Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Лаб бо табассум зебост!

Лаб бо табассум зебост!

ВАҚТЕ касе ба шумо табассум мекунад, мумкин, шумо ҳам дар ҷавоб бо хурсандӣ табассум мекунед. Вақте одам табассуми самимии каси дигарро мебинад, хоҳ ошно бошад, хоҳ бегона, дар лаби ӯ ҳам ханда пайдо мешавад. Зане бо номи Магдалина мегӯяд: «Шавҳарам табассуми ширине дошт. Вақте чашмам ба чашмаш меафтид, ғаму ғусса аз ман дур мешуд ва худро осуда ҳис мекардам».

Аз табассуми самимии одам бисёр чизро фаҳмида метавонем. Масалан, дидан мумкин аст, ки ӯ шӯхӣ карда истодааст, хурсанд аст ва ё аз чизе ҳаловат мебарад. Як маҷаллаи равоншиносӣ чунин мегӯяд: «Аз афташ, ханда дар вуҷуди инсон ҷо шудааст» (Observer, an online journal of the Association for Psychological Science). Ба гуфти ин маҷалла, ҳатто кӯдакони навзод метавонанд «тарҳи рӯ ва қиёфаи одамро дида, аниқ фаҳманд, ки ӯ чӣ ҳис мекунад». Дар он ҳамчунин гуфта мешавад: «Одамон аз табассуми шахс на фақат вазъияти ӯро баҳо медиҳанд, балки хулоса мебароранд, ки худашон дар ин вазъият чӣ тавр рафтор кунанд».

Олимони донишгоҳи Ҳарвард (ИМА) таҷрибае гузаронданд. Онҳо як гурӯҳ одамонро таъин карданд, то беморони пиронсолро нигоҳубин кунанд. Вақте онҳо бо чеҳраи кушоду табассуми нарм ба онҳо ғамхорӣ мекарданд, саломатии беморон беҳтар мешуд ва майнаи сарашон беҳтар кор мекард. Аммо вақте онҳо вазифаи худро бе хандаву табассум ва имову ишораи меҳрубонона ба ҷо меоварданд, аҳволи беморон бадтар мешуд.

Вақте одам табассум мекунад, ӯ ба худаш ҳам фоида мерасонад. Мувофиқи таҳқиқот табассум кардан чунин фоида меорад: хавотирии одам камтар мешавад, ба худаш бештар боварӣ пайдо мекунад ва хурсандии бештар ҳис мекунад. Аммо касе, ки аз қошу қавоқаш доим барфу борон меборад, худро зиқу хавотир ҳис мекунад ва бовариаш ба худ камтар мешавад.

ТАБАССУМ БА Ӯ ҚУВВАТ МЕБАХШИД

Магдалина, ки дар боло дар борааш гуфтем, яке аз Шоҳидони Яҳува мебошад. Ҳангоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ӯро ҳамроҳи дигар аъзоёни оилааш барои пайравӣ накардан ба фикру ақидаҳои фашистӣ ба конслагери Равенсбрюки Германия фиристоданд. Ӯ нақл мекунад: «Посбонон ба мо иҷозат намедоданд, ки бо дигар зиндониён гап занем. Лекин онҳо табассумро аз лабонамон гирифта наметавонистанд. Вақте ман табассуми апаву модарамро медидам, рӯҳбаланд мешудам ва дилам қувват мегирифт».

Мумкин, шумо фикр мекунед, ки ғаму ташвиши зиндагӣ хандаро аз лабони шумо медуздаду барои табассум кардан сабаб надоред. Лекин дар хотир доред, ки ҳисси хурсандӣ ё зиқӣ аз ягон фикр пайдо мешавад (Масалҳо 15:15; Филиппиён 4:8, 9). Барои ҳамин ҳатто, агар душвор бошад, кӯшиш кунед, ки майнаи сари худро бо фикрҳои хуб пур кунед ва ба чизҳои хуб диққат диҳед *. Хониши Китоби Муқаддас ва дуо гуфтан ба бисёр одамон дар ин кор ёрдам кардааст ва ба онҳо оромиву хурсандӣ бахшидааст (Матто 5:3; Филиппиён 4:6, 7). Дар он беҳуда калимаҳои «хурсандӣ» ва «хушбахтӣ» садҳо бор наомадаанд! Кӯшиш кунед ҳар рӯз як-ду саҳифа аз он хонед. Агар чунин кунед, табассум ҳамсафари доимии шумо мешавад!

Интизор нашавед, ки кай дигарон ба шумо табассум мекунанд. Якум шуда онҳоро бо табассум пешвоз гиред ва ба ҳаёти онҳо андаке бошад ҳам, хурсандӣ илова кунед. Табассум атои Худост. Онро ба кор бурда шумо ҳам ҳаёти худ ва ҳам ҳаёти дигаронро рангоранг мекунед. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки лаб бо табассум зебост!

^ сарх. 8 Нигаред ба маҷаллаи «Бедор шавед!» (рус) аз моҳи ноябри 2013, ба мақолаи «Оё дар хонаи шумо ҳар рӯз базм аст?».