Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 8

Пешгӯиҳои Китоби Муқаддас иҷро мешаванд

Пешгӯиҳои Китоби Муқаддас иҷро мешаванд

Китоби Муқаддас на танҳо таърихи ҳодисаҳои гузаштаро нақл мекунад, балки ҳамчунин воқеаҳои ояндаро низ пешгӯӣ менамояд. Одамон ояндаро пешгӯӣ карда наметавонанд. Ба ҳамин далел мо медонем, ки Китоби Муқаддас аз ҷониби Худо аст. Китоби Муқаддас дар бораи оянда чӣ мегӯяд?

Он дар бораи ҷанги азими Худо нақл мекунад, ки дар давоми вай Худо рӯи заминро аз ҳар шарорат ва одамони бад пок гардонида, одамони хуберо ки ба Ӯ хидмат мекунанд, дар ин ҳангом муҳофизат хоҳад кард. Подшоҳи таъинкардаи Худо — Исои Масеҳ ғамхорӣ хоҳад кард, то ходимони Худо аз сулҳу оромӣ ва хушбахтӣ баҳра бибаранд ва ҳеҷ гоҳ бемор нашаванд ва намиранд.

Мо аз он ки Худо дар рӯи замин биҳишти наве бунёд мекунад, метавонем хурсанд бошем, ҳамин тавр–не? Лекин барои зиндагӣ кардан дар ин биҳишт, аз мо чизе дар талаб аст. Дар ҳикояи охирин мо мефаҳмем, ки барои баҳравар гаштан аз баракатҳои аҷибе, ки Худо барои ходимонаш тайёр мекунад, чӣ кор бояд кунем. Хуб, бахши 8–умро бихон ва бифаҳм, ки Китоби Муқаддас дар бораи оянда чӣ пешгӯӣ мекунад.