Системаи асаби ҳозима «мағзи сари дуюм»-и шумо аст?
ШУМО чанд мағзи сар доред? Агар «якто» гӯед, дуруст мегӯед. Лекин дар бадани шумо дигар системаҳои асаб низ вуҷуд доранд. Як системаи нейронҳо чунон васеъ аст, ки баъзе олимон онро «мағзи сари дуюм» меноманд. Он системаи асаби ҳозима (САҲ) мебошад, ки дар саратон неву, асосан дар шикаматон ҷойгир аст.
Барои ба нерӯ табдил додани ғизо организми инсон бояд қувваи хеле зиёдро сарф кунад. Ҳамчунин идора кардани ин протсесс хеле душвор аст. Барои ҳамин мағзи сари мо аксари кори ҳазмкуниро ба САҲ месупорад.
Сохти САҲ нисбат ба мағзи сар сода бошад ҳам, лекин он беҳад мураккаб аст. Дар организми инсон ин система аз 200 то 600 миллион нейронҳо дорад. Ин системаи мураккаби нейронҳо дар системаи ҳазмкунӣ ҷойгир аст. Олимон мегӯянд, ки агар вазифаи САҲ-ро майнаи сар иҷро мекард, торҳои асаб беҳад ғафс мешуд. Дар китоби «Мағзи сари дуюм» чунин гуфта шудааст: «Хуб аст, ки [системаи ҳозима] худаш ғами худашро мехӯрад. Ин ҳам қулай ва ҳам бехатар аст» (The Second Brain).
«КОРХОНАИ ХИМИЯВӢ»
Барои ҳазми хӯрок моддаҳои махсуси химиявии гуногун дар талаб аст ва онҳо бояд дар вақти лозима истеҳсол шаванду ба ҷойи лозима бурда шаванд. Профессор Гарри Мо системаи ҳозимаро «корхонаи химиявӣ» меномад. Протсессҳое, ки дар даруни он мегузаранд, чунон мураккабанд, ки кас ба ҳайрат меояд. Масалан, дар девори рӯда ҳуҷайраҳои махсусе ҷойгиранд, ки вақти хӯрок хӯрдан таркиби химиявии онро муайян мекунанд. Ин маълумот ба САҲ кӯмак мекунад, ки ферментҳои лозимаро ба кор барад, то хӯрокро ба қисмҳо ҷудо кунад ва бадан онро ба худ ҷабида гирад. Ҳамчунин САҲ турушӣ ва дигар хусусиятҳои химиявии ғизоро муайян карда, барои ҳазм кардани он ферментҳои лозимаро ба кор мебарад.
Аҷиб аст, ки чӣ хел ғизо аз узвҳои ҳозима мегузараду коркард мешавад ва чӣ тавр САҲ инро идора мекунад. «Мағзи дуюм»-и шумо ба мушакҳои узвҳои ҳозима амр медиҳад, ки ба ҳаракати мавҷмонанд шурӯъ кунанд ва ба туфайли ин ғизо гузаштан мегирад. САҲ қувват ва суръати ҳаракати мавҷмонанди мушакҳоро аз рӯйи талабот тағйир медиҳад.
Ғизое, ки мо мехӯрем, эҳтимол бактерияҳои зарарнок дорад. САҲ бошад, организмро аз онҳо ҳимоя мекунад. Бояд гуфт, ки аз 70 то 80 фоизи ҳуҷайраҳои лимфотситии баданатон, ки қисми муҳими масуният (иммунитет) мебошад, дар шиками шумо ҷойгир аст. Агар шумо ғизоеро хӯред, ки миқдори зиёди бактерияҳои зарарнок дошта бошад, САҲ ҳаракати сахти мавҷмонандро ба вуҷуд меорад ва қисми зиёди моддаҳои заҳрнокро аз бадани шумо ба воситаи қайкунӣ ё дарунравӣ берун мекунад.
ҲАМКОРИИ ХУБ
Ба назар чунин метобад, ки САҲ пурра мустақил аст, вале он ҳамеша бо мағзи сар
ҳамкорӣ мекунад. Баъзе ҳормонҳо ба майнаи сари мо кай хӯрдан ва чӣ қадар хӯрданро хабар медиҳанд. САҲ бошад, дар назорат кардани онҳо иштирок мекунад. Вақте шумо сер мешавед, ҳуҷайраҳои САҲ ба майнаи сар инро хабар медиҳанд. Агар шумо аз ҳад зиёд хӯред, САҲ метавонад дилбеҳузуриро ба вуҷуд орад.Ҳатто пеш аз хондани ин мақола шумо шояд пай бурда будед, ки байни узвҳои ҳозима ва майнаи сар алоқамандие вуҷуд дорад. Оё шумо аҳамият додаед, ки хӯрокҳои серғизо ба рӯҳияи шумо таъсири хуб мерасонад? Тадқиқотчиён мегӯянд, ки ин ҳамон вақт ба амал меояд, вақте САҲ ба майнаи сари шумо «сигналҳои хурсандӣ» мефиристад ва дар натиҷа реаксияи силсилавӣ ба амал меояду шумо худро беҳтар ҳис мекунед. Шояд аз ҳамин сабаб одамон ҳангоми рӯҳафтода будан ба хӯрдани ғизои табъи дил моиланд. Олимон ин хосияти САҲ-ро барои табобати депрессия истифода бурдан мехоҳанд.
Мисоли дигаре ҳаст, ки алоқамандии байни майнаи сар ва системаи ҳозимаро нишон медиҳад. Баъзан, ҳангоме ки мо ба ҳаяҷон меоем ё асабонӣ мешавем, шикамамон тоб медиҳад. Сабаби ин дар он буда метавонад, ки ҳангоми гирифтори стресс шудани майнаи сарамон, САҲ хунро аз меъда дигар тараф мебарад. Боз як натиҷа ин дилбеҳузурӣ буда метавонад, ки дар вақти стресс майнаи сар САҲ-ро водор мекунад, то ҳаракатҳои мавҷмонанди мушакҳои узвҳои ҳозимаро тағйир диҳад.
Ҳарчанд САҲ-ро баъзан «мағзи сари дуюм» меноманд, он наметавонад ба ҷойи шумо фикр кунад ё қарор барорад. Бо суханони дигар гӯем, САҲ дар асл майнаи сар нест. Вай наметавонад суруд эҷод кунад, суратҳисоби шуморо дар бонк назорат кунад ё вазифаи хонагиатонро иҷро кунад. Ба ин нигоҳ накарда, ин система бо сохти мураккабаш, ки қисми зиёди он шояд ошкор нашудааст, то ҳол олимонро ба ҳайрат меорад. Акнун, вақте ки хӯрок хӯрданӣ мешавед, истода фикр кунед, ки баъд аз истеъмоли хӯрок дар системаи ҳозимаи шумо чӣ тавр кори назоратӣ, маълумот ҷамъ кардану фиристодан, роҳнамоӣ ва ҳамкорӣ рӯй медиҳад.