Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 81

Такя ба мадади Худо

Такя ба мадади Худо

ТАҚРИБАН 50 000 нафар роҳи дарози аз Бобил то Ерусалимро тай карданд. Вале ҳангоме ки ба он ҷо расиданд, Ерусалим ба харобазори бузурге мубаддал шуда буд. Дар он касе зиндагӣ намекард. Исроилиён бояд ҳамаро аз нав месохтанд.

Яке аз аввалин чизҳое, ки онҳо сохтанд, қурбонгоҳ буд. Ин ҷоест, ки дар он қурбониҳои ҳайвонӣ — ҳадяҳоро барои Яҳува мегузоранд. Баъд аз чанд моҳ, исроилиён ба сохтани маъбад шурӯъ мекунанд. Аммо душманоне, ки дар заминҳои ҳамсоя зиндагӣ мекарданд, маъбад сохтани исроилиёнро намехостанд. Аз ин сабаб, барои боздоштани сохтмон онҳо мекӯшиданд, ки исроилиёнро тарсонанд. Охиран, ин душманон подшоҳи нави форсро водор мекунанд, ки бо фармоне ин сохтмонро манъ кунад.

Солҳо мегузаранд. 17 сол шуд, ки исроилиён аз Бобил баргаштанд. Яҳува пайғамбарони худ — Ҳаҷҷай ва Закарёро фиристода, ба мардум мегӯяд, ки сохтмонро аз нав сар кунанд. Халқ ба кӯмаки Худо такя мекунад ва ба пайғамбарон гӯш медиҳад. Онҳо сохтмонро аз нав оғоз мекунанд, ҳарчанд ки қонунан ин кор манъ буд.

Боре, амалдори форс бо номи Татнай, омада аз исроилиён мепурсад, ки барои сохтани маъбад чӣ ҳақ доранд. Исроилиён ба ӯ ҷавоб медиҳанд, ки замони дар Бобил буданашон, шоҳ Куруш ба онҳо гуфта буд: «Ба Ерусалим биравед ва барои Яҳува Худои худ маъбад бисозед».

Татнай ба Бобил мактуб фиристода, мепурсад, ки оё Куруш, ки то ин вақт аллакай мурда буд, дар ҳақиқат ин суханҳоро гуфтааст ё не. Дертар аз подшоҳи нави форс, номаи ҷавобӣ меояд, ки дар он гуфта мешуд: «Куруш дар ҳақиқат чунин гуфта буд». Бинобар ин, шоҳ менависад: «Бигузор исроилиён маъбади Худои худро бисозанд. Ба ту бошад, амр медиҳам, ки ба онҳо кӯмак расонӣ». Тақрибан пас аз чор сол, маъбад сохта мешавад ва исроилиён аз ин хеле хурсанд буданд.

Солҳои зиёде сипарӣ мешаванд. Ҳоло аз буд шудани сохтмони маъбад тақрибан 48 сол гузаштааст. Мардуми Ерусалим қашшоқанд ва маъбади Худову шаҳр намуди хуб надоранд. Дар Бобил исроилие, бо номи Эзро хабардор мешавад, ки маъбади Худо ба таъмир эҳтиёҷ дорад. Медонӣ, ки пас аз ин ӯ чӣ кор мекунад?

Эзро ба назди подшоҳи форс — Артаҳшасто меравад ва ин подшоҳи накӯкор ба Эзро ҳадяҳои зиёде барои бурдан ба Ерусалим медиҳад. Эзро аз исроилиёне, ки дар Бобил буданд, хоҳиш мекунад, ки барои ба Ерусалим бурдани ин ҳадяҳо ба ӯ ёрӣ диҳанд. Тақрибан 6 000 нафар барои рафтан тайёр мешаванд. Онҳо бояд бо худ тиллову нуқра ва ганҷҳои бисёреро баранд.

Эзро хавотир мебошад, зеро дар роҳ роҳзанҳоро вохӯрдан мумкин аст, ки метавонанд тиллову нуқраро аз дасташон гирифта, худи онҳоро кушанд. Аз ин рӯ, чуноне ки дар расм мебинӣ, Эзро мардумро ҷамъ мекунад. Пас ҳамагӣ ба Яҳува дуо мекунанд, ки дар роҳи дарози бозгашт ба Ерусалим онҳоро муҳофизат кунад.

Яҳува онҳоро муҳофизат мекунад; баъд аз чор моҳи сафар, онҳо сиҳату саломат ба Ерусалим мерасанд. Магар ин нишон намедиҳад, ки Яҳува онҳоеро, ки ба кӯмаки Ӯ такя мекунанд, муҳофизат мекунад?