Сарсухан
12 сирри оилаҳои хушбахт
Мо тез-тез дар бораи проблемаҳое мешунавем, ки аз сабаби онҳо оилаҳо вайрон мешаванд. Вале сирри оилаҳои хушбахт дар чист?
Аз соли 1990 то 2015 дар ИМА ҷудошавӣ байни одамони синнашон аз 50 боло ду баробар зиёд шуд, байни одамони аз 65 боло бошад, се баробар.
Волидон дар фикр мондаанд, зеро баъзе мутахассисон тавсия медиҳанд, ки кӯдаконро бисёр таъриф кардан лозим аст, баъзеи дигарашон бошад, маслиҳат медиҳанд, ки нисбати фарзандон сахтгир бояд буд, то аз худ нараванд.
Ҷавонон бисёр вақт бе доштани таҷрибаву хислатҳои даркорӣ ба ҳаёти мустақилона қадам мемонанд.
Ба ҳар ҳол:
Оилаи хушбахт ва мустаҳкамро сохтан имконпазир аст
Волидон бо муҳаббат тарбия кардани фарзандонро ёд гирифта метавонанд.
Ҷавонон метавонанд дар худ хислатҳои лозимаро инкишоф дода ба камол расанд.
Чӣ тавр? Дар ин шумораи «Бедор шавед!» оиди 12 сирри оилаҳои хушбахт гуфта шудааст, ки шумо аз онҳо манфиат гирифта метавонед.