Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 104

Исо ба осмон бармегардад

Исо ба осмон бармегардад

ДАР таи муддате Исо худро чандин маротиба ба пайравонаш зоҳир месозад. Боре тақрибан 500 шогирдаш ӯро мебинанд. Медонӣ, ки Исо дар вақти зоҳир шуданаш, дар бораи чӣ сухан мегуфт? Дар бораи Салтанати Худо. Яҳува Исоро ба замин барои таълим додан дар бораи ин Салтанат фиристод. Ва Исо ҳатто баъд аз эҳё шуданаш ҳам ба ин кор идома медод.

Дар хотир дорӣ, ки Салтанати Худо чист? Бале, ин ҳокимияти воқеии Худо дар осмон аст ва Исо шахсест, ки Худо ӯро барои подшоҳӣ дар он интихоб кардааст. Ҳамон тавре ки аллакай медонем, Исо дар вақти сер кардани гуруснагон, шифои беморон ва ҳатто эҳёи мурдагон нишон дод, ки ӯ подшоҳи олиҷанобе хоҳад буд!

Дар замони ҳамчун подшоҳ ҳукмронӣ кардани Исо, ҳолати замин чӣ гуна хоҳад буд? Бале, тамоми замин ба биҳишти зебое мубаддал мешавад. Дигар ҷангҳо, ҷиноятҳо, бемориҳо ва ҳатто марг вуҷуд нахоҳанд дошт. Мо медонем, ки ҳамаи ин ҳақиқат аст, чунки Худо заминро бо мақсаде офаридааст, ки он биҳишт бошад ва одамон дар он аз зиндагӣ лаззат баранд. Ана барои ҳамин Ӯ дар ибтидо боғи Аданро офарид. Ва Исо дар бобати пурра амалӣ гаштани иродаи Худо ғамхорӣ хоҳад кард.

Акнун вақте расид, ки Исо бояд ба осмон баргардад. Дар муддати 40 рӯз ӯ худро ба шогирдон зоҳир мекард. Онҳо боварии комил доранд, ки Исо зинда аст. Вале пеш аз он ки шогирдонашро тарк кунад, Исо ба онҳо мегӯяд: «То гирифтани рӯҳулқудс дар Ерусалим бимонед». Рӯҳулқудс нерӯи фаъоли Худост, ки ба боди вазанда монанд карда мешавад. Он ба пайравони Исо барои иҷрои иродаи Худо мадад хоҳад кард. Дар охир Исо мегӯяд: «Шумо бояд дар бораи ман то дуриҳои рӯи замин мавъиза кунед».

Баъд аз он ки Исо ин суханонро мегӯяд, воқеаи ҳайратангезе рӯй медиҳад. Нигоҳ кун, ӯ ба осмон боло рафта истодааст. Сипас абрҳо ӯро аз чашм пинҳон мекунанд ва шогирдон Исоро дигар намебинанд. Исо ба осмон меравад ва аз он ҷо бар шогирдонаш, ки дар замин монданд, ҳукмронӣ мекунад.