Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 83

Деворҳои Ерусалим

Деворҳои Ерусалим

БА КОРҲОЕ, ки дар ин ҷо иҷро мешаванд, нигар. Исроилиён ба бунёди деворҳои Ерусалим машғуланд. 152 сол пештар, ҳангоми валангор кардани Ерусалим, шоҳ Набукаднесар деворҳоро ғалтонда, дарвозаҳои шаҳрро оташ зада буд. Исроилиён баъд аз баргаштан аз Бобил деворҳоро аз нав насохтанд.

Ту чӣ фикр дорӣ, мардуме, ки ин солҳо дар шаҳри бедевор зиндагӣ мекарданд, чӣ эҳсосоте доштанд? Онҳо бехатариро ҳис намекарданд. Душманонашон метавонистанд ба осонӣ ворид шуда, ба онҳо ҳамла кунанд. Вале ҳоло ин мард — Наҳемё, ба мардум ёрӣ медиҳад, ки деворҳоро аз нав бисозанд. Оё медонӣ, ки Наҳемё кист?

Наҳемё исроилиест, ки аз шаҳри Шушан, аз ҷои зиндагии Мордахай ва Эстер омадааст. Наҳемё дар қасри подшоҳ кор мекард, аз ин рӯ, шояд дӯсти хуби Мордахай ва малика Эстер буд. Аммо Китоби Муқаддас намегӯяд, ки Наҳемё ба шавҳари Эстер, шоҳ Аҳашверӯш хидмат мекард. Ӯ ба подшоҳи баъдӣ, ба Артаҳшасто хидмат мекард.

Ба хотир ор, Артаҳшасто ҳамон подшоҳи накӯкорест, ки ба Эзро барои таъмири маъбади Яҳува дар Ерусалим, маблағ дода буд. Вале Эзро деворҳои валангоршудаи шаҳрро барқарор накард. Биё бубинем, чӣ тавр шуд, ки Наҳемё ин корро иҷро намуд.

Аз бозе, ки Артаҳшасто ба Эзро барои таъмири маъбад пул дода буд, 13 сол гузашт. Ҳоло Наҳемё сарвари соқиёни подшоҳ Артаҳшасто аст. Ӯ ба подшоҳ шароб пешкаш карда, мушоҳида мекунад, ки касе ба он заҳр наандозад. Ин кори хеле бомасъулият аст.

Хуб, рӯзе бародари Наҳемё — Ҳононӣ ва чанд шахси дигар аз Исроил барои дидани Наҳемё меоянд. Онҳо ба вай дар бораи душвориҳое, ки исроилиён доранд ва дар бораи он ки деворҳои Ерусалим ҳоло ҳам валангоранд, нақл мекунанд. Наҳемё ошуфта гашта, ба Яҳува дар ин бора дуо мекунад.

Рӯзе подшоҳ пай мебарад, ки Наҳемё ғамгин аст ва аз вай мепурсад: «Барои чӣ ин қадар ғамгинӣ?» Наҳемё ҷавоб медиҳад: «Сабаб дар он аст, ки Ерусалим дар ҳолати бад мебошад ва деворҳояш валангоранд». «Чӣ мехоҳӣ?» — мепурсад подшоҳ.

«Иҷозат бидеҳ, ки ба Ерусалим равам ва деворҳоро бунёд кунам»,— хоҳиш мекунад Наҳемё. Шоҳ Артаҳшасто хеле накӯкор аст. Ӯ Наҳемёро ҷавоб медиҳад ва ба ӯ барои дастрас кардани чӯби сохтмон кӯмак мекунад. Ҳамин ки ба Ерусалим расид, Наҳемё ба мардум дар бораи нақшаҳои худ нақл мекунад. Ин фикр писанди онҳо мешавад ва мардум мегӯянд: «Биё, сохтмонро сар мекунем».

Душманони исроилиён бино шудани деворҳоро дида, бо ҳам маслиҳат мекунанд, ки «рафта, онҳоро мекушем ва кори сохтмонро бозмедорем». Наҳемё аз ин огоҳӣ ёфта, ба сохтмончиён шамшеру найза медиҳад ва мегӯяд: «Аз душманонамон натарсед. Барои бародарон, фарзандон, занон ва хонаҳоятон биҷангед».

Мардум далеранд. Онҳо яроқҳояшонро рӯзу шаб дар назди худ нигоҳ дошта, ба сохтмон идома медиҳанд. Ҳамагӣ дар 52 рӯз деворҳо сохта мешаванд. Ҳоло мардум худро дар даруни шаҳр бехатар эҳсос мекунанд. Наҳемё ва Эзро ба мардум қонунҳои Худоро таълим медиҳанд. Халқ хеле хушбахт аст.

Ба ҳар ҳол, зиндагӣ мисли оне нест, ки пеш аз асирии Бобил буд. Мардум зердасти подшоҳи Форс ҳастанд ва бояд ба ӯ хидмат кунанд. Вале Яҳува ваъда медиҳад, ки подшоҳи наве мефиристад ва ӯ ба одамон сулҳу оромӣ меорад. Ин подшоҳ кист? Ӯ чӣ тавр дар рӯи замин сулҳро барқарор мекунад? Пеш аз он ки дар ин бора чизи бештаре маълум шавад, қариб 450 сол мегузарад. Дар он замон таваллуди муҳимтарин кӯдак сурат мегирад. Хуб, ин ҳикояи оянда аст.