Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 82

Мордахай ва Эстер

Мордахай ва Эстер

БИЁ, ба замони чанд сол пештар аз сафари Эзро ба Ерусалим, баргардем. Мордахай ва Эстер бонуфузтарин шахсон дар салтанати Форс ҳастанд. Эстер малика мебошад ва Мордахай ҳокими дуюм баъд аз подшоҳ аст. Биё бифаҳмем, ки чӣ гуна ин тавр шуд.

Эстер ҳанӯз хурдакак буд, ки волидонаш фавтиданд ва бинобар ин, ӯро писарамакаш Мордахай ба воя расонд. Подшоҳи форс — Аҳашверӯш, дар шаҳри Шушан қасре дошт ва Мордахай яке аз ходимони вай буд. Хуб, рӯзе зани подшоҳ, малика Ваштӣ ба подшоҳ итоат намекунад ва шоҳ қарор медиҳад, ки зани наве хоҳад гирифт. Медонӣ, ӯ киро интихоб кард? Бале, ҷавондухтари зебо Эстерро.

Ин марди мағруреро, ки ҳама ба вай таъзим мекунанд, мебинӣ? Ӯ Ҳомон мебошад. Ӯ шахси муҳиме дар мамлакати форсҳо аст. Ҳомон мехоҳад, ки Мордахай ҳам, ки дар он ҷо нишастааст, ба ӯ таъзим кунад. Аммо Мордахай ин корро кардан намехоҳад. Ӯ андеша дорад, ки таъзим кардан ба чунин марди бад дуруст нест. Ҳомон аз ин хеле хашмгин мешавад. Ва бубин, ки чӣ кор мекунад.

Ҳомон исроилиёнро дар назди шоҳ тӯҳмат мекунад. «Онҳо мардуми баде ҳастанд, ки ба қонунҳои ту итоат намекунанд,— мегӯяд ӯ,— онҳо бояд кушта шаванд». Аҳашверӯш намедонист, ки занаш Эстер исроилӣ аст. Аз ин рӯ, ба Ҳомон гӯш карда, ҳукме мебарорад, ки тамоми исроилиён бояд дар рӯзи муайяне кушта шаванд.

Ҳангоме ки ин ҳукм ба гӯши Мордахай мерасад, ӯ хеле ғамгин мегардад. Ӯ ба Эстер хабар мефиристад: «Ту бояд ба подшоҳ бигӯӣ ва ӯро зориву илтиҷо кунӣ, ки моро наҷот диҳад». Дар мамлакати форсҳо бе даъват назди подшоҳ даромадан мумкин набуд. Вале Эстер бе даъват ба назди вай меояд. Подшоҳ асои тиллоии худро ба сӯи вай дароз мекунад; ин маънои онро дошт, ки Эстер кушта намешавад. Эстер подшоҳ ва Ҳомонро ба зиёфати калон даъват мекунад. Дар он ҷо подшоҳ аз Эстер мепурсад, ки чӣ хоҳише аз ӯ дорад. Эстер мегӯяд, ки агар подшоҳу Ҳомон рӯзи дигар ҳам ба зиёфати вай биёянд, ӯ хоҳишашро ба подшоҳ хоҳад гуфт.

Дар ин зиёфат Эстер ба подшоҳ мегӯяд: «Ману қавми ман кушта мешавем». Подшоҳ ба ғазаб омада, мепурсад: «Кӣ ба чунин кор ҷуръат мекунад?»

«Он шахси бад ва душман ҳамин Ҳомони шарир аст!» — мегӯяд Эстер.

Акнун подшоҳ бештар ба ғазаб меояд. Ӯ фармон медиҳад, ки Ҳомонро қатл кунанд. Дертар, шоҳ Мордахайро ҳокими дуюми мамлакат баъд аз худ таъин мекунад. Он гоҳ Мордахай ҳукми наве мебарорад, ки дар он ба исролиён дар рӯзе ки бояд кушта мешуданд, иҷозати худро муҳофизат кардан дода мешуд. Азбаски Мордахай акнун шахси бонуфузе гашт, одамони зиёде ба исроилиён кӯмак мекунанд ва онҳо аз душманони худ наҷот меёбанд.

Китоби Эстер аз Навиштаҳои Муқаддас.