Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Маслиҳатҳо барои нигоҳ доштани муносибати хуб

Маслиҳатҳо барои нигоҳ доштани муносибати хуб

Офаридгорамон ба мо мегӯяд, ки чӣ хел бо дигарон дар хона, дар ҷойи кор ва бо дӯстон муносибати хуб дошта метавонем. Биёед якчанд маслиҳатҳои бохирадонаи ӯро, ки бисёр одамон ба кор бурда муваффақ гаштанд, дида бароем.

Бахшанда бошед

«Агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад... якдигарро аз таҳти дил бахшед» (ҚӮЛАССИЁН 3:13).

Ҳамаи мо хато мекунем. Баъзан мо дигаронро меранҷонем ё дигарон моро меранҷонанд. Барои ҳамин мо муҳтоҷем, ки дигарон моро бахшанд ва мо дигаронро. Баъди он ки мо шахсро мебахшем, дигар дар бораи ӯ фикрҳои бад намекунем. Мо «дар ивази бадӣ бадӣ» намекунем ва гаштаю баргашта хатои шахсро хотиррасон наменамоем (Румиён 12:17). Лекин, агар сухану рафтори касе ба мо сахт расида бошаду он аз дилу фикрамон наравад-чӣ? Он гоҳ мо бояд бо шахс дар танҳоӣ ва эҳтиромона гап занем. Мақсади мо набояд исбот кардани рафтори нодурусти каси дигар, балки барқарор кардани сулҳ бошад (Румиён 12:18).

Фурӯтан ва боэҳтиром бошед

«Хоксорона дигаронро аз худ боло донед» (ФИЛИППИЁН 2:3).

Агар мо фурӯтану боэҳтиром бошем, ба одамон бо мо будан маъқул аст. Онҳо медонанд, ки мо бо онҳо меҳрубон, бомулоҳиза хоҳем буд ва дидаю дониста онҳоро хафа намекунем. Вале, агар мо худро аз дигарон боло гирем ё ҳама вақт ду пойро дар як мӯза монда, талаб кунем, ки хости мо шавад, мо сабабгори ҷангу ҷидол мешавем ва дигаронро дар хиҷолат мегузорем. Агар мо ин хел кунем, одамон худашонро аз мо дур мекашанд ва дӯстони мо кам мешаванд ё ки мо тани танҳо мемонем.

Ҳамаро бо як чашм бинед

«Худо ҳамаро бо як чашм мебинад, ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст» (КОРНОМА 10:34, 35).

Офаридгорамон одамонро аз рӯйи миллат, забон, мақому мартаба ё ранги пӯсташон маъқул намекунад. Зеро «ҳамаи халқҳоро ӯ аз як одам ба вуҷуд овардааст» (Корнома 17:26). Аз ин бармеояд, ки тамоми одамизод бародару хоҳаранд. Вақте мо бо ҳар як кас бо меҳрубонӣ ва эҳтиром муносибат мекунем, мо онҳоро хушбахт мегардонем, худамон бошем, хушбахттар мешавем ва дили Офаридгорамонро шод мекунем.

Нармдил бошед

Нармдилиро «мисли либос бипӯшед» (ҚӮЛАССИЁН 3:12).

Агар мо нармдил бошем, дигарон худро бо мо озод ҳис мекунанд. Онҳо бо мо бемалол суҳбат мекунанд ва ҳатто моро ислоҳ менамоянд, зеро медонанд, ки мо ором мемонем. Вақте ғазаби касе нисбати мо бедор мешавад, аз ҷавоби нарми мо, эҳтимол, ӯ ором шавад. Дар Панднома 15:1 чунин гуфта шудааст: «Ҷавоби нарм хашмро паст мекунад, гапи сахт касро ба қаҳр меорад».

Саховатманд ва миннатдор бошед

«Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад» (КОРНОМА 20:35).

Имрӯзҳо бисёри одамон чашмгуруснаанд ва танҳо дар бораи худ фикр мекунанд. Лекин, агар мо саховатманд бошем, хушбахтии бештар ҳис мекунем (Луқо 6:38). Одамони дасткушод хушбахтанд, чунки барои онҳо одамон назар ба чизу чора қадри баланд доранд. Муҳаббат ба одамон онҳоро бармеангезад, ки сипосгузор бошанд ва, вақте ки касе ба онҳо саховатмандӣ нишон медиҳад, миннатдорӣ баён кунанд (Қӯлассиён 3:15). Аз худ пурсед: «Оё ба ман бо одамони хасис ва ношукр будан маъқул аст ё бо одамони саховатманд ва миннатдор?» Мо аз ин чӣ меомӯзем? Чӣ гуна одамонро дидан хоҳед, худатон ҳамин хел бошед! (Матто 7:12).