Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 85

Исо дар молхона таваллуд мешавад

Исо дар молхона таваллуд мешавад

МЕДОНӢ, ки ин кӯдаки хурдакак кист? Бале, ӯ Исо аст. Ӯ навакак дар молхона таваллуд шуд. Марям кӯдакро дар охур, дар ҷое ки барои гову дигар ҳайвонҳо хӯрок меандозанд, мехобонад. Вале барои чӣ Маряму Юсуф дар ин ҷо, дар назди ҳайвонот ҳастанд? Ин ҷой барои тавлиди кӯдак муносиб нест, ҳамин тавр–не?

Албатта, ҳамин тавр. Аммо ана ин аст сабаби дар ин ҷо будани онҳо: ҳокими Рум, Августи қайсар, қонуне баровард, ки мувофиқи он ҳар як шахс бояд ба ҷои таваллуди худ барои дар китоб нависондани номаш баргардад. Хуб, Юсуф дар ин ҷо, дар Байт–Лаҳм ба дунё омадааст. Аммо вақте ки ӯву Марям ба ин ҷо мерасанд, дар ҳеҷ ҷой барои худ ҳуҷрае намеёбанд. Аз ин сабаб, онҳо маҷбур мешаванд, ки ба ин ҷо, пеши ҳайвонот биёянд. Ва маҳз дар ҳамин рӯз Марям Исоро таваллуд кард! Бо вуҷуди ин, ҳамон тавре ки мебинӣ, ҳолати кӯдак хуб аст.

Чӯпононеро, ки ба дидани Исо омада истодаанд, мебинӣ? Онҳо шабҳангом рамаи худро дар дашт бонӣ мекарданд, ногаҳон нуре атрофашонро равшан кард. Ин фаришта буд! Чӯпонон хеле ба тарс омаданд. Вале фаришта гуфт: «Натарсед! Муждае ба шумо овардам: имрӯз дар Байт–Лаҳм Масеҳ ба дунё омад. Ӯ одамонро наҷот хоҳад дод! Шумо ӯро парпечшуда ва дар охуре хобида хоҳед ёфт». Дар ин вақт яку якбора фариштагони зиёде пайдо шуда, Худоро ҳамду сано хонданд. Чӯпонон дарҳол ба ҷустуҷӯи Исо шитофтанд ва ҳоло ӯро дар ин ҷо ёфтанд.

Ту медонӣ, ки барои чӣ Исо ин қадар ғайриоддист? Оё медонӣ, ки вай дар ҳақиқат кист? Дар ёд дорӣ, дар ҳикояи якуми ин китоб мо дар бораи писари нахустини рӯҳонии Худо гуфта будем. Ин Писар бо Яҳува дар сохтани осмону замин ва ҳар чизи дигар ҳамкорӣ карда буд. Ӯ ана ҳамин Исо аст!

Бале, Яҳува ҳаёти писари худро аз осмон гирифта, ба батни Марям гузошт. Кӯдак дар даруни Марям ба инкишоф ёфтан сар кард, айнан ҳамон тавре ки кӯдакони дигар дар даруни модарони худ калон мешаванд. Аммо ин бача — писари Худо буд. Ва инак, Исо дар ин охур, дар Байт–Лаҳм таваллуд шуд. Акнун мефаҳмӣ, ки чаро фариштагон аз расонидани мужда ба одамон дар бораи тавлиди Исо ин қадар хурсанд буданд?