин рӯ қарор мекунад, ки ба Исроил хоҳад рафт. Ба он ҷо расида, ӯ ба хонаи Элишоъ равона мешавад. Элишоъ хидматгори худро фиристода, ба Наамон мерасонад, ки ба дарёи Ӯрдун равад ва ҳафт бор худро дар оби он бишӯяд. Наамон аз ин хеле ба хашм меояд: «Дарёҳои ватанам аз ҳар дарёи Исроил беҳтар аст!». Инро гуфта, баргаштанӣ мешавад.

Лекин яке аз хидматгоронаш ба вай мегӯяд: «Агар Элишоъ чизи душвортаре мефармуд, онро иҷро мекардед. Ҳоло ки фақат ғусл кун гуфтааст, чаро аз рӯи гуфтааш накунед?» Наамон ба ходими худ гӯш медиҳад ва рафта, ҳафт маротиба худро дар дарёи Ӯрдун мешӯяд. Ҳамин ки ин корро анҷом дод, бадани вай солим ва пок мешавад!

Наамон аз ин хеле хурсанд мешавад. Ӯ ба назди Элишоъ баргашта, ба ӯ мегӯяд: «Акнун донистам, ки Худое ки дар Исроил аст, Худои ягонаву ҳақиқӣ дар тамоми рӯи замин мебошад. Ва алҳол, лутфан, тӯҳфае аз ман бигир». «Не, намегирам» — мегӯяд Элишоъ, чунки медонад, ки гирифтани ҳадя нодуруст аст, зеро Наамонро Яҳува шифо дод. Аммо хидматгори Элишоъ — Ҷеҳазӣ бошад, хост ки тӯҳфаҳоро аз худ кунад.

Ин аст коре, ки Ҷеҳазӣ мекунад: баъд аз рафтани Наамон Ҷеҳазӣ аз ақиби вай давида, ӯро дарёб мекунад ва мегӯяд: «Элишоъ маро фиристода аз ту хоҳиш кард, ки миқдоре аз ҳадяҳоятро барои дӯстонаш, ки навакак ба дидораш омаданд, диҳӣ». Албатта, ин дурӯғ аст. Лекин Наамон намедонист, ки ин дурӯғ аст ва ба Ҷеҳазӣ баъзе аз ҳадяҳоро дод.

Ҳангоме ки Ҷеҳазӣ ба хона бармегашт, Элишоъ аз кори кардаи вай огоҳ мешавад; ба вай Яҳува хабар медиҳад. Элишоъ ба Ҷеҳазӣ мегӯяд: «Азбаски ту кори бад кардӣ, махави Наамон ба ту хоҳад часпид». Ва ҳамон лаҳза ҳамин тавр ҳам шуд!

Аз ҳамаи ин мо чӣ меомӯзем? Аввалан, мо бояд мисли ин духтарак бошем ва дар бораи Яҳува нақл кунем. Ин кор бароямон хеле судманд хоҳад буд. Сониян, мо набояд мағрур бошем, чуноне ки Наамон дар аввал буд ва бояд ба ходимони Худо итоат кунем. Ва саввум, мо набояд мисли Ҷеҳазӣ дурӯғ гӯем. Чӣ қадар чизҳои хуберо аз Китоби Муқаддас ёд мегирем, ҳамин тавр–не?