САЙЁРАИ МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
Ҷангалҳо
ҶАНГАЛҲОРО «шуши» сайёраи мо меноманд. Чаро? Зеро дарахтон мисли шуши мо ҳаворо тоза мекунанд. Онҳо гази карбонатро, ки барои мо зараровар аст, фурӯ мебаранд. Илова бар ин, дарахтон оксигенро хориҷ мекунанд, ки барои нафаскашиямон хеле муҳим аст. Тақрибан 80 фоизи растаниҳо ва ҳайвоноти рӯйи замин дар ҷангалҳо зиндагӣ мекунанд. Бале, бе ҷангал ҳаёт вуҷуд надорад.
Буридани ҷангалҳо
Ҳар сол миллиардҳо дарахтон барои васеъ кардани заминҳои корам бурида мешаванд. Тӯли 75 соли охир дар саросари ҷаҳон нисфи ҷангалҳои боронӣ аз байн рафтанд.
Ҳангоми буридани ҷангалҳо тамоми наботот ва ҳайвоноти он низ нобуд мешаванд.
Сайёраи «ҷонсахт»
Агар ҷангалҳоро буранд ҳам, онҳо дубора сабзида, ҳатто зиёд шуда метавонанд. Вақтҳои охир табиатшиносон мушоҳида карданд, ки ҷойҳое, ки бисёр дарахтонаш бурида шуда буданд, хеле тез барқарор гаштанд. Дар поён баъзе мисолҳо оварда шудаанд:
-
Муҳаққиқон ҳолати ҷангалҳои барои киштукор буридаро, ки баъдтар тарк гаштанд, мушоҳида мекунанд. Онҳо 2200 ҷангали таркшударо дар Амрикои Шимоливу Ҷанубӣ ва Африқои Ғарбӣ мушоҳида карда, диданд, ки дар давоми 10 сол ҷангали пешина боз нашъунамо ёфт.
-
Чи хеле ки дар маҷаллаи «Сайенс» гуфта шудааст, тақрибан пас аз 100 сол дар ин минтақаҳо ба таври табиӣ намуди гуногуни дарахтону наботот аз нав рӯйида метавонанд.
-
Ба наздикӣ олимони Бразилия муқоиса карданд, ки ҷангалҳои бурида кай зудтар барқарор мешаванд: вақте худашон мерӯянд ё вақте дар он одамон дарахтони нав мешинонанд.
-
Як манбаъ дар бораи ин олимон чунин гуфтааст: «Онҳо дар ҳайрат монданд, ки дубора шинондани дарахтон лозим набудааст». Танҳо дар муддати 5 сол минтақаҳое, ки дар он дарахт шинонда нашуда буд, «худ ба худ аз дарахтоне пур шуданд, ки пеш дар он ҷо мерӯйиданд» («National Geographic»).
Кадом чораҳо андешида мешаванд?
Дар саросари ҷаҳон барои ҳифзи ҷангалҳои мавҷуд ва барқарор намудани ҷангалҳои нестшуда, кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Дар натиҷа, ба гуфти як манбаи Созмони Милали Муттаҳид, дар 25 соли охир «буридани ҷангал дар рӯйи замин тақрибан 50 фоиз камтар шуд».
Аммо ин кӯшишҳо барои нобуд нашудани ҷангалҳо кифоя нестанд. Мутаассифона, мувофиқи гузориши Созмони ҷаҳонии назорати ҷангал, «тайи чанд соли охир шумораи ҷангалҳои тропикие, ки нобуд шудаанд, тағйир наёфтааст».
Ширкатҳое, ки бе иҷозати ҳукумат дарахтҳоро барои чӯб мебуранд, миллиардҳо доллар фоида ба даст меоранд. Ин чашмгуруснагии онҳо сабаби асосии аз байн рафтани ҷангалҳои тропикӣ мебошад.
Китоби Муқаддас умед мебахшад
«Яҳува a Худо дар замин ҳар гуна дарахти зебо ва хушхӯрро рӯёнид» (1 Мӯсо 2:9).
Худо ҷангалҳоро тавре офаридааст, ки онҳо барқарор шуда метавонанд. Ин хусусияти ҷангалҳо ба мо фоидаи бардавом меорад. Офаридгори мо мехоҳад ҷангалҳо ва тамоми мавҷудоти аҷиби онҳоро муҳофизат кунад.
Мо аз Китоби Муқаддас мефаҳмем, ки Худо намемонад, то одамони худхоҳ сайёраи мо ва тамоми мавҷудоти зиндаи онро нобуд созанд. Ба мақолаи «Худо ваъда медиҳад, ки Замин нест намешавад» нигаред, ки дар саҳифаи 15 омадааст.
a Яҳува номи Худо мебошад (Забур 83:18).