Маслиҳатҳо барои хушбахт шудани оила
Оиладорӣ ва фарзандон туҳфаи қиматбаҳои Офаридгоранд. Ӯ мехоҳад, ки ҳаёти оилавии мо хушбахт бошад. Барои ҳамин ӯ ба воситаи як китоби муқаддаси қадима ба мо роҳ нишон медиҳад, ки ҳаёти оилавиамонро беҳтар ва хушбахттар созем. Ба маслиҳатҳои бохирадонае, ки дар поён оварда шудаанд, аҳамият диҳед.
Шавҳарон, зани худро дӯст доред
«Шавҳарон... бояд занони худро мисли тани худ дӯст доранд. Марде, ки зани худро дӯст медорад, худро дӯст медорад, чунки ҳаргиз касе тани худро бад намебинад, балки онро мехӯронад ва азиз медорад» (ЭФСӮСИЁН 5:28, 29).
Шавҳар сардори оила аст (Эфсӯсиён 5:23). Вале шавҳари хуб дағал ё сахтгиру серталаб нест. Ӯ занашро қадр мекунад ва дар бораи ниёзҳои моддӣ ва равониаш ғамхорӣ мекунад. Шавҳар ҳамчунин ҳаракат мекунад, ки занаш хурсанд бошад ва ҳамеша гапи худро намегузаронад (Филиппиён 2:4). Вай бо занаш дар бораи фикру ҳиссиёташ кушоду равшан гап мезанад ва суханони ҳамсарашро бодиққат гӯш мекунад. Шавҳари хуб ҳеҷ гоҳ ғазабашро ба сари занаш намерезад ва ӯро намезанад ё суханони пасту баланд намегӯяд (Қӯлассиён 3:19).
Занон, шавҳари худро эҳтиром кунед
«Зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад» (ЭФСӮСИЁН 5:33).
Вақте зан шавҳари худро ҳурмату эҳтиром карда қарорҳои ӯро дастгирӣ мекунад, дар оила тинҷию оромӣ зиёдтар мешавад. Агар шавҳар ягон хато кунад, зан ӯро паст намезанад, балки оромона ва бо эҳтиром муносибат мекунад (1 Петрус 3:4). Вақте зан дар бораи ягон душворӣ гап заданӣ мешавад, ӯ вазъиятро дар лаҳзаи мувофиқ ва бо эҳтиром ба шавҳараш мефаҳмонад (Пандгӯ 3:7).
Ба ҳамсаратон вафодор бошед
«Мард... бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан мешаванд» (1 МӮСО 2:24).
Вақте марду зан оиладор мешаванд, онҳо муносибати наздик пайдо мекунанд. Барои пайванди издивоҷро мустаҳкам нигоҳ доштан ҳамсарон бояд самимона тез-тез бо ҳам муошират намоянд ва бо корҳои форами худ, ҳатто хурд бошанд ҳам, якдигарро хурсанд кунанд. Онҳо бояд ба якдигар вафодор бошанд ва ҳеҷ гоҳ хиёнат накунанд, зеро хиёнат мисли зарби шамшер аст. Агар яке аз онҳо ба ин кор даст занад, аз боварии ҳамсари худ мебарояд ва оилааш вайрон шуда метавонад (Ибриён 13:4).
Волидон, фарзандони худро таълиму тарбия диҳед
«Кӯдакро дар роҳи рост таълим деҳ, пир шавад ҳам, аз он дур намешавад» (ПАНДНОМА 22:6).
Худованд падару модарро вазифадор кардааст, ки фарзандони худро таълиму тарбия намоянд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо ба фарзандонашон дуруст рафтор карданро ёд диҳанд ва барои ин худашон намуна бошанд (5 Мӯсо 6:6, 7). Вақте фарзанд хато мекунад, волиди бохирад сари қаҳр ӯро ҷазо намедиҳад. Падару модар ин тавр амал намуда нишон медиҳанд, ки «дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан ва дар хашм оҳиста» мебошанд (Яъқуб 1:19). Агар волид фарзандашро ҷазо доданӣ шавад, ӯ набояд ин корро барои хунук кардани дилаш кунад, балки аз рӯйи дӯстдориаш.
Фарзандон, ба волидони худ гӯш диҳед
«Эй фарзандон... ба падару модари худ итоат кунед... “Падару модаратро иззат кун”» (ЭФСӮСИЁН 6:1, 2).
Фарзандон бояд ба волидони худ итоат кунанд ва онҳоро аз таҳти дил ҳурмату эҳтиром намоянд. Вақте фарзандон падару модари худро иззат мекунанд, дар хонадони онҳо хурсандӣ ва сулҳу осоиштагӣ зиёд мегардад. Фарзанди болиғ дар ҳаққи волидонаш нағз ғамхорӣ намуда, нишон медиҳад, ки онҳоро иззату эҳтиром мекунад. Онҳо қарзи фарзандиашонро ба ҷо оварда, хонаи волидонро метавонанд нигоҳубин намоянд ва аз ҷиҳати моддӣ онҳоро дастгирӣ кунанд (1 Тимотиюс 5:3, 4).