Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 97

Исо ҳамчун подшоҳ меояд

Исо ҳамчун подшоҳ меояд

БАЪД аз шифои ду нобиное, ки дар роҳ гадоӣ мекарданд, Исо ба як деҳаи хурде дар наздикии Ерусалим меояд. Ӯ аз ду шогирдаш хоҳиш мекунад: «Ба деҳа равед ва дар он ҷо куррае хоҳед ёфт. Онро воз карда, пеши ман биёред».

Вақте ки хар ба назди ӯ оварда мешавад, Исо ба болои он мешинад ва ба Ерусалим, ки дар қарибӣ буд, равона мешавад. Дар наздикии шаҳр издиҳоми мардум ба пешвози вай мебароянд. Бисёре аз онҳо ҷомаҳои худро кашида дар роҳи вай пойандоз мекунанд. Дигарон шохаҳои дарахти нахлро бурида, бо худ оварда буданд, ки онҳоро низ дар роҳи Исо андохта, хитоб мекарданд: «Муборак аст, подшоҳе ки ба номи Яҳува меояд!».

Ҳанӯз аз давраҳои қадим чунин одат вуҷуд дошт: подшоҳи наве, ки худро ба халқ нишон додан мехост, савори харкурра ба Ерусалим ворид мешуд. Исо ҳам ҳоло ҳамин тавр мекунад. Ва ин одамон нишон медиҳанд, ки онҳо мехоҳанд Исо подшоҳашон бошад. Вале на ҳама одамон чунин хоҳиш доштанд. Инро мо аз воқеае мефаҳмем, ки ҳангоми ба маъбад омадани Исо рӯй дод.

Дар маъбад Исо одамонеро, ки нобино ё ланг буданд, шифо медод. Бачаҳо инро дида, Исоро бо овози баланд ситоиш мекунанд. Коҳинон бошад, аз ин хеле ба ғазаб меоянд ва ба Исо мегӯянд: «Ту мешунавӣ, ки кӯдакон чӣ гуфта истодаанд?»

«Бале, мешунавам,— ҷавоб медиҳад Исо,— магар шумо дар Китоби Муқаддас нахондаед: “Аз даҳони кӯдакон ҳамдро ба вуҷуд овардаӣ”?» Бачаҳо ҳамд кардани подшоҳи Худованд таъинкардаро давом медоданд.

Мо ҳам мехоҳем мисли ин бачаҳо бошем, ҳамин тавр–не? Баъзеҳо шояд кӯшиш кунанд, ки моро аз нақл кардан дар бораи Салтанати Худо боздоранд. Вале мо ба кори дурусти нақлкунӣ дар бобати корҳои аҷибе, ки Исо барои одамон хоҳад кард, давом медиҳем.

Ҳангоме ки Исо дар рӯи замин буд, ҳанӯз вақти ҳамчун подшоҳ ҳукмронӣ кардани ӯ наомада буд. Ин вақт кай мерасад? Шогирдони Исо инро донистан мехостанд. Дар ин бора, мо аз ҳикояи оянда хоҳем фаҳмид.