Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бахшидан алангаи баҳсро хомӯш карда метавонад

БАРОИ ҲАМСАРОН

4: Бахшидан

4: Бахшидан

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Бахшидан маънои онро дорад, ки шумо хафагиро дар дил нигоҳ намедоред ва ҳиссиёти манфии пайдошударо аз худ дур мекунед. Бахшидан маънои онро надорад, ки шумо хатои касро камаҳамият меҳисобед ё вонамуд месозед, ки гӯё ҳеҷ чиз нашудааст.

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад, нисбати якдигар пурсабр бошед ва якдигарро бо омодагӣ бахшед» (Қӯлассиён 3:13).

«Агар ту касеро дӯст дорӣ ба камбудиҳои ӯ аҳамият намедиҳӣ, балки ӯро чун инсоне мебинӣ, ки ӯ ба шуданаш ҳаракат карда истодааст» (Арон).

ЧАРО БАХШИДАН МУҲИМ АСТ?

Агар нисбати ҳамсаратон хафагиро ба дил гирифта гардед, ин ба шумо зарари ҷисмонӣ ва эмотсионалӣ мерасонад. Он инчунин ба издивоҷатон осеб расонда метавонад.

«Боре шавҳарам маро сахт ранҷонд, вале баъд бахшиш пурсид. Бахшидани ӯ ба ман душвор буд. Бо гузашти вақт ман ӯро бахшидам, лекин сахт пушаймонам, ки чаро инро барвақттар накардам. Агар чунин мекардам, муносибати мо тезтар хуб мешуд» (Ҷулия).

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

ХУДРО ТАФТИШ КУНЕД

Агар ин дафъа шумо аз ягон сухан ё рафтори ҳамсаратон хафа шавед, ба худ савол диҳед:

  • «Оё худи ман зудранҷ ҳастаму ҳама чиро ба дил наздик мегирам?»

  • «Магар ин чунон чизи ҷиддӣ ҳаст, ки кас ҳатман бояд пеши ман омада бахшиш пурсад? Оё ман кори шударо ҳамту фаромӯш карда метавонам?»

БО ҲАМСАРАТОН ЯКҶОЯ МУҲОКИМА КУНЕД

  • Барои ҳамдигарро бахшидан ба мо чӣ қадар вақт лозим аст?

  • Барои ҳарчи зудтар бахшидани якдигар мо чӣ кор карда метавонем?

МАСЛИҲАТҲО

  • Агар ҳамсаратон шуморо хафа кунад, гумон накунед, ки ӯ инро қасдан кард.

  • Дар ёд доред, ки «ҳамаи мо бисёр хато мекунем» ва кӯшиш кунед, ки шавҳаратонро (занатонро) бахшед (Яъқуб 3:2).

«Вақте ҳардуи мо айбдорем, бахшидан осон аст. Лекин, агар ба назар тобад, ки танҳо айби як кас аст, бахшидан душвортар мегардад. Барои узри касро қабул карда ӯро бахшидан аз аспи ғурур фаромадан лозим» (Кимберли).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Зуд мушкилиеро, ки байни шумо сар задааст, ҳал кун» (Матто 5:25).

Агар хафагиро ба дил гирифта гардед, ин ба шумо зарари ҷисмонӣ ва эмотсионалӣ меорад, ҳамчунин ба издивоҷатон осеб расонда метавонад