Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 99

Дар болохона

Дар болохона

ДУ РӮЗ гузашт, ҳоло бегоҳи рӯзи панҷшанбе аст. Исо ва 12 расули вай ба болохонаи калоне барои хӯрдани таоми фисҳ омадаанд. Марде, ки аз хона баромада рафтанашро мебинӣ, Яҳудои Исқарют аст. Ӯ ба назди коҳинон равона аст, то барои дастгир кардани Исо ба онҳо ёрӣ диҳад.

Ҳамагӣ як рӯз пеш Яҳудо ба назди онҳо рафта, пурсида буд: «Агар ба шумо барои дастгир кардани Исо кӯмак кунам, ба ман чӣ медиҳед?» «30 тангаи нуқра» — ҷавоб доданд онҳо. Ҳоло бошад, Яҳудо ба наздашон меравад, то дар куҷо будани Исоро нишон диҳад. Магар ин рафтори мудҳиш нест?

Таоми шоми Фисҳ хӯрда шуд. Вале ҳоло Исо чорабинии махсуси дигареро оғоз мекунад. Ӯ ба расулонаш нонро дароз карда, мегӯяд: «Бихӯред, ин рамзи бадани ман аст, ки барои шумо дода мешавад». Сипас ӯ ба онҳо ҷоми шаробро дароз карда, мегӯяд: «Бинӯшед, зеро ин рамзи хуни ман аст, ки барои шумо рехта мешавад». Ин чорабинӣ “Ёдбуди марги Масеҳ” ё “Шоми ёдбуд” номида мешавад.

Исроилиён барои ёдоварии он ки фариштаи Худо дар Миср аз болои хонаҳояшон ҷаҳида гузашт, вале дар хонадони мисриён нахустзодаҳояшонро кушт, таоми фисҳ мехӯрданд. Лекин ҳоло Исо мехоҳад, ки пайравонаш ӯро ва ба хотири онҳо фидо кардани ҳаёташро, ёдоварӣ кунанд. Ана барои ҳамин, ӯ ба онҳо мефармояд, ки ин шоми махсусро ҳар сол ҷашн гиранд.

Баъд аз хӯрдани таом, Исо ба расулони худ мегӯяд, ки шуҷоъ ва дар имон қавӣ бошанд. Дар охир онҳо сурудҳои ҳамди Худоро мехонанд ва баъд мераванд. Ҳоло хеле бевақт шудааст, тақрибан нимашаб аст. Биё, бифаҳмем, ки онҳо ба куҷо равонаанд.